logo

порлумон

ИНТИХОБОТ ВА РАВАНДҲОИ МУҲИМИ СИЁСӢ

Дар шароити муосир яке аз марҳилаҳои муҳим барои ҷомеаи шаҳрвандӣ  ин давраи интихобот ба ҳисоб меравад. Он ҷараёни равандҳои сиёсиро метезонад. Ҳамчунин, интихобот яке аз воситаҳои асосии рушду инкишофи ҷомеа маҳсуб ёфта, дар раванди амалишавии нияту ормонҳои мардум саҳм мегузорад. Одамон маҳз тавассути интихобот метавонанд, ки роҳи ояндаи инкишофи худро муайян намоянд. 

Раванди интихоботӣ яке аз масъалаҳои муҳим барои ҷомеаи муосир ба ҳисоб рафта, дар шароити кунунӣ кишвареро пайдо кардан ғайриимкон аст, ки аз он истифода нанамояд. Қатъи назар, аз сохти сиёсиашон кишварҳои гуногуни олам аз раванди интихоботӣ ба таври васеъ истифода менамоянд ва онро яке аз унсурҳои асосии инкишофи худ медонанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, ки имрӯз кӯшиши сохтани ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократиро дорад, барои боз ҳам мустаҳкам намудани пояҳои устувори давлатдорӣ аз раванди интихоботӣ  ба таври васеъ истфода менамояд. Маҳз интихоби дурусти интихобкунандагон метавонад, ки боиси рушди минбаъдаи ҷомеа ва сатҳи беҳтари зиндагии мардум гардад.
Бояд қайд намуд, ки интихобот яке аз ҷузъҳои асосии системаи сиёсӣ маҳсуб меёбад. Мавҷуд будани интихоботи озод, баробар, пинҳонӣ ва бевосита метавонад иштироки фаъоли мардумро дар раванди қабули қарорҳои муҳим таъмин намояд.  Одамон дар интихобот иштирок намуда, бо ин роҳ ояндаи худро интихоб мекунанд. Аслан, ҳангоми интихобот ба одамон набояд чизе ва ё касе бо ягон воситае таъсир расонад.  Яъне, ҳар як шахсро мебояд, ки интихоби дурусту оқилона намояд, ки ин барои кулли ҷомеа метавонад таъсир расонад.
Маълум аст, ки дар замони ҳозира барои гузарондани интихобот нақши асосиро ҳизбҳои сиёсӣ мебозанд. Раванди фаъолияти институтҳои сиёсӣ маҳз дар давраҳои интихоботӣ хеле тезутунд мегарданд. Ҳар як ҳизб барои соҳиб шудан ба миқдори зиёди овозҳо талош меварзад. Дар барномаҳои пешазинтихоботии аҳзоби сиёсӣ бояд, пеш аз ҳама, манфиату талаботи одамони касбу кори гуногун ба инобат гирифта шавад.
Дар ин давра, гурӯҳҳои ташаббускору фаъолон бояд ба тарғибу ташвиқи ғояҳои асосии барномавии хеш такя намуда, аз таърифу тавсифи аз ҳад зиёди номзадҳо даст кашанд.  Дар мо ба ҳукми анъана даромадааст, ки дар маъракаҳои пешазинтихоботӣ номзадҳо ба мардум ҳар гуна ваъдаҳо диҳанд, аммо таҷриба нишон медиҳад, ки пас аз интихоб шудан, аксарияти онҳо ваъдаҳояшонро фаромӯш месозанд. Масалан, дар давраҳои пешазинтихоботӣ номзадҳо борҳо бо шаҳрвандон вомехӯранд ва роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷомеаро пешниҳод менамоянд, аммо аз чӣ сабаб бошад, ки пас аз интихоб шудан, ваъдаҳояшонро зуд фаромӯш месозанд.
Имрӯзҳо мо дар марҳилаи ниҳоят ҳасос,  яъне дар арафаи интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагон ва вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ қарор дорем. Мардуми тоҷикро мебояд, ки бо азми дурусту иродаи қавӣ вакилони кордону боваринокро интихоб намоянд, вакилоне, ки тавонанд талаботи тамоми шаҳрвандонро қонеъ созанд.
Сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аст, ки Тоҷикистонро имрӯз аксари давлатҳои ҷаҳон ба расмият шинохтаанд. Маҳз Пешвои миллат тавонистанд, ки оташи ҷанги бародаркушро хомӯш намоянд ва ливои ваҳдату ягонагиро дар Тоҷикистон парафшон созанд. Бо азми қавии ин абармард имрӯз мо шаҳрвандон имкон пайдо намудаем, ки дар ҳавои ободу осудаи кишварамон сарбаландона зиндагӣ намоем.
Бо назардошти ин ҳама, ҳар яки моро мебояд, ки хулосаҳои дақиқу лозимӣ барорем ва ба интихоби вакилони мардумӣ ҷиддӣ муносибат намоем. Зеро тақдири ҳар миллат ба интихоби он вобастагии зич дорад. Ҳар яки мо бояд кӯшиш намоем, ки бо донишу малакаи худ дар эъмори ҷомеаи мутамаддини демократию ҳуқуқбунёд саҳм гузорем ва баҳри боз ҳам гулгулшукуфон гардидани Тоҷикистони маҳбубамон ҷаҳд намоем.

Ф. ЯЪҚУБЗОДА,
устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.02.2020    №: 30    Мутолиа карданд: 162
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед