logo

туризм

ЭКОТУРИЗМ. ТОҶИКИСТОН БАРОИ РУШДИ ОН ИМКОНИЯТИ БЕНАЗИР ДОРАД

Як нуктаи муҳиме, ки дар иртибот ба рушди сайёҳӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид месозанд, зарурати муаррифии густурдаи муъҷизоти табиат ва олами вуҳуши Тоҷикистон мебошад. Дар ин росто, Фонди глобалии экологӣ (GEF) ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон  дар ҳамдастӣ бо сохторҳои давлатӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ лоиҳаи вижаи “Ташаккули маърифати ҷамъиятӣ дар бораи аҳамияти нигоҳ доштани бабри барфӣ ва мавқеи он дар сатҳи миллӣ тавассути ВАО”-ро пиёда месозанд, ки дар тарғиби моҳият ва судмандии туризми экологӣ, ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба диёри афсонавии мо нақши арзанда мебозад.

ҲАР СЕЮМ САЙЁҲ ТУРИЗМИ ЭКОЛОГИРО ИНТИХОБ МЕКУНАД
Вақте соли 1983 экологи мексикоӣ Гектор Себалос-Ласкурайн бори нахуст истилоҳи «экотуризм»-ро пешниҳод намуд, касе чашмдошт набуд, ки чанд даҳсолае пас ин самти нав босуръат рушёд ёфта, чоряки бозори ҷаҳонии сайёҳиро ба даст меорад. Тибқи омор, алъон ҳамасола аз теъдоди умумии сайёҳон 30 дарсад туризми экологиро интихоб менамоянд. Ғайр аз ин, 70 дарсади онҳо иброз медоранд, ки соли дигар маҳз ба ин намуди аз ҷиҳати экологӣ бехавф афзалият хоҳанд дод. Ин самти иқтисоди ҷаҳонӣ рӯзе тақрибан 1 миллиард доллар даромад меорад ва ин нишондиҳанда тамоили устувори афзудан касб кардааст. Аз ин рӯ, тасодуфӣ нест, ки гардиш дар ин самти сайёҳӣ ба ним триллион доллар наздик шудааст. Ғайр аз ин, тибқи баҳои коршиносон, ҳар сол барои эҳтиёҷи соҳаи мазкур ба маблағи 55 миллиард доллар молу хизматрасонӣ истеҳсол мешавад. Дар гузориши Созмони байналмилалии экотуризм зикр мегардад, ки аз соли 2004 то инҷониб суръати рушди соҳаи номбурда назар ба намудҳои маъмули сайёҳӣ се маротиба бештар буд.
Ин рақамҳои воқеан ҳайратовар, пеш аз ҳама, далели онанд, ки миёни сайёҳони дунё тамоили дасткашӣ аз истироҳатгоҳҳои боҳашамати шаҳрҳо, лаби баҳрҳою ҷазираҳо ва рӯ овардан ба оғӯши табиати бикру тамошои олами вуҳуши он сол ба сол қувват мегирад.

ОЗОДАПАЛАНГ ДОРЕД? МЕОЕМ!
Ин нуктаи муҳим дар конференсияи “Нигоҳдории гуногунии биологӣ ҳамчун кафолати рушди устувори туризм дар заминаи ҷомеаи маҳаллӣ” садо дод, ки чанде пеш дар Душанбе дар доираи лоиҳаи ниҳодҳои байналмилалии номбурда барои рӯзноманигорон баргузор гашт. Табиист, ки дар пайванд бо табиати афсонавии диёр ва имкониятҳои беназири рушди туризми экологӣ дар манотиқи гуногуни кишвар. Бо назардошти он ки ҳамагӣ дар ду соли охир теъдоди сайёҳони дохилию хориҷӣ дар Тоҷикистон беш аз ду маротиба афзуда, аз 1 миллион нафар гузашт, қимати ташаббусҳои ҳаётан муҳими Сарвари давлат оид ба рушди босуръати соҳаи туризм бармало зуҳур мекунад. Маҳз дар асоси ҳамин сиёсати созанда, ки нишонаи дарку пайгирии саривақтӣ аз самтҳои ояндадори иқтисоди ҷаҳонист, Тоҷикистон бо қадамҳои устувор ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ ворид мешавад.
Дар ҷамъомад миёни коршиносони соҳаи туризми экологӣ ва хабарнигорон ҷиҳати инъикоси ҳирфаии паҳлуҳои гуногуни ин намуди сайёҳӣ мубодилаи судманди афкор сурат гирифт. Он нуктаи вижа таъкид ёфт, ки дар раванди рушди экотуризм ба сохторҳои сайёҳӣ бояд мардуми маҳаллӣ шарик гарданд, то ки муносибати эҳтиёткорона ба табиат ва олами ҳайвоноту наботот барояшон аз ҷиҳати иқтисодӣ судовар бошад. Дар ин сурат сифати хизматрасонӣ ба сайёҳон низ беҳтар мегардад.
 Дар конференсия масъалаи “Нигоҳдории гуногунии биологӣ ва ҳифзи олами ҳайвонот ва набототи нодири Тоҷикистон” ва роҳу воситаҳои муосири инъикоси он дар матбуоти ватанӣ ҳам, матраҳ шуд. Тамошои ҳайвоноти нодир аз рукнҳои муҳими экотуризм маҳсуб меёбад ва шефтагони табиат ҳазорҳо километрро паймуда, маҳз барои дидани онҳо, аз ҷумла озодапаланг, меоянд. Дар олами сайёҳӣ озодапаланг чун рамзи бикр мондани табиат, устувории экосистема пазируфта шудааст, ки аз дахолати инсон ва таъсири техногенӣ алҳол эмин мондааст. Зикр рафт, ки алъон дар дунё ҳамагӣ то 4 ҳазор сар ин ҳайвони нодир мавҷуд мебошад, аз ҷумла дар кишвари мо қариб 300 сар, ки дар муқоиса бо кулли давлатҳои дигар воқеан нишондиҳандаи хубест. Айни замон дар Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 222 намуд ҳайвони нодир сабт шуда, онҳо аз ҷониби давлат ҳифз мешаванд.
Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гаштани солҳои 2019-2021 давоми мантиқии ташаббуси қаблӣ дар ин самт буда, Тоҷикистони соҳибистиқлол бо пиёда сохтани ин барномаи густурда фишанги муҳими пешрафти иқтисоди миллиро рӯи кор оварда, мавқеяшро дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ устувортар месозад. Дар маҷмӯъ, ҳамкории сохторҳои давлатӣ ва хусусии соҳа шароит фароҳам меорад, ки солҳои наздиктарин теъдоди сайёҳон ба 5 миллион нафар расад. Дар тарғиби ин ҳадафи комилан воқеӣ ВАО-и ватанӣ бояд саҳмгузор бошанд.

Хуршеди ҶОВИД, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.02.2020    №: 33    Мутолиа карданд: 244

28.02.2020


ҶАРАЁНИ ОМОДАГИҲО БА БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ МАТРАҲ ШУД

ОҒОЗИ БУНЁДИ БОЗ ЯК ОСОИШГОҲ ДАР ГУЛИСТОН

ДАР НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ИНТУРМАРКЕТ – 2020» ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МУАРРИФӢ МЕГАРДАНД

ХАТМКУНАНДАГОНИ БАРНОМАИ ДАСТГИРИИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ТИҶОРАТӢ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ШУДАНД

ҲАМКОРИИ БМТ ВА КОРПОРАТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИЯВӢ

“ГАНҶИ СУХАН”. ҲАМОИШЕ, КИ МАЪРИФАТ МЕАФЗОЯД

ХУРОСОН ҲУСНИ ТОЗА МЕГИРАД

ҶОМИ КФО – 2020. "ХУҶАНД" БА МАРҲАЛАИ ГУРӮҲӢ РОҲ ЁФТ

AMAZON АВВАЛИН МАРКАЗИ САВДО БИДУНИ ХАЗИНА КУШОД

ӮЗБЕКИСТОН ВА УКРАИНА АЛОҚАИ РОҲИ ОҲАНРО БАРҚАРОР НАМУДАНИЯНД

ИТТИҲОДИ АВРУПО САНАИ МУЗОКИРОТ БО БРИТАНИЯРО ОИД БА ШАРИКӢ ГУФТ

ИМА: АФҒОНИСТОН БОЯД ДАР ФИКРИ ҚАТЪИ ҶАНГ БО "ТОЛИБОН" БОШАД

Ҷаҳон дар як сатр

26.02.2020


ҲАМОИШИ МУҲИМ ДАР КУМИТАИ ДАВЛАТИИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА ИДОРАИ АМВОЛИ ДАВЛАТӢ

ДАНҒАРА – МИЗБОНИ ФЕСТИВАЛИ ФАРҲАНГИИ ҶАВОНОНИ ХОРИҶӢ

КИШОВАРЗӢ. НЕСТ КАРДАНИ ТУХМИИ ВАТАНӢ ХАТОИ НОБАХШИДАНИСТ

МАЪЮБОН КОРХОНАИ ҲАМРОЗ ДОРАНД

RABAT GRAND PRIX 2020. ТОҶИКИСТОНРО 7 ПАҲЛАВОН МУАРРИФӢ МЕКУНАД

25.02.2020


САФАРИ РАСМИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БА РОССИЯ

БАРРАСИИ МАСОИЛИ ТАЪСИСИ КОРХОНАҲОИ НАВИ САНОАТӢ

ДИД. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МАЪРИФАТИЮ ТАРБИЯВӢ

ВАҲДАТ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ "АТЛАСУ АДРАС" ТАНТАНА ДОРАД

"ИШҚИ МИНӮӢ" - И КАМОЛ БО ЗАБОНИ ОЛМОНӢ

МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ МАЛАХ. ҶАЛАСАИ СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ГӮШТӢ. МУСОБИҚАИ ИНТИХОБИИ ОЛИМПӢ ДАР БИШКЕК ДОИР МЕШАВАД

24.02.2020


ГАРДИШИ МОЛ. ТАНОСУБИ СОДИРОТ НАЗАР БА ВОРИДОТ АФЗУД

РОҒУН. АФВШУДАГОН БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН МЕГАРДАНД

ГӮШТӢ. 4 МЕДАЛ АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ, АММО БЕ ТИЛЛО

ОЛИМОНИ БЕЛАРУС ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД АРЧА МЕШИНОНАНД

ИМА ДАР АФҒОНИСТОН АМАЛИЁТИ ҲУҶУМРО ҚАТЪ СОХТ

МУШОВИРИ ТРАМП ОВОЗАҲОРО ОИД БА ОҒОЗЁБИИ «ДАХОЛАТИ РОССИЯ» БА ИНТИХОБОТ БЕБУНЁД ХОНД

ГОНЧАРУК: «УКРАИНАРО СОЗИШНОМА БО РОССИЯ АЗ БОЛОРАВИИ НАРХИ ГАЗ НАҶОТ ДОД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед