иҷтимоиёт
НОМАИ СИПОСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ АЙНӢ БА "ҶУМҲУРИЯТ"
Мо – як гурӯҳ хонандагони рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз ноҳияи Айнӣ миннатдории худро ба ҳайати эҷодии рӯзнома мерасонем, ки бо пешниҳоди матолиби ҷолиб табъи моро болида месозанд.
Бавижа, ҳар шумораи «Шоми шанбе» - и рӯзномаро бесаброна интизорӣ мекашему на танҳо аз он маълумоти фаровон мегирем, балки дар бозиҳои он фаъолона иштирок менамоем. Аз ҷумла, бо иштирок дар рубрикаи «Интеллект» дониши худро сайқал медиҳем, ки басо хушоянд аст.
Чанде пеш ҳайати рӯзнома бо аҳли адабу зиё ба дидори мо омаданд, ки чорабинӣ ба тантанаи шеъру сухану суруд табдил ёфт. Худ шоҳид будам, ки дар чашмони мардум шуълаи меҳри сухан аланга мезад ва як бори дигар итминон ҳосил кардам, ки ақидаи «Мардум аз рӯзномахонӣ дур шуданд» билкул ғалат аст. Зеро қабл аз чорабинӣ дар толор ҷойи нишаст намонд. Дар ин вохӯрӣ ғолибони рубрикаи «Интеллект» - и рӯзнома дар ноҳия қадр гардида, ба туфайли ин иқдом байни ҳам улфат пайдо кардем. Ниҳоят ба хулосае омадем, ки ба ҳайати эҷодии рӯзнома сипоси худро расонем.
Ман корманди соҳаи барқаму дар зеристгоҳи барқӣ навбатдор меистам. Соатҳои холӣ рӯзнома мехонам. Ҳар шумораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» - ро мутолиа карда, ба ҳалли муаммоҳои рубрикаи «Интеллект» мекӯшам. Бояд бигӯям, ки 3 сол пеш ман дар Россия қарор доштаму ин рубрика нашр мешуд. Худро санҷам гуфта, иштирок кардаму ғайриинтизор ғолиб омадам. Ва ифтихор дорам, ки бо ин рӯзномаи бонуфуз тайи 3 сол аст, ҳамкорӣ мекунам.
Ин ҷо мехоҳам андешаи дигар сокинони ноҳияро низ орам, ки аз ҷониби рӯзнома бо туҳфаҳои пулию молӣ қадр гардиданд.
Субҳия Шоева, омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15 деҳаи Зеробод, бо қаноатмандӣ мегӯяд:
- Дар мактаб матбуоти давриро варақ мезадаму дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» рубрикаи «Интеллект» - ро вохӯрдам. Бароям ҷолиб намуд. Ҷавобашро пайдо ва ба идораи рӯзнома ирсол доштам. Ба ман гуфтанд, ки агар дар давоми моҳ 3 - тои дигар муаммо ёбам, ғолиб мешавам. Чунин кардаму ғолиб омадам.
Ҷоизадори дигар Сомон Ниёзов, санъаткор асту иброз медорад:
- Ба пур кардани сканворду кроссворд шавқи зиёд дорам. Кроссвордеро дар саҳифаи «Шоми шанбе» дида, ғайриихтиёр пур кардам. Ва бо ҳамин «Интеллект» маро ҷазб кард. Пайваста ҷавоб мефиристодам, ки рӯзе занг зада гуфтанд: «Шумо пирӯзед!».
Миннатдории сокинонро як бори дигар ба аҳли эҷоди рӯзнома мерасонам, ки тавассути чунин иқдомҳо шавқи моро ба рӯзномахонӣ зиёд мекунанд. Мо ташнаи чунин дидору вохӯриҳо ва интизори маводу матлабҳои ҷолиби рӯзномаем.
Абдукабир ЗУБАЙДУЛЛОЕВ, сокини ноҳияи Айнӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.02.2020 №: 25 Мутолиа карданд: 214