logo

порлумон

ИНТИХОБ БА ХОТИРИ ОЯНДАИ НЕК. БАРДОШТ АЗ НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

Бино ба иттилои раиси комиссияи ҳавзаи якмандатии интихоботии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ №35 М. Орифзода ҳавзаи якмандатии интихоботӣ оид ба интихоби вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва ҷамоатҳои деҳоти Гулистон ва ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ таъсис ёфтааст.

Дар ҳавзаи мазкур 64 участкаи интихоботӣ — 46 участка дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 18 участка дар ҷамоатҳои деҳоти Гулистон ва ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ амал мекунад. Дар ҳамаи участкаҳо корҳои марбут ба ҳуҷҷатгузорӣ, таъмини маводи иттилоотӣ, рӯйхати интихобкунандагон, дастурамалҳо ва маводи конселярӣ анҷом ёфтаанд. Ҳамзамон, барои интихобкунандагоне, ки вазъи саломатиашон хуб нест ва ба макони ҷойгиршавии интихобот омада наметавонанд, қуттиҳои сайёр ташкил гардидааст.
М. Орифзода, ҳамчунин, изҳор дошт, ки аз 46 участкае, ки дар ҳудуди ноҳияи Ҳамадонӣ амал мекунад, 2 участкаи пӯшида дар қисмҳои ҳарбӣ мебошад. Барои омодагиҳо ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ бештар шахсони ботаҷриба ва ҷавонони фаъол ҷалб шудаанд.
Ҳамчунин, барои беҳтару хубтар ба сокинон фаҳмондани аҳамияти интихоботи дарпешистода дар гӯшаҳои чашмраси маркази ноҳия ва шаҳраку деҳоти он 152 номгӯй шиору овеза бо навиштаҷоти «Якуми марти соли 2020- Рӯзи интихоботи вакилони халқ», «Ба тақдири ояндаи давлату ҷомеа бетараф набош!», «Иштирок дар интихобот қарзи шаҳрвандии ман аст!», «Бетараф набош, овоз бидеҳ!», «Интихоботи озоду шаффоф- омили рушди давлат!», «Ояндаи худро интихоб намо!» насб шудааст.
То ин замон, аз рӯи маълумоти оморӣ, дар ҳавза 107 ҳазору 435 нафар интихобкунанда, аз ҷумла 4551 нафараш ҷавононе мебошанд, ки бори нахуст овоз медиҳанд, ба қайд гирифта шудааст. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар шаҳр бо мақсади омодагӣ ба гузарондани интихобот 5 ҷаласаи ҳавза, 4 семинар – машварат ва 1 семинар бо номи «Дар рӯзи овоздиҳӣ»  бо иштироки раисони комиссияҳои ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ баргузор ва маводҳои коргузории интихобот тақсим карда шуд. Дар ҳамаи участкаҳои интихоботӣ қуттиҳои бюллетенпартоӣ, кабинаҳои овоздиҳӣ, ҳуҷраи табибон, ҳуҷраи модару кӯдак ва роҳрави махсус барои овоздиҳии маъюбон дар сатҳи зарурӣ омода гардидааст.

Лола РИЗОӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.02.2020    №: 31    Мутолиа карданд: 295
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед