logo

иҷтимоиёт

ПАЁМ. ТАТБИҚИ ПРИНСИПҲОИ АДОЛАТИ ИҶТИМОӢ

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ барои татбиқи принсипҳои адолати иҷтимоӣ – фароҳам овардани шароити хуби зиндагии шаҳрвандон, амалисозии қобилияту истеъдоди намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа, баробарии имкониятҳои шаҳрвандон, таъмини сатҳи баланди ҳифзи иҷтимоии онҳо чораҳои мушаххас меандешад.  Аз ҷумла, ба нақша гирифта шудааст, ки то Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо барои сокинони кишвар ҳар сол на кам аз 100 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шавад.
Воқеан, Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ ва адолатпеша давоми 7 соли охир барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва таъмини устувории низоми молиявии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа корҳои назаррасро анҷом дода, минбаъд низ ин кори хайрро давом хоҳад дод. Чунончи, буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барои соли 2020 дар ҳаҷми 3,2 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2013 қариб ду баробар зиёд мебошад.
Таҳти сарпарастии Ҳукумати кишвар 700 ҳазор нафар нафақахӯр, аз ҷумла 148 ҳазор маъюб, 5277 нафар ятими кулл ва 74 ҳазор ятим қарор доранд. Муассисаҳои пиронсолон ва маъюбон низ аз ҳисоби буҷети давлат маблағгузорӣ мешаванд.  Дар давоми 10 соли охир 3,2 баробар афзудани ҳаҷми маблағгузорӣ ба чунин муассисаҳо ва дар соли 2019 аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ҷудо кардани беш аз 102 миллион сомонӣ кумакпулиҳо барои шаҳрвандони имконияташон маҳдуд аз он далолат мекунад, ки гуманизм ва адолати иҷтимоӣ принсипҳои муҳимтарин ва ҷудонопазири сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон мебошанд.
Дар Паём расондани кумак ба оилаҳои камбизоат, ятиму бепарастор ва шахсони эҳтиёҷмандро Пешвои миллат кори хайр ва ибратомӯз арзёбӣ карда,  даъват намуданд, ки соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони саховатпеша дар чунин амалҳои хайру савоб шарики фаъоли сохторҳои давлатӣ бошанд. Давлат пайваста тадбирҳое меандешад, ки маблағҳои буҷетӣ самараноку суроғавӣ истифода гардида, табақаҳои ниёзманди ҷомеа аз онҳо бархӯрдор бошанд.
Чуноне ки Сарвари давлат қайд намуданд, дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар дастгирии молиявии муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва оилаҳои камбизоат аз ҳисоби Буҷети давлатӣ афзалият дорад ва ин бартарият дар солҳои минбаъда низ боқӣ мемонад. Бо мақсади дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа нафақаи шаҳрвандони маъюби то 18 - сола, инчунин, дигар гурӯҳҳои маъюбон, ки кор намекунанд ва ба нигоҳубин эҳтиёҷ доранд, аз 1 сентябри соли 2020 - ум 50 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он ба нафақаи нафақагироне, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” муқаррар гардидааст, баробар карда мешавад. Амалӣ гардидани чунин иқдоми нек имкон медиҳад, ки вазъи иҷтимоии қариб 30 ҳазор нафақагир беҳтар гардад.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоии нафақагирони кишвар аз 1 сентябри соли 2020 ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин, нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон 15 фоиз зиёд карда мешавад. Инчунин, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз ва музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда мешавад.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ самтҳои сиёсати иҷтимоии давлат барои солҳои минбаъда асоснок шуда, амалӣ сохтани тадбирҳои аниқ пешбинӣ гардидааст.

Назар Муъмин Абдуҷалол,
директори Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.02.2020    №: 37    Мутолиа карданд: 244
22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед