logo

порлумон

ИНТИХОБОТ. КУҲАНСОЛТАРИН СОКИНИ НОҲИЯИ КӮШОНИЁН РАЪЙАШРО МУҲИМ МЕДОНАД

Дар ноҳияи Кӯшониён роҳбарият ва масъулони ҳавзаю участкаҳои интихоботӣ ҷиҳати ҷалб намудани тамоми қишри ҷомеа ба ин маъракаи сиёсӣ таваҷҷуҳ дошта, бо мақсади иштироки фаъолонаи онҳо корҳои тарғиботиро  вусъат мебахшанд.
Чуҳригул Латифова, сокини деҳаи ба номи Садриддин Айнии ноҳия, имсол баҳори 103 - юмин умри худро ба сар бурда, бо интизорӣ аз рӯзҳои башумор мондаи интихобот, иштирок ва раъйи худро дар ин маъракаи сиёсӣ муҳим мешуморад. Ин пири рӯзгордида ба шарофати меҳнати софдилонааш дар ҷомеа соҳиби эҳтиром аст. Дар тӯли ҳаёт даврони гуногуни таърихиро паси сар намудаи хеш, маҳз овони соҳибистиқлолии кишварро беҳтарин даврони зиндагии худ мешуморад. Бо изҳори қаноатмандӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насли ҷавонро ба саҳмгузорӣ дар ободу пешрафти Ватан даъват намуда, иштироки пиру барнои мамлакатро дар интихобот мояи суботу ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз меҳисобад.
Ин аст, ба нишони эҳтирому қадрдонии бузургсолтарин интихобкунандаи ноҳия чанде пеш намояндгони комиссияи интихоботӣ бо дастовезҳои хотиравӣ ба аёдати момаи Чуҳригул рафта, ӯро аз омадани рӯзи интихобот башорат доданд. Ҳамин тариқ, дигар пирони солманд, ашхоси имконияташон маҳдуд ва сокинони барҷомондаи ноҳия  мавриди таваҷҷуҳ қарор дошта, интизор меравад, ки онҳо дар рӯзи интихоботи парлумонӣ тариқи қуттиҳои сайёр раъйи худро медиҳанд.
Дар  ҳавзаи якмандатаи интихоботии Кӯшониён № 27 тибқи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” 4  номзад барои бақайдгирӣ ба вакили Маҷлиси намондагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардидаанд. Аз ин ду нафар тариқи худпешбарӣ ва ду нафар тавассути Конференсияҳои ҳизбҳои сиёсӣ пешбарӣ шудаанд, - гуфт раиси ҳавза Иброҳим Абдуллоев.
Мавсуф ёдрас шуд, ки корҳои омодагӣ ба ин маъраки муҳими сиёсӣ дар сатҳи хуб қарор дошта, бо назардошти дастуру пешниҳоди гурӯҳи корӣ дар 58 участкаи интихобтӣ корҳои омодабошӣ мувофиқи матлаб роҳандозӣ гардидаанд. Аз участкаҳои интихоботии ҳавзаи мазкур 45 -  тои он дар ноҳияи Кӯшониён ва 13 участкаи дигар  дар минтақаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таъсис дода шудааст. Дар участкаҳои интихоботӣ шиору овезаҳо, гӯшаи навбатдорон, рӯйхати овоздиҳандаҳо бо назардошти нафароне, ки бори аввал овоз медиҳанд ва рӯйхати муҳоҷирону ашхоси ниёзманди ҷомеа ба маъраз гузошта шудааст.
Онҳое, ки дар хориҷ аз кишвар, хоса,  Федератсияи Россия қарор доранд, сабт шуда, интизор меравад ба нуқтаҳои интихоботии назди сафортхонаву идораҳои консулгарӣ ҳозир шуда овоз хоҳанд дод.  Дар миёни нафарони ба ин маърака вобастшуда,  омӯзгорони фанҳои забонҳои русиву англисӣ низ мебошанд, то дар мавриди зарурӣ ба саволҳои  мушоҳидони хориҷӣ посух гуфта тавонанд.  
Айни ҳол дар ноҳияи Кӯшониён дар 5 ҳавзаи интихоботи маҷлиси вакилони халқи вилоят  20 номзад пешбарӣ шудааст, ки аз инҳо 10 нафар тариқи худпешбарӣ ва номзадии 10 нафари дигарро конференсияҳои ҳизбҳои сиёсӣ пешбарӣ намудаанд.
Ба иттилои Носирҷон Собиров, раиси комиссияи ноҳиявӣ оид ба интихоботи маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён, бо мақсади ҷалби тамоми табақаҳои ҷомеа ба ин маъракаи сиёсӣ имрӯз дар ин ҳавзаи интихоботӣ тибқи нишондодҳои оморӣ 121 ҳазору 279 овоздиҳанда сабт шуда, 4000 нафари онҳо маротибаи аввал дар ин маъракаи сиёсӣ иштирок хоҳанд кард.

Анвар ҲАФИЗ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.02.2020    №: 32    Мутолиа карданд: 775
26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ

ИҚДОМИ ЯК ДОНИШКАДА

ХУҶАНД. ВЕБ-СЕМИНАР ОИД БА ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ COVID – 19

САНОАТ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ 15,3 ДАРСАД ЗИЁД ШУД

СУҒД.РОҲАНДОЗИИ ТАЪТИЛИ САМАРАНОК

ПАЙРАВӢ АЗ ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

РАФАЭЛ НАДАЛ БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАР ДАР ТАЪРИХИ ИСПАНИЯ

МАСТЧОҲ СИМОИ ИДОНА МЕГИРАД

18.05.2020


СУҒД. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ПУРЗӮР МЕГАРДАД

НУРОБОД ҲУСНИ НАВ МЕГИРАД

ФУТБОЛ. ЧЕМПИОНАТИ БЕЛГИЯ НИЗ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ АНҶОМ ЁФТ

ТОҶИКИСТОНУ БЕЛАРУС ДАР МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС ҲАМКОРӢ МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.05.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ДАР ШАҲРИ БӮСТОН

ТОҶИКИСТОН. БОЗ 403 МУБТАЛОИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ДАР ИСФАРА МАКТАБИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ОРИОН» БУНЁД МЕШАВАД

КӮДАКОН. КОРОНАВИРУС ҚУДРАТИ "ЗАБТ" - И ОРГАНИЗМИ ОНҲОРО НАДОРАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед