logo

сиёсат

ТАЪЙИНОТИ КАДРӢ ДАР МАҚОМОТИ СУДӢ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки ба вазифаҳои раисони суд, муовинони раисони суд, судяҳои суди шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъйин гардиданд, мулоқот намуданд.
Аз 153 нафаре, ки ба вазифаҳои масъули ин шохаи ҳокимияти давлатӣ таъйин гардид, 58 нафараш баъди таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат тариқи озмун ба маркази таълимии назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун судя - коромӯз ба таҳсили яксола фаро гирифта шуда, бори нахуст ба вазифаи судя дар судҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъйин гашт.
Дар ҷараёни суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз волоияти қонун, мубориза бар зидди амалҳои дорои хусусиятҳои коррупсионӣ, инчунин, шаффофият, баррасии одилона ва таъмини адолату ҳақиқат зимни баррасии парвандаҳо сухан ронда, аз кадрҳои ҷавоне, ки акнун ба системаи мақомоти судӣ ба фаъолият оғоз карданд, ба омӯзиши боз ҳам дақиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ва дар истеҳсолот сайқал додани донишҳои назариявии худ даъват намуданд.
Пешвои миллат аз ёриву ғамхорӣ нисбат ба мутахассисони ҷавон, тарбия, ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, бунёди садҳо бинову иншооти соҳавӣ дар шаҳру навоҳии мамлакат ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ минбаъд низ барои беҳбудии шароити кору зиндагии кормандони мақомоти судии мамлакат тадбирҳои зарурӣ меандешад.
«Мо дар замони соҳибистиқлолӣ баҳри таъмини фаъолияти шаффофу мустақилияти судҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба мутобиқати қонунгузорӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва талаботи замон тағйиру иловаҳо ворид намуда, ислоҳоти соҳаро давра ба давра амалӣ намуда истодаем», - таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Судяҳо ҳамчун намояндаи босалоҳияти давлат дар ҷодаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бояд одоби касбиро риоя намуда, вазифаи бошарафи судягиро бо фарҳанг ва масъулияти баланд амалӣ созанд, - таъкид гардид зимни суҳбат.
«Ба ҷиноятҳои коррупсионӣ даст задани судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо камбудии аз ҳама ҷиддӣ ва ташвишовар дар фаъолияти мақомоти судӣ мебошад», - таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Сарвари давлат иброз доштанд, ки роҳбарияти Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ вазифадоранд, ки бо мақсади интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо ва тоза намудани мақомоти судӣ аз шахсони тасодуфӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Дар фарҷоми мулоқот ба ҳамаи кадрҳои таъйингардида дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ муваффақият орзу намуда, хизмат ба халқу Ватан ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои ҳар як шаҳрвандро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи онҳо арзёбӣ карданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.02.2020    №: 29    Мутолиа карданд: 801
26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

10.11.2021


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Россия

ҶАЛАСАИ САЙЁРИ РУШДИ МАҲАЛ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед