Хабарҳо
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
АИР Новости. «Ҷаласаи гурӯҳи кории БРИКС алайҳи терроризм моҳи апрел дар Россия баргузор мешавад», - гуфт сардори раёсати ВКХ Россия Владимир Тарабрин.
INTERFAX.RU. Аъзои Шӯрои амнияти СММ қатъномаи пешниҳодкардаи Британияро пазируфтанд, ки аз ҷумла ба риояи оташбас дар Либия ва эмбаргои силоҳ нисбат ба ин давлати Африқои Шимолӣ, даъват менамояд.
SANA. Дар натиҷаи амалиёти сипоҳи ҳукумати Сурия дар ғарби Ҳалаб, се маҳали аҳолинишин- Шайх Алӣ, Арада ва Арназ аз дасти гурӯҳҳои террористӣ озод гардид.
Kyodo. Сокини 112- солаи Ҷопон Титэсу Ватанабэ дар Китоби рекордҳои Гиннесс, чун солортарин марди ҷаҳон сабт карда шуд.
REGNUM.RU. Миллиарддори ҳонконгӣ Ҷозеф Лау асари рассоми муосири англис Дэвид Хокни «Дурахш» - ро дар музоядаи Sotheby’s дар Лондон ба 29,8 миллион доллар фурӯхт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2104