logo

иҷтимоиёт

МАКТАБСОЗӢ САВОБ ДОРАД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ аз нуктае ёдовар шуданд, ки воқеан, ҳар яки моро ба андеша водор месозад. Пешвои миллат таъкид доштанд: «Мардуми мамлакат барои иҷрои ниёзҳои динии худ дар як муддати кӯтоҳи соҳибистиқлолӣ зиёда аз 5 ҳазор масҷид бунёд карданд. Акнун вақти он расидааст, ки маъракаи бунёди мактабҳо ва боғчаву кӯдакистонҳоро вусъат бахшида, дар ин кори хайр ҳама якҷо саъю талош кунем ва саҳми худро барои ояндаи давлату миллат гузорем, яъне ғами фарзандонамонро хӯрем».
Ҳамагон медонанд, ки баъди дарёфти Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат озодиҳои эътиқодӣ нисбатан бештар шуда, таваҷҷуҳ ба фарҳанги динӣ афзуд. Давлат бисёр монеаҳоеро, ки дар ин роҳ ба вуҷуд омада буданд, аз байн бурд. Қабул гардидани Конститутсия ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», таъсиси сохторҳои давлатии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази исломшиносӣ, ба озодию эътиқоди динии мардум, рушди маърифату фарҳанги исломӣ ва таълими динӣ шароит фароҳам оварда, фаъолияти динҳоро дар ҷумҳурӣ ба танзим даровард. Фаъолияти муассисаҳои динӣ, аз ҷумла масҷидҳо, вусъати нав пайдо карда, миқдори онҳо хеле афзуд.
Албатта, ин нишонаи ободии диёр ва осудагию боло рафтани некуаҳволии мардуми мост.
Савоби мактабсозӣ аз масҷидсозӣ кам нест. Пайғамбари акрам дар ҳадисе мефармояд: «Фарзандони худро гиромӣ доред ва тарбияи хуб кунед, то гуноҳони шумо омурзида шавад». Ҳамчунин, набояд фаромӯш кард, ки беҳтарин сармояи мо ҳамонест, ки дар роҳи илмомӯзии фарзандонамон сарф менамоем.
Пешвои миллат иброз доштанд, ки соли 2019 дар ҷумҳурӣ ба маблағи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супурда шуд. Боварӣ дорем, ки соли 2020 ва солҳои минбаъда ин шумора боз ҳам бештар мешавад ва соҳибкорони саховатманду ватандӯсти мо даъвати Сарвари давлатро бо хушнудӣ пазируфта, бо бунёди мактабҳои замонавӣ дар рушди Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд.
Танҳо он ҷомеае ба пешрафтҳои назаррас ноил мегардад, ки ба тарбияи насли навраси хеш таваҷҷуҳи хосса зоҳир намояд. Аз ин рӯ, Пешвои миллат дар Паём ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, таъкид доштанд: «Роҳбарону масъулони соҳаро зарур аст, ки сатҳу сифати таълимро баланд бардошта, ҷиҳати боло рафтани савияи донишу маърифатнокии хонандагону донишҷӯён тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ намоянд ва ҳамзамон бо ин, ба тарбияи насли наврас диққати бештар дода, барои амалӣ гардидани Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешанд».

Атохӯҷа ИМОМОВ, сархатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Левакант


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.01.2020    №: 23    Мутолиа карданд: 241
21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед