logo

иқтисод

ҲАЛЛИ МУШКИЛ. РОҲҶӮИҲО ВА ТАЛОШҲО ИДОМА ДОРАНД

Посух ба матлаби  “Урметан. Вақте оби полизӣ намерасад...” , ки 17 январи соли 2020 дар Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи “Ҷумҳурият”,   №14 (23 869) нашр шудааст. Матлаби  “Урметан. Вақте оби полизӣ намерасад...” дар  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ  мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифт. Андешаҳои муаллиф дурустанд. Дар ҳақиқат,  ин мушкил чанд сол боз монеаи рушди кишоварзии ноҳия, хусусан, хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти Урметан ва Дар – Дар, шудааст.
Дар матлаб оид ба нарасидани оби полизӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии “Урметан” ва “Лангар” ва танқисӣ кашидани сокинони деҳоти Урметан, Кум ва Хайробод аз паст шудани шиддати қувваи барқ, ҳамзамон,  кашол ёфтани сохтмони зеристгоҳи барқӣ дар деҳаи Урметан сухан меравад.
Бояд зикр намуд, ки пойгоҳи обкашии “Устообид - 1” аз се силсила иборат буда, бо технологияи серхароҷоти даврони шӯравӣ бунёд шудааст. Аз ин рӯ, хароҷоти барқ зиёд мебошад ва боиси афзоиши арзиши аслии маҳсулоти кишоварзӣ мегардад.
Аҳолии деҳоти Урметан ва Дар-Дар аз зеристгоҳи Зарафшони шаҳри Панҷакент бо барқ таъмин карда мешаванд. Бинобар сабаби дароз будани масофаи хати интиқоли барқ зуд-зуд  садамаҳои барқӣ ба вуҷуд омада, боиси аз кор баромадани муҳаррикҳои пойгоҳ мегарданд. Мутахассисони соҳа зимни баррасии ин мушкил  кашидани хати озоди барқ аз зеристгоҳи Зарафшон то пойгоҳи обкашии “Устообид-1” - ро зарур мешуморанд.
Барои беҳтар намудани вазъи таъминот бо  қувваи барқ дар Ҷамоати деҳоти Урметан  шурӯъ аз соли 2013 ҷиҳати бунёди зеристгоҳ бо тавоноии 10 кВт роҳандозии тадбирҳо идома дорад. Аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои бунёди зеристгоҳи мазкур қитъаи замин ҷудо карда, 142 ҳазор сомонӣ маблағ  гирдбаст карда шудааст.
Мутаассифона, бо сабаби аз тарафи ШСХК “Барқи тоҷик” ҷудо нагардидани маблағ барои сохтмони зерпоя ва таҷҳизоти барқии зеристгоҳ мушкилӣ  пеш омадааст. Дар сурати пайдо шудани маблағ барои сохтмон ва  насби таҷҳизоти барқӣ ин мушкилӣ ҳалли худро хоҳад ёфт.
Ҳамзамон,  масъулони соҳа бо мақсади бо оби полизӣ таъмин намудани мавзеъҳои (даштҳои) Амсо, Айн ва Устообид бо мутасаддиёни лоиҳаи “Барқарорсозии системаи обёрӣ ва беҳтаркунии идоракунии онҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон”, ки ҳадафи асосии он зиёд намудани ҳосили зироатҳо тавассути беҳтар намудани низоми обёрӣ, барқарор кардани инфрасохтор ва таҳкими идоракунии иншооти соҳа мебошад, дар иртибот буда, ҷиҳати ҳалли муаммои ҷойдошта корбарӣ намуда истодаанд.
Мутасаддиён ба хулосае омаданд, ки аз сойи Мадм то мавзеъҳои болозикр овардани оби полизӣ тариқи лӯлаҳои  қутрашон 500 мм масъалаи беобиро дар ин мавзеъҳо ҳал хоҳад намуд ва ҷиҳати амалисозии ин ҳадаф корбарӣ ва гуфтугузор бо сохторҳои дахлдори сатҳи ҷумҳуриявӣ идома дорад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамдастӣ бо Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дигар сохторҳои дахлдор  кӯшиш ба харҷ дода истодаанд,   ки мушкилоти ҷойдошта ҳарчи зудтар ҳалли худро пайдо намояд.

С. РАҲМАТЗОДА, 
муовини якуми раиси ноҳияи Айнӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.01.2020    №: 24    Мутолиа карданд: 178
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед