logo

порлумон

БОХТАР БА ИНТИХОБОТ ОМОДААСТ

Амонулло Ашӯрзода, раиси ҳавзаи интихоботии Бохтар - 26 оид  ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз медорад, ки аз лиҳози омодагӣ ин маъракаи муҳими сиёсӣ аз интихоботҳои қаблан баргузоргардида бартарӣ дорад.

Ба гуфтаи ӯ, дар баробари омодагӣ ба таъмини шароитҳои баргузории интихобот ва муҳайё намудани шиору овезаҳо, инчунин, 10 номгӯй санадҳои ҳуқуқӣ дар ҳавзаҳои интихоботии шаҳри Бохтар тақсим карда шуданд. Бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳ ва фаъолгардонии тамоми қишрҳои ҷомеа ба ин маъракаи сиёсӣ як зумра иқдомҳо амалӣ гаштанд. Ба хотири фаҳмондадиҳии сокинон аз тартиби кории интихобот ва таъмини имкони раъйдиҳии шаҳрвандони имконияташон маҳдуд аз ҳисоби ҷавонону донишҷӯёни фаъоли шаҳри Бохтар 86 ихтиёрӣ даъват гардид. Онҳо дар ҳайяти гурӯҳҳои корӣ ба сифати тарҷумони участкаҳои интихоботӣ барои мушоҳидони байналмилалӣ низ  хизмат хоҳанд намуд.
Ҳавзаи интихоботии Бохтар - 26 аз бузургтарин ҳавзаи интихоботӣ мебошад, ки аз 71 участка иборат буда, аз ин 16 участка дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён, 17 участкаи интихоботии он дар шаҳри Левакант ва 38 участка дар шаҳри Бохтар ҷойгиранд. То имрӯз аз ҷониби комиссияи ҳавзаи интихоботии Бохтар - 26 номзадии 5 нафар намояндаи ҳизбҳои сиёсии кишвар  ба вакилии Маҷлиси намояндагони МО ҶТ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин, то 3 феврал ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои мазкур Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ номзадҳои худро пешниҳод карданд.
Ба гуфтаи Амонулло Ашӯрзода, корҳои таблиғотӣ бобати ҷалби таваҷҷуҳи интихобкунандагон тариқи ВАО низ хуб ба роҳ монда шуда, интихобкунандагон оид ба суроғаи ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ маълумоти кофӣ пайдо намудаанд.  Бобати оғози муаррифии номзадҳо ба вакилӣ бо намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳои худпешбар суҳбатҳо гузаронда шуданд.
 - Инчунин, то имрӯз 27 муроҷиати сокинонро вобаста ба масоили гуногуни интихобот ба қайд гирифтем, ки иддае қабл аз рӯзи баргузории ин маъракаи сиёсӣ сафар дошта, қисми дигар ба суолҳои гуногуни худ посух пайдо карданд,- гуфт А. Ашӯрзода.

Анвар ҲАФИЗ,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.02.2020    №: 29    Мутолиа карданд: 125
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед