logo

иқтисод

ПАЁМ АЗ СОЛИ НУР

Баробари ҳама музаффарияту пешрафтҳо ва фаротарравиву пешгомиҳои кишвари азизи мо, ҳамчунин, ташаббускории Пешвои  муаззами миллат дар тадбирҳои ҷаҳонӣ, андешаҳои ҷаҳонсозе барои ҳаллу фасли муаммоҳои мардумони олам низ эҳсоси ифтихормандиро дар ниҳоди тоҷикон афзуд. Барои мо соли гузашта - соли рӯшанӣ буд, чун ҳамагӣ дар қаламрави нури «Роғун» будем. Ҷодаи давлати ҷавони тоҷикон ба самти истиқлолияти моддиву маънавӣ дар ин фархундарӯзгор барои ҳамеша рӯшан шуд, ки минбаъд комгориву саодат дар ин партав, дар ин пойгоҳи қадими тамаддун бештару пештар  намоён хоҳад гашт, зеро табиист, ки барои ҳаракат нахуст рӯшанӣ лозим аст. Ҷаҳон иқтидори барқии Ватани моро кашф кард, ки ин натиҷаи кори посдорони ростини кишвари тоҷикон буд ва шаҳодати вофир аз тозакориҳои иқтисодӣ.
Барномаҳои созандаи Пешвои миллат, ки муҳимтарини онҳо ҳамасола дар паёмҳои фардоофарин ва чароғафрӯзи сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонии Тоҷикистон муҷассам мегарданд, имкон фароҳам оварданд, ки дар навбати аввал дар Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне 9 сентябри соли 2019, чархаи дувуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” - иншооти бузурги асри ХХI, ки танҳову танҳо бо иқтидори миллии мо бунёд гардид, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Пешвои миллат дар Паёми навбатии хеш ба мардуми худ пайғоме расонданд, ки баробари ба поён расидани сохтмони ин иншооти аср, ки «Кохи нур» унвон гирифтааст, Тоҷикистони азизи мо ба шумори се кишвари бузурги истеҳсолкунандаи неруи маъруф ба “энергияи сабз” ва барқи аз лиҳози экологӣ тозатарин дар ҷаҳон ворид хоҳад гардид.  Ин ба он маъност, ки маҳдудаҳои барқӣ поён ёфта, зуҳури хати чароғонии зиндагонии мардум, субҳи ҳамешагии хиёбону гулгаштҳо то дуртарин нуқот ва хилваттарин гӯшаҳои русто паём мерасонад,
Шинохти истиқлол, ки воқеан, мафҳуми хуҷаставу муборак аст, танҳо аз роҳи расидан ба марзҳои сиёсии он имконпазир наметавонад бошад, яъне камоли он дар  паҳлуҳои дигари зиндагии ҷомеаи кунунӣ муайян мешавад. Маърифат ва дарки дурусти ҳақиқати ҳамин амр буд, ки Пешвои миллат  се ҳадафи бузурги созандагиро  барои  кишвари  мо таъйин намуданд, ки, зимнан, ҳар се пояҳои муҳим ва рукнҳои асили таҳкими истиқлолияти миллӣ маҳсуб мешаванд. Бунёди Неругоҳи барқи обии “Роғун” моро ба сарҳади яке аз ҳамин ҷодаҳои мақсадбаранда ва пайвандгари истиқлоли миллӣ - истиқлолияти энергетикӣ расонд. Сохтмони нақбу роҳҳо, ки ҷодаи қадимии абрешимро аз марзи Исфара то Хуҷанду Зарафшону Душанбеву Хатлону Бадахшон дигарбора эҳё намуд, моро ба ваҳдати воқеии ҷуғрофиёӣ расонд. Ба таъбири дигар, Пешвои миллат ҳамчун бунёдгари ваҳдат моро на танҳо аз диди сиёсиву иқтисодӣ ва маънавӣ ба самти ваҳдати миллӣ мебаранд, балки дар партави ин паёмҳои фардосоз Тоҷикистон - сарзамини тақдиршудаи мо ҳам дар заминаи таъмини истиқлолияти коммуникатсионӣ камол ёфт. Эҳёи қитъаҳои Роҳи бузурги Абрешим, баробари исботи меросбари ин унсури тамаддуни ҷаҳонӣ будани Тоҷикистону тоҷикон, имкон дод, ки ҷаҳон дубора рӯ ба кишвари мо оварад ва аз Саразми 5500 - сола ба унвони нишона ва мероси бузурги  тамаддуни олам дар партави иқдомоти Пешвои миллат дар самти эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ шарҳ диҳад. Бале, ҷаҳониён чи ба унвони коршиносону донишварону муаррихон ва чи ба ҳукми сайёҳон ба Тоҷикистон омаданд, то мероси маънавии ин миллати тамаддунсозро бинанду бишносанд, аз вуҷуди пораҳои куҳану нодири тамаддуни ориёӣ, забон ва фарҳанги суғдӣ, лаъли Бадахшон, манзараҳои Хуталони куҳан ва Рашти зебо огоҳ бошанд. Ин ҳама, самара ва ҳосили эълони сесолаи рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумист, ки асари онро мо дар қаламрави соли нур борҳо ҷилвагар дидем. Баргузории Ҳамоиши байналмилалии пажӯҳиши тамаддуни бостон бо ҳузури Пешвои миллат, инчунин, ширкати донишварону олимони саросари олам, ки ба айёми таҷлили Ҷашни Меҳргон ҳамрадиф омад, имконият фароҳам овард, ки бо роҳи шинохти нави хеш донишварони дунёи муосир ба хулосае оянд, ки дар ҳеҷ як кишвари олам тантанаи ҷашну оинҳои бостонии Наврӯзу Меҳргону Сада ба ҳадде нест, ки дар Тоҷикистон имрӯз эҳё ва ҷараён дорад.  Аз ин ҷост, ки Тоҷикистонро меросбари воқеии ин ҷашнҳои таърихӣ донистанду шинохтанду эътироф намуданд. Ва андешаи одилонае низ тарҳрезӣ шуд : Душанбе сазовори он аст, ки донишгоҳи ҷаҳонии Куруш ва Фарҳангсарои ориёӣ дар канори он қад афрозад, чун ин шаҳри зеборо имрӯзҳо дар кишварҳои мутараққие чун Амрико ҳамчун даҳумин кишвари осудаи барои сайёҳӣ мусоид, тарғибу эътироф мекунанд.     
Ҷашнҳое чун 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, солгарди Ваҳдати миллӣ , 5500 - солагии Саразми бостонӣ ва бузургдошти 700 - солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ силсилаи рӯзҳои пурнишоти саодатофарини тоҷикон хоҳанд шуд, ки маҳз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро тарҳрезӣ кардаву ба мардум паёми омаданашонро расондааст . 
Пешвои миллат ҳамеша ба мо дарси шинохти истиқлолияти маънавӣ медиҳанд, то ба қадри арзишҳои миллӣ бирасем, худро ба кӯи асли хеш бибарем, бо он масире, ки  бузургони мо гузар карданд. Аз ин ҷост, ки дар Паёми худ китобхонаву китобдориро ба унвони суннати барҷастаи тоҷикон арҷ гузоштанду бо эълони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” чароғи илм, шеъру адабро дар дили наслҳои нав барафрӯхтанд. Ташаббуси беназири Пешвои миллат - тақдими китоби  “Тоҷикон” - и Бобоҷон Ғафуров барои тамоми мардуми кишвари хеш, барои ҳар хонавода далели рӯшани муҳаббату самимияти Сарвари муаззами кишвар аст. Ба таъбири худи Пешвои миллат  “Тоҷикон” сарчашмаи худшиносии миллии мост. 
Мутмаинем, ки таҷаллии офтоби муҳаббати Пешвои миллат дар тоқи Ватан ва қадамҳои устувору бебозгашти миллати тамаддунофарини тоҷик дар рӯшноии он,  шукӯҳу азамати ҷаҳонии Саразм, фархундагии Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ ва фонуси раҳкушои Хоҷа Камол дар ҷодаи адаб  то ҳамеша муқаддас  мемонанд.

Гулноз ТОҲИРИЁН, шоир  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.02.2020    №: 30    Мутолиа карданд: 779
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед