logo

иқтисод

ҲОФИЗИ ЗАМИНИ ПАДАРОН

Тоҷикистон алҳақ як неъмати худодод, як муъҷизаи табиат, як порча замини биҳишти рӯи Замин аст. Мисли сарзамини мо табиати нотакрор, оби софу зулол, чашмаҳои ширин, кӯҳҳои зебову сарбаланди дорои сарватҳои бои зеризаминӣ дар ягон гӯшаи олам вуҷуд надорад. Пас, месазад, ки бо чунин диёри зебоманзар ифтихор намоем, месазад, ки шукри ҳар пора замину ҳар қатра обаш бикунем ва ин ҳама дороиашро, ки сарчашмаи ҳаёти мост, тозаю озода нигоҳбон бошем.
Эмомалӣ РАҲМОН
Дӯст доштани Замин, ҳар гиёҳу рустании хоки падаронро дар бачагӣ аз пирсолони хизрчеҳраи деҳа омӯхта будам. То ҳанӯз пирамарди кӯзпушти фарзонае пеши назарам намоён аст, ки навбаҳорон аспсавору хурҷини пурбор бо табассуми асроромез аз пеши мо – бачаҳои саргарми бозӣ гузашта, ба самти теппаҳо мерафт ва бегоҳӣ бо хурҷини холӣ бозмегашт. Рафтуомади ҳаррӯзаи пирамард дар замири мо эҳсоси кунҷковиро бедор карду водошт, то аз паяш биравем. Чун ба заминҳои ҳамвори болои теппаҳо расид, пирамард ба хурҷин даст бурда, мушт – мушт хокаеро ба замин пошидан гирифт. Мо ба ҳадафи пирамард ҳеҷ наметавонистем дарбиравем ва кирдори ӯро сеҳрнок мепиндоштем. Яке аз бачаҳои боҷуръат пирамардро водошт, то асрори заҳматҳояшро бозгӯяд: “Бачаҳо, на танҳо шумо дар ҳайратед, ки ин мӯйсафед чӣ кор мекунад дар пуштаву ёлаҳои подачар, ки на замини шахсиаш асту на касе вазифадораш мекунад, то заминҳоро нигоҳубин намояд. Вале, агар мо ғамхори замин набошем, солҳо мегузаранд ва ин талу теппаҳо ба биёбон табдил шуда, чорвои мардум бехӯрока хоҳад монд. Бубинед, заминҳое, ки дар рӯзгори ҷавонии ман, яъне 60 сол пеш, сарсабзу хуррам буду рӯяшонро махмали шабдари (юнучқа) кӯҳӣ, себаргаву дигар гиёҳҳои ширадор мепӯшонд, имрӯз бо рустаниҳои ҳарзаву нодаркори мастакӣ, мӯшхор ва шутурхор фаро гирифта шудаанд. Ин гиёҳҳоро ягон чорво намехӯрад. Решаи онҳо ба зери замин чунон фурӯ рафтааст, ки решакан карданашон ҳам ниҳоят душвор аст. Падарони мо барои нест кардани онҳо аз ҳунару ҳилаҳои бобоӣ кор мегирифтанд. Ман дар фаслҳои тобистону тирамоҳ аз гиёҳҳои хушкидаи юған, шабдар ва монанди он тухмӣ бардошта, дар оғози баҳор ба порчазаминҳои гирифтори алафҳои ҳарза ва аз паёмадҳои боронҳои сел осебдида мепошам. Юған алафҳои ҳарзаро бо шираи тезобдори худ маҳв карда, ба рустану болидани хеш медарояд...».
Сарзамини тоҷикон ба сони он пирамарди даврони наврасии мо аз деҳқонони асил, шахсиятҳои некпай ҳаргиз бенасиб нагаштааст. Чунин шахсиятро одамони боандешаву некбин  дар симои равоншод Нуриддин Раҳмон дидаанд. Ҳар гоҳ роҳатон аз мавзеи Сайёди ноҳияи Данғара  гузарад, ҳатман чашматонро обанбори чун осмон нилуфарии “Норак”  ба худ мекашад ва кас мехоҳад зуд бол бароварда, ба соҳили он фуруд ояд, то каф ба мавҷҳои хунуки он занад. Аммо барои расидан ба он соҳил мебояд аз хами сахраҳо ва пайроҳаҳои душворгузар  поён фаромад ва заҳмати бозгаштро низ набояд фаромӯш кард.
Замоне ин талу теппаҳо соҳиб надоштанд. Рамачарониҳои доимӣ гиёҳу дарахтони нодири онро рӯ ба нестӣ оварда, ҳукми биёбоншавиашонро бароварда буд. Вале  ба бахти он талу теппаҳои гиёҳпарвар Худованд дасти марди деҳқонеро дар симои акаи Нуриддин тавоно сохт, ки васияти падаронро ҳаргиз аз хаёл дур надошта буд ва бо фароҳам омадани  хурдтарин имконият камари хидмат бар миён баста, нахуст давродаври ин заминҳоро аз панҷара девор сохт. Дигар, акнун замини баҳрабахши кӯҳиро рамаҳо лагадмол намекарданд ва пеши роҳи дарахтбурони бепарво гирифта шуд.
Равоншод Нуриддин  Раҳмон корҳоеро ба анҷом расондаанд, ки дар зарфи 15 сол табиати ин мавзеъ аз нав эҳё гардида, намудҳои зиёди  рустаниҳои дар арафаи маҳвшавӣ барқарор карда шуданд. Бо роҳнамоии ӯ тухмии шибит (шунук), зира ва дигар гиёҳҳои самаровару нодирро ҷамъоварӣ намуда, дар заминҳои осебдида пошиданд. Акаи Нуриддин рисолати Бобои Деҳқонро анҷом медоданд ва аз ин заҳматҳо, албатта, барои худ камтарин суде наҷустаанд. Ҳоло низ дару дарвозаи қитъаҳои ин замин барои одамон ҳамеша кушодаанд. Ҷолиб он аст, ки ҷангалбони он мавзеъ дар тафовут бо масъулони дигар ҷангалистонҳо намегузорад, ки рустаниҳоро аз реша берун бикашанд, то онҳо аз бозрӯидан намонанд.
Умр натавонист ба Нуриддин Раҳмон фурсат диҳад, то дарахти  ормонҳои дар дили равшан парвардааш гулафшон шавад. Ин марди кор чунон аз иқдомҳои тоза ба тозаи бародари давлатсози худ рӯҳия мегирифт, ки мекӯшид бо ободкориҳои навин ҳамсафу ҳаммаром буданашро намоён созад... Вале рӯзҳое дар пешанд, ки ормонҳои он шахси арҷгузор ба Замини падарон гул мекунанд, бор меоваранд, самарабахш мегарданд...
Гаҳе гумон мекунам моро падаронамон чунин васият кардаанд: замоне хоҳад расид, ки истиқлолият ба даст меоваред ва он гаҳ талош кунед, ки замини падаронро хор накарда, ҳар ваҷаби онро сабзпӯшу самарабахш намоед. Ҳар гоҳ боғистону гулистонҳо чаманзору киштзорҳои ободу сарсабзи нав ба навро мебинам, бовар мекунам, ки бунёдгарони ин навгониҳо васияти падаронро аз хаёл дур надоштаанд ва онро ба ояндагон хоҳанд расонд.

Зафар МИРЗОЁН, омӯзгори ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.02.2020    №: 25    Мутолиа карданд: 174
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед