logo

иҷтимоиёт

ТОЛЕИ БАЛАНД. БАРДОШТ АЗ РӮЗГОРИ ҶАВОНОНИ ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ

Ҷавонон ҳамчун қишри муҳими ҷомеа, зери таваҷҷуҳи хосаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Сарвари давлат новобаста аз вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ аз солҳои нахустини Истиқлолияти давлатӣ ҳамеша дар андешаи ояндаи дурахшони ҷавонони мамлакат буданд. 17-уми марти соли 1994 дар доираи Анҷумани якуми ҷавонони Тоҷикистон мулоқоти аввалини Президенти кишвар бо намояндагони  ҷавонони кишвар баргузор гардид ва ҷавонон аз ин мулоқот неруву тавони тоза гирифта, барои ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва сохти конститутсионӣ камари ҳиммат бастанд. Маҳз, аз ҳамин давра сар карда, ҳаракатҳои нахустини ҷамъиятӣ, маҳфилҳо ва гурӯҳҳои худфаъоли ҷавонон таъсис ва ташаккул ёфтанд.
Мулоқоти дигари муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 23-юми майи соли 1997 баргузор шуд,  дар ҳаёти ҷавонон саҳифаи тоза боз намуд. Дар ин вохӯрӣ Сарвари давлат аз таъсис ёфтани сохтори давлатии кор бо ҷавонон – Кумитаи кор бо ҷавонон мужда расонданд. Новобаста аз вазъи сиёсӣ Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон он солҳо тавонист, ки бо ҳидояти Президенти кишвар ва баргузории  чорабиниҳои баланди сиёсиву фарҳангӣ ҷавононро сарҷамъу  муттаҳид созад. Бо ибтикори Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Кумитаи навтаъсиси кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1997 таҳти унвони “Бароят сулҳ мехоҳам, Тоҷикистон”, бо иштироки зиёда аз 300 нафар ҷавон аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд Фестивали ҷавонони Тоҷикистон доир гардид. Ин иқдоми муҳим идома ёфта, соли 2000-ум дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷавонон аз ҳар гӯшаи  кишвар ҷамъ омада, Фестивали “Баҳри сулҳ ва дӯстии ҷавонони Тоҷикистон”- ро баргузор намуданд.
Бояд гуфт, ки дар тамоми раванди давлатсозии миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ҷавони кишвар такя намуда, онҳоро, ҳамзамон, ба иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат ва бад-ин васила саҳм гузоштан дар ҷараёни давлатсозии навини Тоҷикистони соҳибистиқлол раҳнамун месохтанд. Насли ҷавон дар симои Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ пуштибони воқеӣ ва парастори бевоситаи худро, аллакай, аз ҳамон давраҳои пурталотум дарёфта буд. 
Боиси фараҳмандист, ки  баъди аз вазъияти мудҳиш баромадани кишвар ва ба даст овардани истиқлолияти комили сиёсӣ Президенти ҷумҳурӣ доимо ба ҷавонон таваҷҷуҳ карда, дар ин самт тадбирҳои гуногуне амалӣ намуданд, ки ҳар яке боиси беҳбудии ҳаёту фаъолияти ҷавонон  гаштааст.  Қабули санадҳои муҳими давлатӣ, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 майи соли 1997 “Дар бораи тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон” ва дар ин замина қабул гардидани Барномаи миллии “Ҷавонони Тоҷикистон” барои солҳои 1999 - 2000, Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон, Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020, эълон гардидани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, таъсис додани Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, Стипендияи президентӣ, Шӯрои кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2017 Соли ҷавонон, дар маҷмӯъ, барои татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварда, мавқеи ҷавононро дар ҷамъият боз ҳам устувор намуд.
Маҳз, дастгириву таваҷҷуҳи пайвастаи Сарвари давлат буд, ки имрӯз беш аз 44 фоизи хизматчиёни давлатиро ҷавонони то 35 - сола ташкил медиҳанд. Инчунин, беш аз 30 ҳазор ҷавони мамлакат дар донишгоҳҳои бонуфузи кишварҳои пешрафта таҳсил менамоянд.
Ҳамин тавр, таваҷҷуҳи Пешвои миллат ва иқдому ташаббусҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти дастгирии ҷавонон сол ба сол афзун мегардад. Ва ҳама ғамхориҳое, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷавонон дареғ надоштанд, боиси саодату хушбахтии ин қишри ҷомеа мебошад. Аз ин лиҳоз,  хизматҳову саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмори давлатдории навини тоҷикон дар қалби мо бо ҳарфҳои заррин сабт шуда, дар хотираамон доимӣ боқӣ хоҳад монд.

Худойдод АВҒОНОВ,
донишҷӯи ДИД назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.02.2020    №: 33    Мутолиа карданд: 283
19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ МАЪРИФАТАФЗО ҶАМЪБАСТ ШУД

БМТ АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД

07.01.2021


ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

ВАРЗИШ

САТҲИ ҶАҲОНИИ ФАҚР БОРИ АВВАЛ ДАР 22 СОЛИ ОХИР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

06.01.2021


ТАҚДИМИ ТЕХНИКА БА КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ ВА ШАҲРИСТОН

СУҒД. 92 ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

ПУТИН ВА МЕРКЕЛ МАСЪАЛАИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 - РО БАРРАСӢ КАРДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед