Хабарҳо
Дар Қазоқистон бо офияти занҳое машғул мешаванд, ки аз Сурия баргаштанд
Regnum.ru. - Ҳама занҳои ба Қазоқистон аз минтақаи фаъолияти террористӣ дар Сурия баргашта, аз мутобиқшавии рӯҳию равонӣ ва иҷтимоӣ мегузаранд, - гуфт вазири иттилоот ва рушди ҷомеаи кишвар Даурен Абаев.
Моҳи ноябр мақомоти вижаи Қазоқистон аз Ироқ 14 кӯдакро оварданд, ки қаблан бо модарони маҳкумшудаашон дар маҳбас буданд. Дар доираи амалиёти «Жусан» ҳукуматдорони қазоқ аз манотиқи даргир 600 нафарро баргардонданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1935