logo

порлумон

ИНТИХОБОТ. МИССИЯИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ АЗ ИДМ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ МЕНАМОЯД

Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии (КМИР) Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода дар доираи омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 1 марти соли 2020 баргузор мегардад, бо ҳайати Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, таҳти роҳбарии Агибай Смагулов, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ин созмон, мулоқот намуд. 

Дар мулоқот, ки 10 феврал доир шуд, ҷонибҳо оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ  дар соҳаи интихобот, омодагӣ  ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйиру иловаҳое, ки ба қонунгузории интихоботӣ  ворид гардидаанд ва ифтитоҳи Миссияи мушоҳидони байналмилалӣ  аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил табодули назар карданд. Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон оид ба чорабиниҳои омодагӣ   ба интихобот, ки аз ҷониби КМИР бо мақсади дар сатҳи баланд ташкил намудани интихобот  амалӣ  гардиданд, ёдовар шуд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки то имрӯз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар доираи талаботи қонунгузории интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёрӣ ва гузарондани интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ тамоми чорабиниҳои вобаста ба омодагӣ  ва баргузории интихоботи Маҷлиси Олиро сари вақт амалӣ  карда, ба тамоми иштирокчиёни раванди интихобот шароити баробар муҳайё намудааст.
Дар вохӯрӣ  ҷонибҳо, инчунин, оид ба масъалаи шурӯъ намудани фаъолияти Миссияи мушоҳидони байналмилалӣ  аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар давраи омодагӣ  ва баргузории интихоботи вакилони халқ табодули назар ва изҳори бовар намуданд, ки фаъолияти он ба интихоботи шаффофу ошкоро мусоидат менамояд.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «Ҷумҳурият» хабар доданд.

Ф.ҶУМЪАЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.02.2020    №: 31    Мутолиа карданд: 122
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед