logo

Хабарҳо

Ҷаласаи ҷамъбастии даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид

Дар Вазорати мудофиа таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ҷаласаи ҷамъбастии даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2019 баргузор гашт.
Азим Иброҳим зикр намуд, ки  бо вуҷуди  пеш аз муҳлат иҷро шудани даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, усул, тарз ва сифати корҳои анҷомдода ба талабот ҷавобгӯ набуд. Аз ин лиҳоз, фаъолияти комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо дар ин давра ғайриқаноатбахш арзёбӣ гардид.
Дар иртибот ба ин, бо сабаби камбудиҳои ҷиддӣ 6 комиссари ҳарбӣ аз вазифа озод гашта, комиссарони ҳарбии шаҳри Хуҷанд, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, сардорони шуъбаҳои даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Кӯшониён, Ваҳдат, Ҳисор ва Рӯдакӣ ҷазоҳои интизомӣ гирифтанд.
Супориш дода шуд, ки бинобар роҳ додан ба баъзе  камбудиҳо дар рафти маъракаи даъвати тирамоҳӣ нисбат ба комиссарони ҳарбии шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Конибодом, Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор, Ҷайҳун, Абдураҳмони Ҷомӣ, Қубодиён, Кӯлоб, Ҳисор, Варзоб, Истаравшан, Турсунзода, Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш, Нуробод, Сино, Фирдавсӣ ва Исмоили Сомонӣ  чораҳои  дахлдор андешида шаванд.
Азим Иброҳим аз фаъолияти комиссияҳои тиббӣ низ эродҳои ҷиддӣ гирифта, бо тарзи иҳотагирӣ (облава)  ҷалб намудани ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун як амали номатлуб  номид.
Чуноне  таъкид шуд, мояи ифтихор аст, ки қишре аз ҷавонони бонангу номус ихтиёрӣ ба хизмати Ватан мераванд ва сол ба сол ин тамоюл меафзояд.
Зикр гардид, ки аз ҷониби Вазорати мудофиа лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумӣ ва хизмати ҳарбӣ»  дар таҳрири нав таҳия гардида, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба вазорату идораҳои дахлдор  ирсол шудааст.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 502
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед