logo

иҷтимоиёт

ОИЛА МАСЪУЛИ ТАРБИЯ АСТ

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар замоне ба вуқӯъ пайваст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ба он сахт ниёз дошт. Маҳз талаботи ин қонун имкон фароҳам овард, то баъзе парокандагиҳои ҷойдоштаи иҷтимоии замонро ба эътидол оварем. Зеро бисёр падару модарон солҳо ба остонаи мактаб пой намегузоштанд, ба рафти таълими кӯдак ошно намешуданд. Ин бетафовутӣ нисбат ба фарзанд то ба дараҷае расид, ки бархе аз кӯдакону наврасон соатҳои дарсиро тарк намуда, вақти худро дар интернет – кафеҳо сарфи машғули бозиҳои гуногуни бефоидаю бемақсад мекарданд. Ва ин кор ниҳоят ба зеҳни онҳо таъсири бад расонд. Мутаассифона, пайвастани баъзе аз ҷавононро ба гурӯҳҳои ифротгаро маҳз беаҳамиятии волидон ва дур мондани онҳо аз тарбия буд. 
Қабули қонуни мазкур ва роиҷ гаштани он дигаргуние дар самти таълиму тарбияро ба миён овард, яъне то ҳадде он ҳама бетартибиҳое, ки солҳои қабл бештар дар байни наврасону ҷавонон рух медоданд, аз байн рафт. Акнун мебинем, ки волидон ба мактаб меоянд, аз рафти дарсомӯзии фарзандон мепурсанд, аз сифати таълиму тарбияи онҳо бархӯрдор мегарданд.
Дар кӯчаҳо, махсусан, шабона беҳуда гаштани наврасон камтар ба чашм мерасад.  Падару модарон ҳам дарк намуданд, ки онҳо дар баробари мактаб ва омӯзгорон дар таълиму тарбияи фарзандон бояд масъулият эҳсос намоянд. Таҷриба нишон медиҳад, ки танҳо ҳамон кӯдаконе ба таҳсил эътибори ҷиддӣ дода, соҳиби ахлоқ ва дониши хуб мегарданд, ки зери назорату раҳнамоии ҳамешагии ҳам мактаб ва ҳам волидон қарор доранд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» самараи нек ба бор овард, барои волидон ҳамчун дастуру раҳнамо хизмат карда, онҳоро водор менамояд, ки нисбат ба таълиму тарбияи фарзандон бетафовут набошанд, якҷо бо мактаб ва омӯзгорон дар ин самт саҳм бигиранд. Хуб аст, ки қонуни мазкур нисбат ба волидони бепарвову бемасъулият, барои рафтору амалҳои ношоистаи фарзандонашон муҷозот низ муқаррар кардааст, то ки онҳо ба таҳсил ва ҳам ба рафтору кирдори фарзандон бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.
Ҷиҳати иҷрои талаботи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳар яки мо бояд бо масъулият кӯшиш намоем, зеро, вақте мо дар бораи ояндаи миллату Ватан ҳарф мезанем, мебояд аз ҳамин лаҳзаҳо вақтро зоеъ накарда, дар тарбияю таълими хонандагон талош варзем.

Моҳира ЗИКРИЛЛОЕВА,
омӯзгори гимназияи хусусии ба номи  
Абурайҳони Берунии ноҳияи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.01.2020    №: 16    Мутолиа карданд: 270
22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед