logo

порлумон

ҚОНУНГУЗОРӢ. КОДЕКСИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ БА ТАСВИБ РАСИД

Дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва бо мақсади мутобиқ намудани қонунгузории кишвар ба талаботи конвенсияву созишномаҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ, ки кишвари мо онҳоро эътироф кардааст, лоиҳаи Кодекси нақлиёти  автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуд.
Ин нукта зимни баррасии  лоиҳаи кодекси мазкур дар Маҷлиси намояндагон аз ҷониби Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёт, ба вакилон ироа гардид. Мавсуф зикр кард, ки бо назардошти рушди бемайлони соҳаи нақлиёт дар минтақа ва навоварии механизмҳои муосир, ки қаблан дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа пешбинӣ нагардида буданд, дар идоракунӣ ва танзими давлатии нақлиёти автомобилӣ баъзе мушкилиҳоро ба миён меовард. Вобаста ба ин, дар лоиҳаи кодекс механизми васеи шарикии давлат ва бахши хусусӣ, механизмҳои нав барои таъмини рушди устувори соҳа ва беҳтар намудани сатҳу сифати хидматрасонии нақлиёти автомобилӣ ба аҳолӣ, ки қаблан дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа пурра фаро гирифта нашудааст, пешбинӣ гардидааст. Ҳамзамон, дар раванди ҳамлу нақл ҳолатҳое ҷой доранд, ки дар бозори хидматрасонии нақлиётӣ ширкатҳои беэътимод ва каммасъулият фаъолият намуда, пешниҳоди хидматрасонии нақлиётӣ аз ҷониби онҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда намешавад. Аз ин рӯ, дар лоиҳа талаботи эътибори мусбӣ ва салоҳнокии касбии кормандон пешбинӣ шудааст. Механизмҳои мазкур бо мақсади таъмини рақобати озод ва солим, рушди ширкатҳои боэътимод дар бозори хидматрасонии нақлиётӣ ва фарогирии аҳолӣ бо хидматрасонии самарабахшро дар бар мегирад.
Вазири нақлиёт изҳори қаноатмандӣ кард, ки солҳои охир соҳаи хидматрасонӣ тариқи нақлиёти сабукрав ва таксӣ дар кишварамон рушд ёфта, ба ин восита ҳазорҳо ҷойи корӣ таъсис дода шудааст. Ба гуфтаи ӯ, айни замон дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе 11 ширкати мусофирбар ба шаҳрвандон ба таври муосир хидмат мерасонад. Аз ин рӯ, дар лоиҳаи кодекс масъалаи танзим ва идоракунии давлатии хидматрасонӣ бо нақлиёти таксӣ пешбинӣ шудааст. Бо зиёд шудани воситаҳои нақлиёт дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла нақлиёти истифодаи умум, таъмини бехатарӣ дар раванди ҳамлу нақл яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, дар лоиҳа талабот нисбат ба таъмини бехатарии ҳамлу нақл низ муайян шудааст.
Дар ҷаласа зикр гардид, ки ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ яке аз самтҳои муҳими рушди иқтисодиёти кишвар маҳсуб меёбад. Бо мақсади рушди минбаъдаи ин самти муҳим ва таъмини муқаррароти конвенсияву созишномаҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, дар лоиҳа раванди татбиқи онҳо, аз ҷумла ҳамлу нақли борҳои хатарнок, зудвайроншаванда, калонҳаҷм ва вазнин, ба таври васеъ дарҷ гардидааст.

Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.02.2020    №: 36    Мутолиа карданд: 673
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед