logo

порлумон

БЕТАРАФ НАБОШЕМ! ДАР БОРАИ ИНТИХОБОТ ҲАМЧУН ИФОДАИ ОЛИИ БЕВОСИТАИ ҲОКИМИЯТИ ХАЛҚ

Мусаллам аст, ки интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳо дар моҳи март яке аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ дар соли равон хоҳад буд. Феълан, ҷараёни омодагиҳо ба чорабинии муҳим дар тамоми гӯшаву канори мамлакат бомаром идома доранд.
Бояд гуфт, ки ҳар  иқдоми наҷибу созандае, ки дар ҷумҳурӣ роҳандозӣ мешавад, ба хотири таҳкими пояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлати Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ барои шаҳрвандон ва мустаҳкам намудани ваҳдати миллии тамоми қишрҳо  равона гардидаанд. Яке аз ин маъракаҳои муҳими сиёсӣ интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳо ба ҳисоб меравад, ки дар ҳаёти сиёсии мамлакат тақдирсоз буда, масъулияти ҳар фарди ҷомеаро дучанд месозад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аслан, аз рӯзҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ ҷонибдори бо роҳи демократӣ, озоду шаффоф баргузор намудани интихоботҳо мебошад. Маҳз ба ин хотир, бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 сентябри соли 1999 раъйпурсии умумихалқӣ баргузор гардид ва ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид шуданд. Дар асоси ин тағйиру иловаҳо дар кишвар парламенти касбии доимоамалкунанда таъсис ёфт. Яъне, дар раванди давлатдории демократӣ парламентаризм рушд кард, низоми бисёрҳизбӣ аз лиҳози шумораву сифат ташаккул ёфт ва фаҳмиши мардум нисбат ба интихобот дигаргун гашт. Парлумони сессиявӣ ба парлумони доимоамалкунанда ва касбӣ табдил ёфт.
Ба ҳамагон маълум аст, ки интихобот роҳи аз ҳама беш интишорёфтаи иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятӣ - сиёсии давлат буда, дар ҷомеаи муосир ҳамчун низоми аз ҳама бештар демократии ташаккули сохторҳои роҳбарӣ ва идоракунии давлат ба ҳисоб меравад. Табиист, ки ҳуқуқ ба ширкат дар интихобот, яъне интихоб намудан ва ё интихоб шудан аз ҳуқуқҳои волотарини ҳар як фарди ҷомеа шинохта шудааст. Дар баробари ин, таъмини иштироки фаъоли шаҳрвандон дар интихобот яке аз ҳадафҳои роҳбарияти сиёсии ҳар гуна кишвар мебошад. Бинобар ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ таъкид намуданд: “Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон корро бояд тавре ташкил намояд, ки шаҳрвандон дар ин маъракаи сиёсӣ бо масъулияти баланд иштирок кунанд”. Ҳамзамон, барои дар сатҳи баланд баргузор намудани интихоботи дарпешистода мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор гардиданд, ки дар доираи талаботи қонун ба комиссияҳои интихоботӣ шароити мусоиди корӣ муҳайё созанд.
Мавриди зикр аст, ки интихобот ифодакунандаи нақшу мавқеи ҳар шахс, ҳизбу иттиҳодияи шаҳрвандӣ маҳсуб шуда, рӯҳияву афкори интихобкунандагон ва тамоюли рушду такомули сиёсии ҷомеаро муайян мекунад. Мувофиқи таҷрибаи ҷаҳонӣ, дар замони муосир халқ ба воситаи иштирок дар интихобот ва раъйпурсӣ марому ҳадафҳои худро амалӣ менамояд ва бо ин роҳ дар ҷараёни идоракунии давлат саҳм мегузорад.
Ба таври хулоса гуфтан мумкин аст, ки интихобот на танҳо як раванди маъмулии сиёсӣ, балки ҳамчун василаи муҳими ташаккули ҳокимияти сиёсӣ пазирифта шуда, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ тавонистааст ин рисолати худро ба пуррагӣ иҷро намояд. Фаъолияти озодонаи ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, расонаҳои нашриву электронӣ нишонаи равшани риояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, гуногунандешии сиёсӣ ва баёнгари роҳи демократӣ дар кишвар маҳсуб мешаванд. Танҳо бо баланд бардоштани зиракии сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ, дарки масъулияти баланд, иҷрои қарзи шаҳрвандии худ, яъне ширкати фаъолона  дар маъракаҳои интихоботӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ мо метавонем дар ҳифзи якпорчагии мамлакат ва ваҳдати ҳамагонӣ бештар саҳм гузорем.

Олуфтамо ҒАФФОРОВА,
омӯзгори МТМУ № 49 ноҳияи
Фирдавсии шаҳри Душанбе,
Бахтовар КАРИМЗОДА,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.01.2020    №: 21-22    Мутолиа карданд: 150
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед