logo

иҷтимоиёт

ХАТЛОН. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистони маҳбубамон дар баробари дигар арсаҳо соҳаи тандурустӣ низ хеле рушд кард. Яке аз чунин муассисаҳои соҳа, ки аз ҷиҳати бештар шудани хидматрасониҳо, усулҳои ташхису табобат намуна аст, беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Бӯрӣ Воҳидов ба ҳисоб меравад.
Сардухтури муассиса Алихон Нурализода, иброз дошт, ки беморхона аз 20 шуъбаи табобатӣ ва 8 ҳуҷраи ёрирасони дорои 610 кат иборат мебошад. 
Аз соли 1997 дар шуъбаи ҷарроҳӣ дар ҳамдастӣ бо табибони шаҳри Қазони Федератсияи Россия навъи нави ҷарроҳӣ - эндовидеоҷарроҳӣ ба роҳ монда шудааст, ки имрӯзҳо бо ин усул намудҳои нави ҷарроҳии ҷигар, роҳи пешоб ва бемориҳои занона  гузаронда мешаванд. Бо ин мақсад соли 2007 ду таҷҳизот ба беморхона ворид гашт. То имрӯз қариб 6 ҳазор амалиёти ҷарроҳӣ, ба монанди холесистэктомияи лапароскопӣ, апендэктомияи лапароскопӣ, буридани рӯдаи ғафс бо усули лапароскопӣ, лапарос-копияи ташхисӣ, эхинаккокэктомияи лапароскопӣ анҷом ёфта, инчунин, ба воситаи эндовидеолапароскоп амалиёти ҷарроҳӣ сурат мегиранд.
Гузаштаю имрӯзи беморхона аз ҷиҳати таъмин будан бо таҷҳизоти зарурӣ лоиқи муқоиса нест. Чунки, ҳоло таҷҳизоти ташхисии ултрасадо, анализатори ИФА, STAT, FAX 303+ барои  таҳлилҳои сироятӣ (вирусҳо), ба монанди ситомегаловируси «М», «G» урэоплазма, хламидия, токсоплазма, вируси табхол (герпес), трихомонада ва НВS Аg ва анти НСV, сабти барқии дил, ташхиси эндоскопии сурхной, меъда ва рӯда, роҳҳои нафас,  таҷҳизоти нави ташхисии рентгенӣ, гемодиализ ва эндовидеоҷарроҳӣ истифода мешаванд. 
Муваффақияти дигар ин аст, ки дар шуъбаи гӯшу гулу ва бинӣ бо таҷҳизоти эндоскопияи ҷарроҳии бинӣ амалиёти ҷарроҳии пластикӣ, тармими риносептопластика, гайморотомия ва амалиёти ташхисии зиёда аз 100 бемор гузаронда шуд. Тавассути дастгоҳи систоскоп 40 амалиёти ҷарроҳӣ вазъи саломатии беморонро ба эътидол овард. Дар 5 соли охир бо роҳи ҷарроҳӣ думали майнаи сари 6 бемор ва чураи модарзодии майнаи сари 3 бемор табобат ёфт. Ба воситаи таҷҳизоти электро-энсефалография 1200 бемор муоина карда шуд.
Солҳои 2015 - 2018 ду дастгоҳи даруннигорӣ дастрас гардид. Ҳоло табобати зидди вируси гепатити В, С ва реши меъда бо назардошти бактерияи пилорика бе ҳеҷ душворӣ гузаронда мешавад. Аз соли 2016 маркази ташхисии ангиография, яъне акси рентгении рагҳои хунгарди ҳамаи узвҳои даруна, аз ҷумла дил ва гузоштани найча фаъ-олият дорад. То кунун наздики 400 нафар аз муоинаи каронарография гузашт, ба дили зиёда аз 200 бемор найча гузошта шуд.
Соли 2019 ба маблағи 91 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ маҷмӯи асбобҳои ҷарроҳӣ, монитори назди кати бемор, автоклави 150 - литра ва перфузор, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва хизматрасонии пулакӣ бо харҷи 308 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти тиббии гемофеникс, рентген, найчаи рентген харид гардид. Ҳамаи ин имкон фароҳам овард, ки сатҳу сифати хидматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ хеле беҳтар гардад.
Роҳбарияти беморхона ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва тарбияи кадрҳои соҳибтаҷриба диққати ҷиддӣ дода, табибонро пайваста ба курсҳои такмили ихтисос равон месозад. Чунончи, соли гузашта 7 табиб  ва 20 ҳамшираи тиббӣ дар ҳудуди вилоят ва берун аз он ба курси такмили ихтисос фаро гирифта шуданд. Ду табиб тӯли ду ҳафта малакаи худро дар Туркия сайқал дода, аудиологияи навзодонро аз худ кард. Мудири шуъбаи бемориҳои асаб дар Ҷумҳурии Беларус аз такмили ихтисос гузашт. Мудири шуъбаи осебшиносӣ ва раддодӣ дар конфронси байналмилалии осебшиносон ва ортопедҳо, ки дар Ҷумҳурии Полша гузашт, иштирок ва баромад кард. Табибони шуъбаи наҷоти кӯдакон дар шаҳри Москва малакаи худро густариш доданд. Ду табиби дигар тӯли нуҳ рӯз аз ҳамтоҳои олмонӣ менеҷменти госпиталиро омӯхт.  
Мувофиқи протоколи созишномаи байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба таъсиси маркази перинаталӣ дар ҳудуди беморхона корҳои сохтмонӣ босуръат ҷараён дошта, тасмим аст, ки дар ҳудуди беморхона як бинои сеошёна сохта шуда, биноҳои шуъбаҳои таваллуд ва қабул аз таъмири куллӣ бароварда шаванд.
Арзиши лоиҳавии ин марказ 10 миллион евроро ташкил медиҳад, ки 3 миллиони он барои хариди навтарин таҷҳизоти тиббӣ пешбинӣ гардидааст. Бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ободкориҳои зиёд дар муассиса идома доранд, ки боиси хушҳолии мардум аст.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.02.2020    №: 35    Мутолиа карданд: 277
15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ МАЪРИФАТАФЗО ҶАМЪБАСТ ШУД

БМТ АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД

07.01.2021


ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

ВАРЗИШ

САТҲИ ҶАҲОНИИ ФАҚР БОРИ АВВАЛ ДАР 22 СОЛИ ОХИР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

06.01.2021


ТАҚДИМИ ТЕХНИКА БА КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ ВА ШАҲРИСТОН

СУҒД. 92 ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

ПУТИН ВА МЕРКЕЛ МАСЪАЛАИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 - РО БАРРАСӢ КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

05.01.2021


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

МАЪМУРИЯТИ БАЙДЕН НИЯТИ БО РОССИЯ ДОИР БА ССҲ БА МУВОФИҚА РАСИДАН ДОРАД

WORLD JUDO MASTERS

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «КИТОБИ СОЛ – 2020». ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

04.01.2021


ХОВАЛИНГ БА ҶАШНИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ОМОДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед