logo

иҷтимоиёт

САНГВОР. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Дар доираи амалӣ намудани дастуру супоришҳое, ки аз Паёми навбатии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, дар ноҳияи Сангвор гурӯҳи корӣ дар ҳайати раиси ноҳия, прокурор, раиси суд, сардори шуъбаи корҳои дохила, намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, васоити ахбори омма мулоқоту вохӯриҳо доир намуд.
Дар он оид ба дастовардҳои назарраси даврони истиқлол дар соҳаҳои саноат, сохтмон, энергетика, илм ва маориф, фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ, амалишавии стратегияҳои давлатӣ, бунёди сохтмону иншооти бузург, вазъи сиёсии ҷаҳон, минтақа ва дохили кишвар, пешгирии хатарҳои терроризму экстремизм, маводи мухаддир ва коррупсия, инчунин, вазифаҳои нави дар назди аҳли ҷомеа гузоштаи Пешвои миллат вобаста ба истиқболи муносиби Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат шуд.
Аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки дар раванди корҳои созандагӣ ҷиҳати ба тартиб овардани хонаҳои истиқоматӣ, фароҳам овардани шароити маишӣ барои фарзандон, харидории китобҳои бадеӣ, шинондани гулу буттаҳои ороишӣ дар фасли баҳорон ва иштирок дар ободкориҳои ҷои зист саҳми чашмрас бигиранд.
Дар фароварди мулоқотҳо ҳозирин ба саволҳои худ ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд. Суҳбатҳо дар фазои озод ва созанда  сурат гирифта, аҳли нишаст ҷонибдории хешро аз сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд.
Инчунин, кормандони масъули дастгоҳи раиси ноҳия, мақомоти қудратӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия дастовардҳои соли рафтаро зикр намуданд. Тавре маълум гардид, дар ноҳия  бунёди сохтмони 102 иншоот, ки аз ин 26 - то ба соҳаи маориф, 8 - то ба соҳаи тандурустӣ, 5 - то ба соҳаи варзиш, таъмиру барқарорсозӣ ва 3 қитъаи роҳҳои автомобилгард, сохтмони 3 пули мошингузар, 9 бинои маъмурӣ ва 48 иншоот дар соҳаи хизматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст. Бо ҷалби соҳибкорону аҳолии ноҳия то ба имрӯз сохтмони 50 иншоот ба итмом расонда шуда, сохтмони 52 иншооти боқимонда идома дорад. Бояд ёдовар шуд, ки аз шумораи 102 иншооти сохташаванда дар ноҳияи Сангвор 10 (9,8 дарсад) иншоот аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, 10 (9,8 дарсад) иншоот аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ, 19 – тои  (18,6 дарсад) дигар аз ҳисоби шарикони рушд ва 63 (61,7 дарсад) иншоот аз ҳисоби соҳибкорон бунёд мегардад.
Қисми даромади буҷети ноҳия дар соли 2019 ба ҷои 4 миллиону 610 ҳазору 400 сомонии дар нақша пешбинишуда дар ҳаҷми 7 миллиону 285 ҳазору 130 сомонӣ иҷро шудааст, ки он ба 158 дарсад баробар аст. Нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоӣ ба маблағи 12 миллиону 306 ҳазору 489 сомонӣ, ё ин ки 129 дарсад иҷро шуд. Маблағҳои воридшуда нисбат ба соли 2018     2 миллиону 630 ҳазору  800 сомонӣ зиёд мебошанд.
Дар ибтидои  соли ҷорӣ 639 соҳибкор ба қайд гирифта шуд, ки аз он дар соҳаи кишоварзӣ - 529, савдо - 73, нақлиёт ва алоқа - 14, сохтмон - 9, хизматрасонӣ- 10, саноат - 3 ва хизмати молиявӣ - 1 соҳибкорро ташкил медиҳад. Шумораи соҳибкорон нисбат ба соли пешин 22 нафар зиёд гардидаанд.
Дар давоми соли 2019 аз ҳисоби соҳибкорон 246,6 ҳазор сомонӣ ба буҷети маҳаллӣ ва 69,2 ҳазор сомонӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид шуд. Соли гузашта аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 12 синфхонаи иловагӣ дар назди 6 муассисаи таълимӣ барои 168 ҷойи нишаст ва 1 хобгоҳи иловагӣ дар назди мактаб - интернати Ҷамоати деҳоти Ваҳдат сохта ба истифода дода шуд.
Соли таҳсили 2018 - 2019 аз шумораи 441 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимӣ 301 нафар (51 нафар духтар) тибқи Маркази миллии тестӣ ва 44 нафар (25 нафар духтар) тариқи квотаи президентӣ ба муассисаҳои олӣ дохил шуданд, ки  таносуби дохилшудагон нисбат ба хатмкунандагон 66,7 дарсадро ташкил медиҳад.
Дар маҷлиси ҷамъбастӣ ҷиҳати рафъи камбудиҳо ва тақвияти раванди ободкорию созандагӣ дар соли 2020,  баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳое, ки аз Паёми навбатии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар бармеояд,  ба масъулон  дастурҳои мушаххас дода шуд. 
 
А. МИРЗОЗОДА,
муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати ҷумҳурӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.02.2020    №: 31    Мутолиа карданд: 241
22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед