Хабарҳо
Эътилоф амалиёти низомиро дар Ироқ боздошт
REGNUM. «Эътилофи зиддитеррористӣ бо сарварии ИМА амалиёти низомияшро дар Ироқ қатъ намуд», - гуфт намояндаи вижаи амрикоӣ оид ба Сурия Ҷеймс Ҷеффри.
Намояндаи Департаменти давлатӣ оромиро ба он рабт дод, ки бино ба маълумоти ИМА, дар ин минтақа айни замон ҷангиёни гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» он қадар фаъол нестанд.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш ҳукуматдорони Ироқ ҷиҳати аз кишвар баровардани сипоҳи хориҷӣ тасмим гирифта буданд. Аммо эътилоф рафтанӣ нест, чунки «бояд бо терроризм мубориза барад».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1938