logo

иқтисод

САНОАТИ МАЪДАН. ЧАРО ШУМОРАИ КОРХОНАҲОИ СОҲА ЗИЁД НАМЕШАВАД?

Бино ба маълумоти оморӣ, дар Тоҷикистон  беш аз 600 кони маъданҳои гуногун кашф гардидааст, ки истихроҷу коркарди маҳсулоти онҳо яке аз роҳҳои асосии рушди иқтисодиёт ва таъмини зиндагии шоистаи мардум метавонад бошад, вале дар истеҳсолот ҳанӯз ҳиссаи ночизи маъданҳои кӯҳӣ истифода мегардад. Аниқтараш дар соҳаи коркарди маҳсулоти маъданҳои кӯҳӣ ҳамагӣ 4 корхона -  «Зарафшон», «Анзоб», «Апрелевка» ва «Ширкати кӯҳӣ - саноатии Тоҷикистону Хитой» фаъолият менамоянд, ки натиҷаи кори на ҳамаи онҳо  чашмрас аст.
Бахтиёр Шарифов, муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нав, гуфт, ки бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва технологияҳои нав ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати кӯҳӣ қариб ба 7 миллиард сомонӣ ва ҳиссаи он дар маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ ба 25,2 дарсад расонда шуд.
- Ҳоло соҳаи саноати кӯҳӣ неруи асосии пешбарандаи саноати ҷумҳурӣ аст. Имрӯзҳо корҳо дар самти зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли филизоти қиматбаҳо аз ҷониби корхонаҳои ТБЕА «Душанбе - саноати кӯҳӣ», «Зарафшон» ва ҶДММ «Покрӯд» бомаром ҷараён доранд. Барои ба роҳ мондани корҳои ҷустуҷӯӣ – геологӣ ва истихроҷӣ дар конҳои муайяни кишвар корхонаҳои коркарди маъдани «Апрелевка» ва «Ширкати саноатӣ – кӯҳии Тоҷикистону Хитой» ҷалб шуданд, - изҳор дошт ӯ.
Албатта, вақте ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати маъданро наздики 7 миллиард сомонӣ мегӯем, ба назар хеле нишондиҳандаи калон менамояд. Аммо ин афзоиш танҳо бо маблағ ифода ёфта, зиёдшавии ҳаҷми коркарди маъданҳо дар муқоиса ба солҳои гузашта номаълум аст. Танҳо болоравии нархи маҳсулоти соҳа - тилло, нуқра, мис, сурб, руҳ, сурма ва ғайра нисбат ба соли гузашта метавонад ҳаҷми коркарди маъдани кӯҳиро бо маблағ зиёд нишон диҳад ва каму кости соҳаро пӯшонад. Дар муқоиса ба имкониятҳои табиии кишвар ва бо назардошти болоравии нархи маҳсулот 7 миллиард сомонӣ маблағи начандон бузург буда, наметавонад нишондиҳандаи афзоиши тавлидоти маҳсулоти соҳа бошад.
Ба гуфтаи Баҳодур Мирзоев, яке аз олимони варзидаи кимиё ва собиқадори соҳаи саноат, айни замон ҳиссаи ночизи захираҳои маъдандори сарзамини мо дар кишвар коркард мешавад ва мутаассифона, ашёи хоми нодири баъзе конҳоро аллакай аз даст дода истодаем.
- Бо сабаби сари вақт ва дуруст коркард нашудан ин захираи бузурги маъдани кӯҳӣ оҳиста – оҳиста дар шакли нимкоркард ба хориҷи мамлакат содирот мешавад. Ҳол он ки дар таркиби маъданҳои кӯҳии сарзамини мо элементҳои нодир, аз ҷумла фосфорит, калий, оҳан, алюминий, манганатҳо, кислотаҳо, тилло, сурб, симоб, нуқра, азот, силманит, фаровон буда, коркарди онҳо манфиати азими иқтисодӣ дорад. Масалан, соли 2018 мо, як гурӯҳ намояндагони бахши саноати кишвар, ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар карда, таркиби маъданҳои кони Турпии ноҳияи Раштро дар институти Чалкои кишвари ҳамсоя аз санҷиши лабораторию техникӣ гузарондем. Маълум шуд, ки аз он се моддаи нодир - гилхок, калийдор ва сементи баландсифат ҳосил мешавад. Якҷо бо олимони институти мазкур самараи иқтисодии коркарди маъдани ин конро ҳисоб намудем ва ба чунин натиҷа расидем, ки ҳар килои маҳсулоти он 75 доллари ИМА арзиш дошта метавонад. Бар асоси таҳлилҳо, агар дар назди кони номбурда барои коркарди маъдани он корхонаи сатҳи миёна ташкил ёбад, ҳар сол 200 ҳазор тонна маҳсулот тавлид намуда, 1,6 миллиард доллари ИМА фоида меорад ва қариб 2 ҳазор кас соҳиби ҷойи кор мешавад. Ин баҳои иқтисодии танҳо як кони маъдани мамлакат мебошад.
Коркарди маъдани кони ангишти «Фон –Яғноб» метавонад аз ин ҳам самари бузургтари иқтисодӣ орад.
Дар ин кон 800 миллион тонна ангишти коксшаванда мавҷуд аст, ки аз он маҳсулоти нодиру арзишманд - кокс, гази коксӣ, фенол, толол ва ғайра ҳосил мегардад. Ҳамчунин, дар ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Панҷакент конҳои фосфордор мавҷуданд, ки ба ҳисоби миёна аз онҳо соле 100 ҳазор тонна фосфори аълосифат тавлид намудан мумкин аст. Бо истифодаи ин конҳо метавонем соҳаи кишоварзии мамлакатро бо фосфори ватанӣ таъмин намоем. Дар ҳолати истихроҷ ва коркард шудани маъданҳои кӯҳӣ талаботи дохилиро ба маҳсулоти гуногун таъмин намуда, ҳамчунин, қисми онро ба хориҷи ҷумҳурӣ содирот кардан мумкин аст. Дар ин ҳол ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, иқтисоди мамлакат ба маротиб пурқувват мегардад, - гуфт ӯ.

КАДРҲОИ ЗИЁД ОМОДА МЕШАВАНД, АММО ЧӢ НАТИҶА МЕДИҲАД?
Агар ба захираи кадрии соҳаи саноат назар афканем, дар ин самт олимону мутахассисони варзидаи ватанӣ кам нестанд. Илова ба садҳо номзаду доктори илм, ҳамасола муассисаҳои таълимии зертобеи Вазорати саноат ва технологияҳои нав - Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва филиали он дар шаҳри Исфара, донишкадаҳои технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон, соҳибкорӣ ва хизмат, Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсуфов ва литсейҳои инноватсионии “Душанбе” ва «Соҳибкорӣ» - ро зиёда аз 3 ҳазор нафар хатм менамояд.
Аз ин маълумот бармеояд, ки барои таъмин намудани корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хом ва мутахассисон мушкилии ҷиддӣ вуҷуд надорад. Бо вуҷуди ин, дар соҳаи коркарди маъданҳои кӯҳӣ шумораи корхонаҳои фаъол ҳанӯз ҳам аз чор зиёд намешавад. Агар аз лиҳози кадрӣ ва захираи ашёи хом дар соҳаи саноати коркарди маъдан танқисӣ вуҷуд надошта бошад, пас сабаби дигари зиёд нашудани теъдоди корхонаҳои соҳа чист?

БЕАҲАМИЯТӢ БА НАТИҶАИ КОРИ ОЛИМОНУ МУТАХАССИСОН
 - Мушкили асосӣ дар ин аст, ки сохторҳои марбута ба натиҷаи корҳои олимони соҳа аҳамият намедиҳанд. Ба иллати хунукназарии вазорату идораҳо натиҷаҳои илмӣ ва лоиҳаҳои омодакардаи олимону мутахассисони таҷрибадори соҳаи саноат амалӣ нагардида, ҳавасмандии муаллифони онҳо ба идомаи корҳои навоварӣ аз байн рафтааст. Масалан, олимону мутахассисони пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии «Саноат» бо заҳмати зиёд тӯли чанд сол барои рушди саноати кишвар қариб 20 лоиҳа тарҳрезӣ карданд. Аммо то ҳол ҷиҳати амалисозии онҳо аз ҷониби вазорату идораҳои марбута ягон чораи мушаххас андешида нашудааст. Тарҳҳои таҳиясохтаи масъулони ин даргоҳи илму таҳқиқ бештар коркарди ашёи хоми ватаниро дарбар мегиранд ва бо назардошти шароиту имкониятҳо таҳия шудаанд. Вале бо гузашти солҳо сармоягузоре барои амалисозии онҳо иқдом накард, ки ақаллан дили муаллифони лоиҳаҳоро ба пешбурди илми соҳаи саноати кишвар гармтар созад, - изҳор дошт Баҳодур Мирзоев.
Суоле пайдо мегардад: шояд барномаҳои омодакардаи мутахассисони пажӯҳишгоҳ дархӯри замон набошанд ва сармоягузорон ба татбиқи онҳо ҳавасманд нестанд?
- Баръакс, лоиҳаҳое, ки бо заҳмати олимони тоҷик барои коркарди ашёи хом тарҳрезӣ гардидаанд, нисбат ба тарҳҳои ширкатҳои хориҷӣ баҳри пешрафти саноати мамлакат созгору пурсамартаранд, - гуфт Баҳодур Мирзоев.
Аммо Бахтиёр Шарифов сабаби рушд накардани саноати маъданҳои кӯҳии кишварро дар серхарҷ будани коркарди ашёи хоми соҳа, надоштани технологияҳои нав ва мутахассисон медонад:
- Нахуст барои дар амал татбиқ намудани лоиҳаю барномаҳои омодасохтаи олимону мутахассисони соҳаи саноати кишвар сармоягузор даркор аст. Баробари ин, аксаран оид ба хароҷоти бунёди корхона, воридоти технология, истеҳсоли маҳсулот аз ҷониби муаллифон ҳисоботи мушаххас пешниҳод намешавад, ки боиси сардаргумӣ мегардад. Маълум нест, ки маҳсулоти истеҳсолшаванда дар бозор бо маҳсулоти воридотӣ рақобат карда метавонад ё не. Ҳамагон медонем, ки агар арзиши аслии маҳсулоти истеҳсолшаванда аз навъи воридотии он гаронтар бошад, истеҳсоли маҳсулот бар зарар аст. Ғайр аз ин, қабл аз истеҳсол бояд бозори маҳсулоти тавлидшавандаро омӯзем ва муайян кунем, ки талабот чӣ қадар аст, чанд дарсади талаботро қонеъ сохта метавонем, захираи кони ашёи хоми коркардшаванда то кадом андоза омӯхта шудааст ва ин захира барои чанд сол мерасад. Корхонаҳои саноати маъдан на ба хотири 4 - 5 сол, балки барои муҳлати беш аз 15 сол сохта мешаванд. Ҳамчунин, барои технологияи нави истеҳсолиро дар ин самт истифода бурдан мутахассис даркор аст. Аз ин нуқтаи назар коркарди маъданҳои кӯҳии мамлакат харҷи зиёд дар пай дошта, дар муҳлати кӯтоҳ ба раванди истеҳсолот ворид намудани ашёи хоми маъдандор ва аз ин ҳисоб ба осонӣ гирифтани фоидаи соф ғайриимкон аст, - гуфт ӯ.
 
СЕРХАРҶ ДОНИСТАНИ КОРКАРДИ МАЪДАН БАҲОНА АСТ?
Ҳарчанд серхарҷ будани коркарди маъданҳои кӯҳии кишвар сабаби рушд наёфтани саноати маъдан дониста мешавад, вале солҳои гузашта дар ин ҷода бо ибтикори олимону мутахассисони соҳа корхонаҳои зиёд - «Адрасмон», «Такоб», электрокимиёи ноҳияи Ёвон, истеҳсоли фарфори шаҳри Турсунзода, нуриҳои азотии ноҳияи Вахш, истеҳсоли арматураи шаҳри Душанбе таъсис ёфта буданд, ки фаъолияти пурсамар доштанд. Мутаассифона, ҳоло, бо вуҷуди пешрафти илму техника ва пайдо гардидани роҳу усулҳои босамари коркарди маъдан, корхонаҳои номбурда ҳоли табоҳ доранд. Комбинати маъдантозакунии «Такоб» - и ноҳияи Варзоб низ натиҷаи кори олимони соҳаи саноати кишвар аст ва дар аҳди шӯравӣ яке аз корхонаҳои пуриқтидори истеҳсолкунандаи хокаи шпати саҳроӣ ба шумор мерафт. Маҳсулоти он баъди коркард дар Федератсияи Русия дар шакли криолит барои КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» ҳамчун ашёи хоми асосӣ оварда мешуд. Вале то ҳол корхона иқтидори пештараашро барқарор накардааст. Корхонае, ки замоне фаъол буду дар он одамони зиёд кор мекарданд, имрӯзҳо қариб ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтааст.

ОЛИМОНИ МО НАБОЯД «ЗАНБӮРИ БЕАСАЛ» БОШАНД
Аз сабаби он ки 93 дарсади ҳудуди кишвари моро кӯҳ ташкил медиҳад, фаъолияти кишоварзӣ торафт маҳдудтар шуда, ниёз ба роҳҳои нави таъмин намудани рушди иқтисодиёт пайдо гардидааст. Ҳоло ба сари ҳар нафар сокини ҷумҳурӣ ҳамагӣ 0,10 гектар замини обӣ рост меояд, ки барои пурра қонеъ сохтани талаботи аҳолӣ ба маҳсулот кофӣ нест. Дар ин ҳол барои таъмини рушди иқтисодиёт ва зиндагии шоистаи мардум, бо вуҷуди мушкилу серхарҷ будан, равнақ бахшидани саноати коркарди маъданҳои кӯҳӣ дар такя ба олимону мутахассисони ватанӣ зарур аст. Ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидани саноатикунонии босуръат низ ҷоннок намудани фаъолият дар ин самт мебошад, на бо ҳисоботи хушку холӣ зиёд нишон додани истеҳсоли маҳсулот. Аз маълумоти боло бармеояд, ки дар соҳаи саноати маъдани ҷумҳурӣ баробари манбаъҳои ғании ашёи хом пойгоҳи мустаҳками кадрӣ вуҷуд дорад ва олимону мутахассисон дар ин самт корҳои назарраси таҳқиқотӣ анҷом додаанд, вале барои тавъам сохтани илму истеҳсолот аз ҷониби вазорату идораҳои марбута саҳлангорӣ ба назар мерасад. Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва ташкилоту фондҳои дигари молиявӣ барои амалӣ намудани лоиҳаҳои омодакардаи олимону мутахассисони соҳаҳои гуногун дар истеҳсолоти ватанӣ бо истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ ва дастгирии олимону мутахассисони соҳибтаҷриба тадбирҳои мушаххас андешида, дар ин бора ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳисоботи дақиқ пешниҳод намоянд. Дар акси ҳол, олимони мо ба мақоли мардумӣ «занбӯри бесал» - ро мемонанд ва аз ҳазорҳо хатмкардаи муассисаҳои зертобеи Вазорати саноат ва технологияҳои нав барои пешрафти соҳаи саноат суде нахоҳад расид.

Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.02.2020    №: 35    Мутолиа карданд: 986
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед