logo

илм

Академияи илмҳо: чӣ бояд кард?

Президенти   кишвар  Эмомалӣ  Раҳмон  ҳангоми    вохӯрӣ    бо    кормандони   соҳаи   илм,   фарҳанг,    маориф  (охири   соли гузашта)   аз   норасоиҳои  зиёди    фаъолияти   Академияи  илмҳо   изҳори   нигаронӣ  намуда,  дастур   дод,  ки   тайи   се моҳ    лоиҳаи   ислоҳоти   ҷиддии   соҳа  пешниҳод  карда шавад.
Ва ин муроҷиати аввалини Президент ба роҳбарони академия набуд. Сардори давлат бамаротиб таъкид мекард, ки фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад, он бояд ба талаботу проблемаҳои кишвар пайванди устувор дошта бошад. Аммо ҳар бор роҳбарони академия бо тағйироти хурди ҷузъӣ маҳдуд мегаштанд. Қариб ҳар моҳ дар васоити ахбори омма матлабҳои тунду тези танқидӣ пайдо шуда, норасоиҳои дар кори Академияи илмҳо ҷойдоштаро ошкор месозанд. Роҳбарони Академияи илмҳо бошанд, танқидро чун суиқасд ба обрӯи худ хеле дарднок мепазиранд ва дар ҳимояи худ муаллифони матолиби танқидиро то таъқиби судӣ ба гунаҳгорӣ кашиданӣ ва оромии худро нигаҳдорӣ карданӣ мешаванд. Вале чаро илм карахт бимонад, ончунон ки монда?
Роҳбарони ҳозира аз ёд бурдаанд, ки Академияи илмҳо бо чӣ мушкилиҳо, бо чӣ мақсаду ниятҳои олӣ созмон ёфтааст ва бунёдгузорони ин ниҳоди муқтадир абармардони илми ҷаҳон Б. Ғафуров, С. Айнӣ, С. Умаров, И. Нарзиқулов, Е. Павловский, Н. Маъсумӣ, А. Баҳоуддинов, З. Раҷабов, Ю. Носиров ва бисёр дигарон дар рушду нумӯи илм чӣ корнамоиҳое кардаанд. Беҳтарин олимони Иттиҳоди Шӯравӣ бо роҳбарии президентҳои АИ ИҶШС самтҳои асосии фаъолияти илмиеро, ки ба рушди иқтисоди ҷумҳурӣ мусоидат кунад, муайян сохта буданд.
Ба шарофати суботкории академикҳо Б. Ғафуров, Е. Павловский, К. Саптаев ҳанӯз соли 1951 пажӯҳишгоҳҳои сохтмони ба заминларза тобовар ва тадқиқоти заминларза, кимиё, геология, зоология, паразитология, таърих ва ҳафриёт, забон ва адабиёт ва ғайра ба фаъолият пардохтанд.
Б. Ғафуров ва Е. Павловский тавонистанд марди бузург Садриддини Айниро барои бар дӯш гирифтани масъулияти азими президенти аввалини Академияи фанҳо розӣ кунонанд. Адибони ҷаҳоншумул Мирзои Турсунзода ва Сотими Улуғзода аввалин узвҳои академия буданд.
Фаъолияти густардаи С. Умаров, президенти вақти академия, дар рушди илми тоҷик, ба зинаҳои баланди сифатӣ гом ниҳодани муассисаҳои илмӣ-пажӯҳишӣ аҳамияти бузург дошт. Маҳз бо талошҳои босуботи ӯ Академияи илмҳо дар солҳои 60-ум ба маркази илму техника, фарҳангу маорифи кишвар табдил ёфт. Маҳз дар ҳамин солҳо пойдевори муҳимтарин пажӯҳишҳо, ки барои рушди хоҷагидорӣ, иқтисоду маънавиёти Тоҷикистон аҳамияти бузург доштанд, гузошта шуд. Олимони кишвар дар бунёди сарбанди баланди Норак, таъмини амнияти он ҳангоми заминларза, истифодаи обанбори он барои ба кор андохтани заминҳои ташналаб, рушди пахтакорӣ, боғдорӣ, чорвопарварӣ, бунёди токзорҳои фарохдоман дар паҳноҳои ҷумҳурӣ, иктишофу баҳрабардорӣ аз дороиҳои табиӣ ва дигар соҳаҳои саноату кишоварзӣ фаъолона ширкат кардаанд.
Дар зиндагӣ, такопӯи ҳар ҷомеа ва кишвар лаҳзаҳое фаро мерасанд, ки  бознигарию бозсозии фаъолият ногузир аст.
Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳанӯз бистсола нашуда, мисли ҳама гуна давлати ҷавон, гоҳе бо мушкилӣ, гоҳе ноозмуда, вале сарбаландона гом мениҳад. Устувории гомҳои кишвар ба кори илму олимон ҳам вобастагии қавӣ дорад. Ҷои ниҳондорӣ нест, дар шароити пайдоиши ҳамарӯзаи навгониҳои техникӣ илми мо аз талаботи истеҳсолот, ниёзи кишвар ақиб мемонад. Олимони мо ва дар маҷмӯъ Академияи илмҳо бояд роҳҳои рушду нумӯи кишвар, пешбарии истеҳсолоту хоҷагидориро коркарду пешниҳод созанд, дар ҳалли муҳимтарин мушкилоти саноатӣ, энергетикӣ ва кишоварзӣ пешоҳангу пешбар бошанд. Ва Президенти кишвар ҳам дар назди олимон маҳз чунин вазифа гузошт.
Чӣ бояд кард? Чӣ созем, то арзишҳои бузурги бадастовардаи илмро нигоҳдорӣ кунем ва ба сӯи оянда қадамҳои устувор гузорем? Ҳоло равшан аст, ки тағйироти андак дигар суд намебахшанд. Масъалаҳое, ки барои солҳои 60-70-ум мушкилоти рӯз (актуалӣ) маҳсуб мешуданд, имрӯз ҳам ҳамон гуна боқӣ мондаанд. Барои ҳалли онҳо усулҳои куҳан ба кор намеоянд, акнун технологияи муосиру пешқадам, омӯзиши амиқи таҷрибаю амалия ва дастовардҳои илми ҷаҳонӣ ва кишварҳои рушдкардаи ҷаҳонӣ ногузир аст.
Масалан, барои муайян сохтани ҳолати сейсмикии кишвар солҳои пешӣ даҳҳо ва ҳатто садҳо ихтисосмандони соҳа ва истгоҳҳои зилзиласанҷӣ дар тамоми мавзеъҳои ҷумҳурӣ бо кормандонашон фаъолият мекарданд. Алҳол ин вазифаро гурӯҳи хурди кормандони бахши геофизикаи АИ ва якчанд истгоҳи автоматӣ иҷро мекунанд, нишондодҳо тавассути компютерҳои бо барномаҳои таҳиянамудаи ин гурӯҳ муҷаҳҳаз бо истифода аз нанотехнология коркард мешаванд.
Олимони Академияи илмҳо муваззафанд дар пажӯҳиши ҳама мушкилоте, ки дар  хоҷагидории кишвар сар мезананд, ширкати фаъолона дошта, ба ҳукумат дар кори  бозсозии иқтисод ва боло бурдани некӯаҳволии мардум ёрӣ расонанд. Аммо…  Мавзӯъҳои илмӣ ва самтҳои  тадқиқоти бисёр ниҳодҳои илмӣ ба бознигарию дигарсозӣ ниёз доранд. Бархе аз олимон даҳсолаҳо боз вонамуд месозанд, ки сари мавзӯъҳои муҳимтарин тадқиқот мебаранд, дар асл барои рушди иқтисоди кишвар ҳиссаи воқеӣ надоранд.
Дар Академияи илмҳо садҳо, балки ҳазорон ақлҳои беҳтарини кишвар ҷамъ омадаанд, равшанфикрони беҳтарине, ки Сардори давлат аз онҳо тақозои пешниҳодҳои бунёдии беҳсозии иқтисоди кишварро дорад. Шолиро аз курмак тоза кардан даркор. Бигузор олими дилсӯз, ҷавҳаршинос дар ин самт фаъолият барад. Солҳои тӯлонӣ фақат ба кори  назариявии бенатиҷа машғул будан чӣ маънӣ дорад?
Академияи илмҳо ниҳодест ногузир барои кишвар. Онро барои фаъолияти бебоздеҳаш бояд танқид кард, аммо  онро бозсозӣ ва куллан дигаргун сохтан, ҷиддӣ талаб намудани натиҷаю боздеҳ  заруртар  аз он аст. Академияи илмҳо бояд бошад ва нафъи худро дар пешравии кишвар гузорад. Вой бар ҳоли миллате, ки барои нигоҳдории арзишҳои илмию фарҳангии худ пофишорию талош намесозад, ба рӯйдодҳои навини илму технологияи ҷаҳонӣ лавандона аз паси панҷа менигарад. Чунин миллат пасгому нодор хоҳад буд.
Мардуме, ки ба ҷаҳониён Рӯдакию ибни Синою Айниро бахшидааст, набояд дар сафи қафомондагон бошад. Миллате, ки дорои сарватҳои бузурги зеҳнист, бояд аз он ки ҷумҳуриашро кишвари мардумони нодор номанд, ор кунад ва  ба нанг ояд.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар,соли 2010-ро Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълом дошт. Соли 2011 60-умин солгарди созмонёбии Академияи илмҳо ҷашн гирифта мешавад. Ва академия ба ҷашни худ бояд чун ниҳоди саропо наву ҷавон, сазовор, ба ҳалли мушкилоти муҳимтарини илму фарҳанг омода ҳозир шавад.
Сохтори академия бояд ҳамеша навгонипазир, пешрав, ҷӯё ва вобаста ба ҳалли мушкилиҳои пешомад тағйирпазир бошад. Ба фикри ман, ҳангоми гузаронидани ислоҳоти ҷиддӣ ба пешниҳоду тавсияҳои зерин таваҷҷӯҳ кардан даркор аст:
1. Ихтисори ҳайати президиуми АИ. Ба ин ҳайат якчанд нафар - президент, ноиби президент ва академик - котибон шомил бошанд, кифоя аст.
2. Аз шӯъбаҳое, ки тавони ҳалли масъалаи молиявии худро надоранд ва фаъолияташон бо тавсиядиҳӣ маҳдуд мешавад, то 2-3 узв ихтисор карда шавад. Академик- котиб бояд вазифаи ҷамъиятӣ бошад. Ҳар сол яке аз директорон бояд вазифаҳои академик - котибро иҷро намояд.
3. Дар назди президиум ҳайатҳои муваққатии ҳалли мушкилиҳои актуалии илм созмон дода шаванд. Ҳайатҳои муваққатӣ пас аз ҳалли мушкилот барҳам дода мешаванд.
4. Мушкилоти илмие, ки пажӯҳишгоҳҳои демографӣ ва астрофизикӣ тадқиқ мекунанд, барои Тоҷикистон актуалӣ нестанд. Пажӯҳишгоҳи демографӣ бояд ихтисор  гардад ё ҳамчун озмоишгоҳ ба ихтиёри пажӯҳишгоҳи иқтисодӣ дода шавад. Пажӯҳишгоҳи астрофизикӣ, амалан, бо иттиҳодия ва ширкатҳои бузурги байналмилалӣ, ки бо технологияи навтарин муҷаҳҳазанд, рақобат карда наметавонад. Дар робита бо густариши фарогири пажӯҳиши астрономӣ, тадқиқоти  муштараки   ниҳодҳои ИМА ва Федератсияи Русия бисёр масоили илмӣ  бо истифода аз таҷҳизоти навтарини техникӣ ва усулҳои навтарин мавриди тадқиқоти байналмилалӣ қарор ёфтаанд. Ҳамкории Пажӯҳишгоҳи астрофизикӣ ба ҳайси шӯъба бо муассисаҳои маълумоти олии кишвар ба мақсад мувофиқ аст.
5. Пажӯҳишгоҳи мушкилоти об, энергетика ва муҳити зист, тавре аз номаш бармеояд, се мушкили асосии кишварро мавриди тадқиқ қарор медиҳад. Ҳалли ин мушкилот барои ҷумҳурӣ ниҳоят зарур аст. Аммо оё чунин ниҳоди кӯчак бо шумораи ками ихтисосмандон, таҷҳизот ва майдонҳои озмоишӣ ба ҳалли чунин мушкилоти бузург қодир аст? Ҳангоми сохтмони  НБО-и Норак беҳтарин сарватҳои зеҳнӣ ва пажӯҳишгоҳҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ҷалб карда шуда буданд. Аммо пазируфтани пешниҳоди корманди дар доираҳои фарохи илмӣ обрӯи кофӣ надошта оё мумкин аст? Ин пажӯҳишгоҳ барои намоиш бунёд гардидааст ва тавони ҳалли мушкилоти ҷиддиро надорад. Вазифаҳои ин пажӯҳишгоҳро ҳайати илмии муваққатие, ки бо ҷалби мутахассисони салоҳиятдори АИ ва дигар муассисаҳои таълимоти олӣ созмон меёбад, бояд иҷро кунад. Пажӯҳишгоҳ лоиқи ихтисор аст.
6. Дар ҳар пажӯҳишгоҳ озмоишгоҳ ва шӯъбаҳои бесамар мавҷуданд ва танҳо мансубияти онҳо ба олимони унвонҳои баланддошта боиси мавҷудияташон аст. Ихтисори онҳо ба пешравии кори дигар озмоишгоҳҳо мусоидат мекунад.
7. Пажӯҳишгоҳи геологӣ бояд дар ҳамкории зич бо сарраёсати геология фаъолият кунад. Пажӯҳишгоҳи кимиё муваззаф аст дастовардҳои навтарини техника ва технологияро дар кору тадқиқоти худ истифода намояд, дар асоси нанотехнология масолеҳи тоза ба тоза ба даст оварда, онро барои рушди иқтисод истифода барад. Пажӯҳишгоҳҳои математика ва маркази ҳисоббарорӣ бояд барои равандҳои дар бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ истифодашаванда ва истифодаи технология дар соҳаи саноат модулҳои математикӣ ва  барномаҳои компютерӣ таҳия намоянд.
8.  Агентии энергияи ҳастаии мавҷударо бояд ба Пажӯҳишгоҳи физикӣ-техникии ба номи С. Умаров, ки тадқиқоти асосии равандҳои ҳастаӣ дар он ҷо мегузаранд, тобеъ гардонд.
9. Маоши академикҳо ва аъзо-корреспондентҳоро ихтисор намудан зарур аст. Олим бояд барои донишу заҳмати худ музд ҳосил кунад, на барои унвон аз хазинаи Президенти кишвар.
10.  Ҳайат ва роҳбарияти Маркази байналмилалии илмию техникӣ бознигарӣ карда, ин ниҳод ба президенти Академияи илмҳо тобеъ гардонида шавад.
11.  Ҳайати аъзои академия васеъ ва нависандагон, оҳангсозон, рассомон, меъмороне, ки дар рушди фарҳанг, адабиёт, санъат ҳиссаи арзанда доранд, ба Академикӣ қабул карда шаванд. Ҷаласаи умумии академия бояд маҳфили тамоми зиёиёни кишвар бошад. Тасмимҳои онро бояд арбобони илму маориф, фарҳанг, адабиёт ва санъат бипазиранд.
Тамоми мушкилоту проблемаҳои асосии кишвар бояд дар Академияи илмҳо ҳаллу фасл шаванд. Президент ва Ҳукумати кишвар муваззафанд ҳангоми ҳалли масоили на танҳо илм, балки фарҳанг, адабиёт ва санъат андешаҳои аъзои академияро ба эътибор гиранд.
Ҳамин тарз, Академияи илмҳо бояд самтҳои асосии рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварро  муттаҳид сохта, дар назди Президенти кишвар созмони муҳим бошад.

Ҷонон Икромӣ,
доктори илми кимиё,
корманди Академияи
илмҳои ҷумҳурӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 952

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед