logo

иҷтимоиёт

ЗАФАРОБОД. ҲАДАФ - ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ХУДӢ

Соли 2019 барои заҳматкашони ноҳияи Зафаробод бобарор омад: рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ таъмин гардид. Иҷрои дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат, супоришҳои Ҳукумати кишвар ва татбиқи барномаҳои давлатӣ, бавижа  Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020, воқеан ҳам, барои расидан ба ҳадафи олӣ - баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат карданд.

Зафаробод, асосан, ноҳияи кишоварзӣ буда, рушду нумӯи иқтисодиёт ва ҳаллу фасли аксари масоили иҷтимоӣ ба ривоҷу равнақи деҳқонӣ вобастаанд.
- Соҳаи пахтакориро дар ҳаёти мардуми ноҳия метавон чун калиди қуфлкушои ҳамаи масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ маънидод кард. Хушбахтона, ҳоло таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, хосса Президенти  кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба рушди ин соҳаи муҳим – истеҳсоли ашёи барои саноати кишвар гаронбаҳо зиёд аст ва ин моро илҳом мебахшад. Дар мавсими гузашта деҳқонони ноҳия 30 ҳазор тонна пахта истеҳсол намуданд, ки барои панҷ - шаш соли охир натиҷаи баландтарин аст. Солҳои баъдӣ талош хоҳем кард, ки ин рақамро то 40 - 45 ҳазор тонна расонем. Ин беваҷҳ ҳам нест, зеро аз ривоҷу равнақи соҳаи пахтакорӣ  манфиати хуби иқтисодӣ мегирем. Сониян, мусаллам аст, ки афзунбахшии истеҳсоли пахта таконе хоҳад шуд барои саноатикунонӣ, ки ҳоло дар мамлакат ҳадафи чоруми миллӣ эълон шудааст. Имрӯз  аз 18 корхонаи саноатии ноҳия 13 корхона маҳсулоти пахтагӣ, аз ҷумла нах, равғани рустанӣ, чигит, собун, ҷуробу ришта, матоъ, истеҳсол мекунанд. Суръати афзоиши соҳаи саноат дар қиёс ба соли гузашта 102 дарсадро ташкил дод. Ҷиҳати самаранок ва бештар фоидаи иқтисодӣ гирифтан аз пахтакорӣ ва ба ин васила равнақ бахшидани соҳаи саноати сабук дар ояндаи наздик дар ноҳия бо ҷалби сармоягузорони маҳаллӣ ва маблағҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ бунёди коргоҳҳои зиёди хурду миёнаи истеҳсоли ришта, матоъ ва либосҳои тайёр дар назар дошта шудааст. Чанде аз ин корхонаҳо бояд то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд. Бо иҷрои ин амал шароит фароҳам меояд, ки дар ноҳия садҳо ҷойи нави корӣ таъсис дода шавад. Айни ҳол омодагиҳо барои бунёди ду корхонаи ресандагӣ идома доранд. Татбиқи лоиҳаҳои мазкур, бешубҳа, дар ҳаллу фасли яке аз муҳимтарин масъалаҳои иҷтимоӣ - муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ барои ҷавонон мусоидат мекунад, зеро шумораи аҳолии ноҳия ба 80 ҳазор нафар наздик шудааст ва ин вазъ тақозо мекунад, ки бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дошта бошад, - гуфт зимни суҳбат Раҷаббой Ашӯрзода, раиси ноҳия.
Ҳарчанд Зафаробод ноҳияи кишоварзист, мутаассифона, аҳолии худро пурра бо маҳсулоти кишоварзии ғизоӣ таъмин карда наметавонад. Барои дар ояндаи наздик тамоми сол бе мушкилӣ ақаллан бо маҳсулоти нониву ширӣ, гӯшту равған ва меваю сабзавот таъмин кардани аҳолии ноҳия бояд аз ҳоло тадбирҳои зиёди муассир роҳандозӣ карда шаванд. Ҳоло мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии ноҳия ҳалли ин мушкилро  ҳадафи асосӣ қарор додааст. Бо марҳила ба марҳила афзоиш ёфтани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ - пахта, ғалладона, сабзавоту полизӣ, қисман мева ва коркарди ниҳоии онҳо иҷрои ин мақсади наҷиб наздик хоҳад шуд. Аз нишондиҳандаҳои омории соли 2019 бармеояд, ки ҳосилнокии маҳсулоти ғалладона, сабзавоту полизӣ, ҳаҷми истеҳсоли гӯшту шир ва тухм дар қиёс ба солҳои қаблӣ афзун гаштааст. Масалан,  нисбат ба соли пешӣ 1636,3 тонна ғалла, 130,9 тонна дони ҷуворимакка зиёд истеҳсол шудааст. Кишоварзони  ноҳия соли гузашта 1752 тонна картошка, 3653 тонна сабзавот, 20721 тонна полизӣ, 736,5 тонна мева, 56 тонна ангур, 177,5 тонна гӯшт, 673,4 тонна шир, 570,3 ҳазор дона тухм ва зиёда аз 400 тонна равғани рустанӣ истеҳсол карданд, ки дар муқоиса бо соли пешӣ натиҷаҳои назаррас маҳсуб ёфта, аз ҷараёни хуби равнақи соҳаи кишоварзӣ гувоҳӣ медиҳанд.
- Табиист, ки ҷиҳати расидан ба ҳадафи худтаъминсозӣ ҳаҷми истеҳсол ҳанӯз кофӣ нест, аммо кӯшишу талоши заҳматкашони ноҳия гувоҳӣ медиҳад, ки ба амалисозии ин мақсад ноил мегардем, - гуфт Раҷаббой Ашӯрзода.

Ҷовиди АШТӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.02.2020    №: 25    Мутолиа карданд: 214
22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед