logo

иқтисод

ЗИНДАГИИ ШОИСТА. ДАР ТАМЪМИНИ ОН БЕТАРАФ НАБОШЕМ!

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ ва рушди устувори иқтисоди мамлакат санади муҳим буда, татбиқи амалии саривақтии дастуру ҳидоятҳои  Сарвари давлат аз ҳар як сокини кишвар меҳнати софдилонаву содиқонаро тақозо менамояд.
Яке аз масъалаҳои калидии барномаи сиёсӣ ва стратегияи давлатӣ, ки  Пешвои муаззами миллат ба он таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуданд, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии шоистаи мардум, махсусан рушди деҳот ва ободу зебо кардани кӯчаю маҳаллаҳои аҳолинишин мебошад. Зимни натиҷагирӣ ва пайгирӣ аз фаъолияти солонаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба таври фарогир таъкид гашт, ки саҳмгузории фарзандони бонангу номуси кишвар дар рушди бахшҳои гуногун хоҷагии халқ хеле чашмрас аст ва ба ин нукта таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, иброз доштанд: «Аллакай дар зарфи соли якуми эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар деҳоти мамлакат як қатор пешравиҳо ба назар расида, рушди сайёҳӣ ва омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ идома ёфта истодааст. Бо вуҷуди ин, мо бояд суръати ободонӣ ва бунёдкориро боз ҳам вусъат бахшем, мушкилоти чойдоштаро бартараф созем ва барои рушди деҳот, сайёҳӣ ва тақвияти омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоем».
Иҷрои нишондодҳои Паём ҷиҳати ба як кишвари мутараққӣ ва рақобатпазир табдил ёфтани Тоҷикистони соҳибистиқлол қадами ҷиддӣ хоҳад буд. Сарвари малакат ҳадафи асосии давлат ва Ҳукумати ҷумҳуриро мисли солҳои қаблӣ таъмин намудани шароити хуб ва ҳаёти арзанда барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ арзёбӣ карданд.
Лозим ба ёдоварист, ки ба шарофати ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои миллат дар раванди корҳои ободонӣ ва созандагӣ саҳми фарзандони бонангу номуси кишвар, аз ҷумла соҳибкорон ва афроди саховатпеша торафт меафзояд. Сарвари давлат ба ин нукта таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, иброз доштанд: «Бояд гуфт, ки танҳо дар се соли охир, тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ, дар шаҳру деҳоти кишвар аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва аҳолӣ 1450 километр роҳҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва 108 пул бунёду таҷдид карда шуданд. Чунин корҳо, ки гувоҳи фаъолнокии баланди мардуми кишвар ба хотири ояндаи неки Ватани маҳбубамон ба ҳисоб мераванд, ҳоло бомаром идома доранд».
Чунин афроди некукор дар ҳамаи манотиқи кишвар сарҷамъона кӯшиш доранд, ки дар роҳи ободониву гулгулшукуфии Ватан пайрави арзандаи Пешвои миллат бошанд. Чунки маҳз роҳандозии сиёсати оқилона, иқдоми пешгирифтаи ин марди абарқудрат ва фароҳамсозии шароити мусоиди кору сармоягузорӣ дар кишвар аст, ки онҳо низ дар фазои сулҳу ваҳдат кор карда, тиҷорату фаъолияташон рушду равнақ ёфтааст.
Дар навбати худ ин заҳмату талош ва хизматҳои арзандаи соҳибкорон ва сокинони диёр аз ҷониби Ҳукумати мамлакат мавриди аҳсану қадрдонӣ қарор мегирад. Ин нукта бо изҳори сипос ба мардуми кишвар зикр гашт: «Бо истифода аз фурсат, ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла соҳибкорон ва шахсони ҳимматбаланд, барои корҳои ободонии то имрӯз амаликардаашон бори дигар изҳори сипосу миннатдорӣ менамоям».
Сулҳу субот, гулгулшукуфии кишвар, вусъати корҳои ободониву созандагӣ, таъмини зиндагии шоистаи мардум ва сиёсати оқилонаи дохилию хориҷии мамлакат аз рӯзҳои нахустини давлатдории Пешвои миллат ҳадафи меҳварӣ маҳсуб меёфтанд. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон тамоми саъю талошро баҳри ба сатҳи кишварҳои мутамаддини ҷаҳонӣ расондани ҷумҳурӣ анҷом медиҳанд ва дар ин кор саҳми мардуми шарифи Тоҷикистон низ бисёр бузург хоҳад буд. Мардуми ватандӯсти кишвар аз даъвати Сарвари давлат ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардондани кишварамон ҷонибдорӣ мекунанд ва барои рушди кулли бахшҳои ҳаётан муҳим саҳми худро мегузоранд.
Пайравӣ аз сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллатро  сокинони мамлакат пешаи худ қарор дода, аз он ифтихор мекунанд ва кӯшиш доранд, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва бо дили гарму саршор аз меҳри бепоён, ҳиссаи худро дар пешрафти Ватан гузоранд.

Солеҳа ХОЛМАҲМАДЗОДА,
муовини раиси шаҳри Турсунзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.01.2020    №: 17    Мутолиа карданд: 186
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед