logo

иҷтимоиёт

ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

Дар Паёми нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  таъкид гашт, ки дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд.

Дар воқеъ, хонандагону донишҷӯёни  имрӯза бояд ба ғайр аз омӯзиши илмҳои барномавӣ мустақилона донишашонро пурра намоянд, аз пешравиҳои илму техникаи муосир огоҳ бошанд. Маҳз низоми кредитии таҳсилот тақозо менамояд, ки онҳо зери роҳбарии устод корҳои мустақилона, реферату эссе нависанд, корҳои эҷодию ихтироъкориро анҷом диҳанд. Барои ин, бо назардошти завқи шогирдон, онҳоро ба маҳфилҳои фанниву эҷодӣ ҷалб кардан манфиатбахш мебошад.
Таҷрибаи илму техникаи олам нишон медиҳад, ки ҳамаи пешравиҳо тавассути хондани китоб  ба даст меоянд. Президенти кишвар дур шудани наврасону ҷавононро   аз китобхонӣ яке аз масъалаҳои нигаронкунанда   арзёбӣ карданд. Таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба  омӯзгорон: “Наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд”, ҳадафи асосии фаъолияти  минбаъдаи соҳаи маориф ва илмро мефаҳмонад. Аз ин рӯ, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас  эълон гардидани солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” такони хубе ҳоҳад шуд.
Ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ, дар рӯҳияи ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад.
- Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад.- таъкид намуданд Пешвои миллат.
Мутахассиси имрӯза танҳо аз манбаъҳои интернетӣ ё электронии иттилоот наметавонад донишу ҷаҳонбинии худро такмил диҳад. Раванди хондани китоб, дубора муроҷиат кардан ба он, навишта гирифтани иқтибос  дар хотираи инсон бештар нақш мебандад. Иқдоми  Президенти Тоҷикистон  дар бораи ҷудо гардидани  маблағҳо   бо мақсади зиёд кардани фонди китоб барои китобхонаҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ  барои ҳалли масъалаи бо китобҳо таъмин будани шогирдон мусоидат хоҳад кард
Барои мо,  устодони донишгоҳ,  Паёми Президенти Тоҷикистон раҳнамоеро мемонад, ки фаъолияти минбаъдаи хешро боз ҳам  такмил диҳем. Ҳоло дар донишгоҳи  мо ба ғайр аз китобхонаи асосӣ, китобхонаи  электронӣ  дар назди факултету кафедраҳо китобхонаҳои хурд  бо китобҳои тахассусӣ ва бадеӣ ташкил шудаанд.  Дар онҳо китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, адибони тоҷик ва хориҷӣ, китобҳои тахассусӣ,  луғатҳо, бастаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ, англисӣ ҷамъ оварда шудаанд.
Гузарондани вохӯриву рӯнамоии китобҳои адибон  дар донишгоҳи мо анъанаи хубест, ки шавқи китобдӯстии шогирдонро  бештар мегардонад.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Маҷлиси Олӣ масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа барои беҳбудии зиндагии мардум, ободии Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Барои амалӣ гаштани дастурҳои   Пешвои миллат бояд ҳар як фарди ҷомеа масъулият ҳис намуда,  барои  шукуфоии Ватан  саҳм гузорад.

Дилором МАҲКАМОВА,
мудири кафедраи рӯзноманигории ДДБ
 ба номи Носири Хусрав


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.01.2020    №: 16    Мутолиа карданд: 265
15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ МАЪРИФАТАФЗО ҶАМЪБАСТ ШУД

БМТ АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД

07.01.2021


ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

ВАРЗИШ

САТҲИ ҶАҲОНИИ ФАҚР БОРИ АВВАЛ ДАР 22 СОЛИ ОХИР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

06.01.2021


ТАҚДИМИ ТЕХНИКА БА КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ ВА ШАҲРИСТОН

СУҒД. 92 ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

ПУТИН ВА МЕРКЕЛ МАСЪАЛАИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 - РО БАРРАСӢ КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

05.01.2021


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

МАЪМУРИЯТИ БАЙДЕН НИЯТИ БО РОССИЯ ДОИР БА ССҲ БА МУВОФИҚА РАСИДАН ДОРАД

WORLD JUDO MASTERS

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «КИТОБИ СОЛ – 2020». ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

04.01.2021


ХОВАЛИНГ БА ҶАШНИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ОМОДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед