logo

иқтисод

ЭЪТИМОД САФИ СОҲИБКОРОНИ ВАТАНДӮСТРО МЕАФЗОЯД

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар муҳимтарин масъалаҳои давлатдориро мавриди баррасӣ қарор доданд. Зикр гардид, ки аз Паёми пешина то ин дам дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат корҳои шоёне ба сомон расонда шудаанд, ки аз далериву ҷонфидоӣ ва худшиносиву ифтихори миллии мардуми Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад.
Зикр шуд, ки танҳо дар се соли охир тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру деҳоти кишвар аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва аҳолӣ 1450 километр роҳҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва 108 пул бунёду таҷдид карда шудаанд. Ҳамчунин, танҳо соли гузашта 32 иншооти иҷтимоӣ бо қариб 10 ҳазор ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкорон ба маблағи 122 миллион сомонӣ бунёд ёфт ва бо саъю кӯшиши онҳо зиёда аз 400 муассисаи фарҳангӣ, 105 беморхонаву дармонгоҳ, 257 маркази саломатӣ ва 467 бунгоҳи тиббӣ бунёд ва таъмиру навсозӣ шуда истодааст.
Таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки соҳибкорон танҳо дар он сурате ба саҳмгузорӣ дар рушди кишвар ҳавасмандӣ зоҳир мекунанд, ки ба Сарвари давлати хеш эътимоди комил дошта, фаъолиятҳои созандаи ӯро ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд, аз имтиёзҳои лозима бархӯрдор бошанд ва итминон ҳосил кунанд, ки тамоми иқдомоти Сарвари давлат ба нафъи онҳо ва мардуми кишвар аст.
Хидматҳои беназири Пешвои муаззами миллат ҷиҳати аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ берун овардани Тоҷикистон, истиқрори сулҳ, таъмини якпорчагӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо кардани кишвар, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва заминаи мусоид фароҳам овардан ба рушди кулли бахшҳои ҳаётан муҳим, воқеан, эътимоду бовари тамоми қишрҳои ҷомеаро ба Пешвои хирадманди хеш рӯзафзун гардонда, эҳсоси ватандориро дар қалби ҳар сокини мамлакат бедор кардааст.
Пешвои миллат дар Паёми хеш аз як марди саховатпешаи Ватан ёдовар шуда гуфтанд: «Масалан, Бобоҷонов Муҳиб - сокини 80 - солаи ноҳияи Рашт якҷо бо фарзандонаш соли гузашта 42 километр ва имсол 16 километр роҳро навсозӣ карда, толори варзиш, пул, чоҳҳои обкашӣ ва чор хонаи истиқоматӣ барои маъюбон ва оилаҳои камбизоат сохта, ҳоло ба масофаи 10 километр хатти оби нӯшокӣ кашида истодааст ва мақсад дорад, ки дар шаҳри Душанбе як корхонаи бузурги нассоҷӣ бунёд намояд».
Соҳибкорони кишвар бо эътимод ба сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат талош доранд, то дар роҳи ободсозиву гулгулшукуфии Ватан пайрави арзандаи Пешвои миллат бошанд. Онҳо медонанд, ки маҳз роҳандозии сиёсати оқилона, иқдомоти пешгирифтаи Ҳукумат ҷиҳати рушди соҳибкорӣ, имтиёзҳои барои пешрафти тиҷорату соҳибкорӣ муайянгардида ва фароҳамсозии шароити мусоиди кору сармоягузорӣ дар кишвар ба равнақи тиҷорату фаъолияташон замина фароҳам овардааст.
Аз ин нигоҳ, саҳмгузории соҳибкорону афроди саховатпеша дар пешрафту ободонии кишвар, бешак, нишони арҷгузории ҷомеа ба Сарвари давлати хеш аст.
Бовар дорем, ки тамоми соҳибкорону тоҷирони Ватани маҳбуб дар ду соли оянда низ, ки марҳилаи омодагӣ ба Ҷашни муқаддаси миллӣ - 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ аст, барои вусъати корҳои ободониву созандагӣ дар кишвар саҳми аз ин ҳам бештар мегузоранд.

Лутфулло НАВРӮЗОВ,
сардори раёсати корҳои дастгоҳи марказии
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.01.2020    №: 21-22    Мутолиа карданд: 154
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед