logo

Хабарҳо

ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ 53 НАФАР УНВОНҲОИ СОҲАРО ГИРИФТ

Дар Кумитаи миллии олимпӣ бо иштироки раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода ва котиби генералии Кумитаи миллии олимпӣ Муҳаммадшо Абдуллозода маросими унвонсупорӣ ба варзишгарону мураббиён ва кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор гашт.
Абдулло Раҳмонзода, раиси кумита, нахуст аз осорхонаи «Шарафи олимпӣ» дидан намуда, бо дастоварди варзишгарони Тоҷикистон дар даврони шӯравӣ ва соҳибистиқлолӣ шинос шуд.
Зимни чорабинӣ зикр гардид, ки аз ҷониби Роҳбарияти олии кишвар ба рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ, хоса аз лиҳози моддию молиявӣ ҳавасманд намудани варзишгарон, таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода мешавад. Чунончи, дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2015 “Дар бораи ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ” 5 амри Сарвари давлат ба тасвиб расида, 165 варзишгар ва мураббиёни онҳо ба маблағи 3 793 500 сомонӣ ҳавасманд гардиданд.
Дар натиҷаи баргузор намудани 5 ҷаласаи комиссияи унвондиҳии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2019, 739 нафар бо унвони “Номзади устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 150 нафар “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 39 нафар “Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ”, 13 нафар бо унвони фахрии “Мураббии шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 17 нафар бо унвони “Кормандаи шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” мушарраф гаштанд.
Чанде пеш аввалин бор маросими унвондиҳӣ баргузор гардид, ки дар он ба 24 нафар унвони “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 11 нафар “Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ”, як нафар “Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 10 нафар унвони фахрии “Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 7 нафар унвони фахрии “Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” дода шуд.
Маҳмуд БАҲРОМ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 607
14.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 80 ДАРСАД РАСИД

ХУҶАНД. КОРХОНАИ «СОМОН ГУРӮҲ» БА ФАЪОЛИЯТ МЕПАРДОЗАД

200 000 СОМОНӢ КУМАКИ БОБОИ МУҲИБ БА ТАБИБОНИ РАШТ

ЭНЕРГЕТИКА. НИЗОМИ МУОСИРИ НАЗОРАТ ВА ҲИСОБИ НЕРУИ БАРҚ

НИГАРОНӢ! 25 ҲОЛАТИ МАЙДААВБОШӢ ДАР ЯК РӮЗ

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ БА 3916 ШАҲРВАНД ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН РАСОНД

ЗАМИНА БА ТУХМИПАРВАРИИ ИБТИДОӢ

ТАДБИРҲОИ ЗАРУРӢ БАРОИ РАФЪ СОХТАНИ МУШКИЛИҲО

“ДАСТ БА ДАСТ”. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ БЕҲТАР ХОҲАД БУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО «МАНЧЕСТЕР СИТИ» ДАР ОН МЕМОНАД

РОССИЯ КАРАНТИНИ ҲАТМӢ БАРОИ ВОРИДШУДАҲОРО БЕКОР КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТОҶИКИСТОН. 5228 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЁРӢ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТИИ ВМКБ

ТОҶИКОБОД. ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКАИ БАРВАҚТӢ

ВМКБ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "ИСТИҚЛОЛ" МАРҲИЛАИ АВВАЛРО ДАР САДРИ ҶАДВАЛ ХАТМ КАРД

РОССИЯ ДАР ҶАҲОН НАХУСТИН ШУДА ОЗМОИШИ ВАКСИНАИ COVID - 19-РО АНҶОМ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед