logo

иҷтимоиёт

ХУДНАМОӢ ДАР ПЕШВОЗИ НАВЗОД. ЧАРО МУТАСАДДИЁН БЕТАРАФАНД?

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иқтисодии мардум, баланд бардоштани маданияти маъракаороии шаҳрвандон ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ 8 июни соли 2007 қабул гардид.
Ҷиҳати татбиқи қонуни миллӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳоти мамлакат 503 комиссияи доимӣ ва дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳое, ки на камтар аз 30 нафар корманд доранд, 6632 комиссияи ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросим фаъолият мекунад. Давоми 13 сол дар асоси дастури Сарвари давлат китобчаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо теъдоди як миллиону 100 ҳазор ва тафсири он бо теъдоди 60 ҳазор чоп гардида, ба ҳар як оила расонда шудааст.
Айни замон омӯзишу риояи қонуни миллӣ тамоми қишрҳои ҷомеаро фаро гирифтааст ва тавассути барномаҳои таълимиву истифодаи усулҳои гуногуни тарбиявӣ хонандагон низ аз урфу одатҳо огоҳ ҳастанд ва расму оинҳоро риоя мекунанд.
Зиндагӣ собит кард, ки иқдоми Пешвои миллат ҷиҳати қабули қонуни миллӣ барои муҳофизату нигоҳ доштани расму оин ва анъанаҳои миллӣ саривақтӣ ва зарурӣ буда, шароити зиндагии мардумро беҳтар карда, баргузории маъракаҳоро фароҳам овард. Мутаассифона, нафароне пайдо мешаванд, ки дидаву дониста талаботи қонунро вайрон карда, усулҳои нави баргузории маъракаро пеша мекунанд. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе аз таваллудхона бурдани навзод ба як тантанаи бошукӯҳ табдил ёфта истодааст.
Воқеан, таваллуди нахустфарзанд яке аз хушиҳои фараҳбахши зиндагист ва ба ҳаёти оилаи ҷавон ҳарорату саодати дигаре мебахшад. Аз ин ҷост, ки ин рӯйдоди беназирро тамоми аҳли оила бесаброна интизорӣ мекашанд. Ба хона овардани тифл бояд ба таври маъмулӣ бошад. Аммо баъзе волидайни ҷавон як ё ду мошинро бо лӯхтаку пуфак, гулу лента ва навиштаҷоти ҳархела оро дода, тифли навзодро ба хона мебаранд. Боиси нигаронӣ он аст, ки ин омил бо хароҷоти зиёд ба шакли мӯд даромада, боиси тақлиду пайравии сокинони кишвар гардида истодааст ва ба қавли Саъдии Шерозӣ: «Бунёди зулм дар ҷаҳон аввал андаке будааст…».
Хотиррасон мешавем, ки дар асоси талаботи моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ комиссияҳои ҷамъиятӣ таъсис дода шуда, ҳар се моҳ гузориши муфассал ба мақоми ваколатдор пешниҳод менамоянд. Фаъолияти кори комиссияи ҷамъиятии раёсати тандурустии шаҳри Душанбе низ хуб ба роҳ монда шудааст. Аммо сабаб чист, ки комиссияи ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросими таваллудхонаҳои шаҳри Душанбе ин усули нави хараҷу мараҷи беҳударо пешгирӣ намекунад? Зарур аст, ки аъзои комиссияи ҷамъиятӣ аз ҳисоби шахсони обрӯманду соҳибэҳтиром интихоб гардида, ба иҷрои уҳдадориҳои худ бомасъулият бошанд. Чунки рисолати асосии комиссияҳои ҷамъиятӣ – риояи талаботи Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” - ро назорат ва ҷиҳати пешгирии қонунвайронкунӣ дар ин самт тадбирҳои иловагиро пешбинӣ мекунанд.
Дар амалӣ намудани танзими расму оин ягон қувваи дигар бештар аз занон саҳм гирифта наметавонад ва танҳо модарон урфу одатҳоро дар зеҳну шуури наслҳо талқин мекунанд. Аз таваллуд то гусели навзод мавқеи занони табиб асосӣ буда, аксар вақт онҳо сабабгори зиёдаравӣ мегарданд.
Боварӣ дорем, ки масъулони комиссияҳои ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти дахлдор масъалаи мазкурро ба танзим дароварда, баҳри дар амал татбиқ гардидани қонуни миллӣ чораҳои зарурӣ меандешанд.

Одинашоҳ ВАЛИЗОДА,
мудири шуъбаи дин, танзими
анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.02.2020    №: 36    Мутолиа карданд: 483
15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ МАЪРИФАТАФЗО ҶАМЪБАСТ ШУД

БМТ АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД

07.01.2021


ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

ВАРЗИШ

САТҲИ ҶАҲОНИИ ФАҚР БОРИ АВВАЛ ДАР 22 СОЛИ ОХИР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

06.01.2021


ТАҚДИМИ ТЕХНИКА БА КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ ВА ШАҲРИСТОН

СУҒД. 92 ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

ПУТИН ВА МЕРКЕЛ МАСЪАЛАИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 - РО БАРРАСӢ КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

05.01.2021


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

МАЪМУРИЯТИ БАЙДЕН НИЯТИ БО РОССИЯ ДОИР БА ССҲ БА МУВОФИҚА РАСИДАН ДОРАД

WORLD JUDO MASTERS

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «КИТОБИ СОЛ – 2020». ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

04.01.2021


ХОВАЛИНГ БА ҶАШНИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ОМОДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед