logo

порлумон

НОҲИЯИ РАШТ. САБТИ НОМЗАДҲО БА ВАКИЛИИ МАҶЛИСҲОИ МАҲАЛЛӢ ИДОМА ДОРАД

Сокинони ноҳияи Рашт ба  интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва маҷлисҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот омодагии ҳамаҷониба мегиранд.

Тавре Ҳикматулло Мирзоев, раиси комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рашт, зимни суҳбат бо хабарнигори "Ҷумҳурият" иттилоъ дод, корҳои омодагӣ ба интихобот ва пешниҳоди номзадҳои арзанда ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия идома дорад. Комиссияи ноҳиявии интихобот дар ҳайати раис, муовин, котиб ва 6 узви комиссия фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
Дар дафтари кории комиссияи ноҳиявӣ гӯшаҳои интихобот ва иттилоотӣ ташкил карда шудаанд, ки дар он рӯйхати навбатдории аъзои комиссия, харитаи маҳаллии ҷойгиршавии участкаҳои интихоботӣ ва лавҳаи то интихобот чанд рӯз монд овезон карда шудаанд. Дар болои мизи гӯша шумораҳои рӯзномаи "Оинаи Рашт" дар бораи ташкил кардани комиссияи ноҳиявии интихобот, қарорҳои комиссияи ноҳиявии интихобот, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ гузошта шудаанд.
Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рашт бо қарори худ 40 ҳавза ва 65 участкаи интихоботӣ таъсис додааст. 8 январи соли ҷорӣ намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раисони комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавӣ вохӯрӣ гузаронданд. Ҳоло аъзои комиссияи ноҳиявӣ ба нуқтаҳои овоздиҳӣ, яъне ҳавзаю участкаҳо барои назорати доимӣ вобаста гардидаанд.  Шиору овезаҳои зарурӣ ва буклетҳои таблиғотӣ ба нуқтаҳои овоздиҳӣ дастрас шуданд.   
- Айни замон, дар ноҳия ҷараёни пешбарии номзадҳо ба вакилии маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз ҷониби ҳизбҳои сиёсии дар ҳудуди ноҳия фаъолияткунанда, инчунин, ба тариқи худпешбарӣ аз ҷониби шаҳрвандон идома дорад. Сабти номзадҳо аз 25 январ оғоз гардида, то 9 феврал идома хоҳад кард, ки аз ин тартиб тамоми ҳизбҳои сиёсӣ огоҳ мебошанд. Аз 10 феврал номзадҳо ва шахсони боэътимоди онҳо ба роҳандозӣ кардани корҳои таблиғотиашон оғоз менамоянд, - иброз дошт Ҳикматулло Мирзоев.

Худодод ЗАЙНИДДИН,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.01.2020    №: 20    Мутолиа карданд: 126
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед