logo

иҷтимоиёт

"ДАСТАРХОНОРОӢ" - ОМИЛИ РУШДИ МАЛАКАИ ХОНАДОРӢ

Ҷиҳати риояи танзими  анъана ва ҷашну маросими миллӣ ва ба ин васила боз ҳам афзунтар намудани сатҳи некуаҳволии мардум ҳамасола дар кишвар тадбирҳои зиёди судманд амалӣ шуда истодаанд.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки боиси рушди оилаҳо, сарфаю сариштакорона истифода намудани даромади оилавӣ мегардад, дуруст ба роҳ мондаи харҷ мебошад. Дар ин замина, дар ҷумҳурӣ яке аз озмунҳои сирф миллӣ, ки маҳз дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ба вуҷуд омадааст, озмуни «Дастархонороӣ» роҳандозӣ гардид, ки натиҷаҳои хуб ва муваффақонаро дар пай овард. 
Кумитаи дин,  танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадор гардида буд, ки озмуни «Дастархонороӣ»- ро ҷамъбаст намояд.
Мақсад аз озмуни мазкур омӯзондани фарҳангу тамаддун ва суннатҳои миллӣ, аз қабили сарфаю сариштакорӣ дар оила, оростани дастархони меҳмондорӣ бо ғизоҳои табии ватанӣ бо истифодаи сарфакории моҳирона ва сифати оростани дастархон дар тӯю маъракаҳо дар оилаҳо аз тарафи ҷавондухтарон ва бонувони ҷавон мебошад. Зиёда аз ин, ба вуҷуд овардани шавқу рағбати ҷавондухтарон ва парвариш додани малакаҳои касбии онҳо дар мавриди дастархонороӣ зерҳадафи дигари озмун буд.
Он як навъ фаъолияти хуби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва мақомоти худидоракунии  шаҳрак ва деҳотро дар ин маврид инъикос кард.
 «Дастархонороӣ» дар се давр баргузор шуд. Даври аввал дар ҷамоатҳои деҳот, даври дуюм дар марказҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, даври сеюм дар пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе доир гардиданд.
 Дар даври сеюм ё худ ниҳоии озмун намояндагони 17 шаҳру ноҳияи мамлакат ширкат намуданд.
Ноҳияҳои Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сазовори ҷойҳои аввал ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми  даҳ ҳазор сомонӣ шуданд.
Ноҳияҳои Бобоҷон  Ғафурови вилояти Суғд ва Шаҳринав сазовори  ҷойҳои дуюм ва маблағи пулӣ ба миқдори панҷ ҳазор сомонӣ, шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, ноҳияҳои Варзоб ва Рашт сазовори ҷойҳои сеюм ва ҳар кадом ба мукофоти пулӣ ба миқдори се ҳазор сомонигӣ гардиданд.
Ҳамчунин, ноҳияи Айнӣ барои иштироки фаъолона ба ҷойи ифтихорӣ ва мукофоти пулӣ ба миқдори ду ҳазор сомонӣ ва иштирокчии ҷавонтарин аз ноҳияи Файзобод Муҳиба Мирзоева барои иштироки фаъолона  ба ҷойи ифтихорӣ ва мукофоти пулӣ ба миқдори ҳазор сомонӣ сазовор дониста шуданд.
Талабот ва шартҳои баҳодиҳӣ барои баргузории озмуни мазкур дар низомномаи озмуни «Дастархонороӣ» пешбинӣ шудааст. Қабл аз ҳама, масоили ороиш ва намуди дастархон, тарҳ ва нақшу нигори миллии матои дастархон, бо забони давлатӣ муаррифӣ кардан ва сабти навиштаҷот, риояи сарулибоси миллӣ, тарзи ҷобаҷогузории зарфҳо дар рӯи дастархон ва маҳз истеҳсоли ватанӣ будани маҳсулоти истифодашавандаро ба эътибор гирифтанд.
Вобаста ба талаботи низомнома ҳар як иштирокчӣ худро на ба сифати корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ё вазорату идораҳо, балки ҳамчун шаҳрванд ва ё кадбону муаррифӣ намуд.
Озмуни «Дастархонороӣ», ки  яке аз омилҳои муҳими такмили  малакаи хонадории бонувон маҳсуб мешавад, метавонад, дар сарфакорона истифода кардани даромадҳои хонаводагӣ саҳми назаррас гузорад.
Дар рафти озмуни «Дастархонороӣ» занону ҷавондухтарони ҳунарманд ҷамъ омада, бо мақсади камхарҷ оростани дастархон ва барои гузоштани маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва эҳёи хӯрокҳои миллӣ кӯшиш ба харҷ доданд.
Ба андешаи ин ҷониб, озмуни «Дастархонороӣ» бояд ҳамасола дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар доир бигардад ва он минбаъд рушду такомул ёбад.

Сайазам ҚОДИРЗОДА,
сармутахассиси шуъбаи дин,
танзими анъана ва ҷашну
маросими  Дастгоҳи иҷроияи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон      
                  
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.02.2020    №: 37    Мутолиа карданд: 314
26.01.2021


 ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 ҶАЛАСАИ ШӮРОИ НОЗИРОН ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

 ВОХӮРӢ БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ

 «ТОҶИКОН» БА НОҲИЯИ ЛАХШ РАСИД

 НАШРИ КИТОБНОМАИ ШАРҲИҲОЛИИ БОҚӢ РАҲИМЗОДА

 «ҒУНЧАҲОИ ХАТЛОН»

 МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН. БЕЭЪТИНОӢ НИСБАТ БА ОН БОИСИ ҶАВОБГАРӢ ШУД

 СОХТАКОРӢ. БОЗДОШТИ НАФАРОНЕ, КИ ҲУҶҶАТҲОИ ҚАЛБАКӢ МЕСОХТАНД

 ТАМАЪҶӮӢ ЗАНИ 32 – СОЛАРО БА КУРСИИ АЙБДОРӢ ШИНОНД

22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед