logo

Хабарҳо

КОДЕКСИ ОБ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБИРО БА ТАНЗИМ МЕДАРОРАД

Бо мақсади танзими давлатӣ ва назорат дар соҳаи истифода ва ҳифзи захираҳои оби кишвар дар Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав баррасӣ гардида, ба тасвиб расид.
Ҷамшед Шоимзода, муовини вазири энергетика ва захираҳои об, зимни баррасии лоиҳаи кодекси мазкур иброз дошт, ки он дар таҳрири нав ҷиҳати иҷрои банди 5 - и нақшаи чорабиниҳои Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2025, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015  таҳти № 791 тасдиқ гардидааст, таҳия шуд. Ҷиҳати омода намудани лоиҳаи мазкур гурӯҳи кории байниидоравӣ аз ҳисоби мутахассисони салоҳиятдори вазорату идораҳои дахлдор таъсис ёфта, дар раванди таҳияи он таҷрибаи миллӣ, байналмилалӣ, истеҳсолӣ, тағйироти ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ дар идоракунии давлатӣ дар соҳаи об ва фикру хулосаҳои мақомоте, ки бевосита ба масоили об сарукор доранд, ба инобат гирифта шудааст.
Муовини вазир гуфт, ки Кодекси оби амалкунанда соли 2000 - ум қабул гардидааст. Дар 19 соли минбаъда ҷиҳати рушди некуаҳволии мардум ва иқтисодиёти кишвар сохторҳои мавҷудбудаи идоракунии давлатӣ дар соҳаи об такмил дода шуда, махзани қонунгузории танзимкунандаи соҳавӣ куллан дигаргун гардид. Аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об», «Дар бораи оби нушокӣ ва рафъи обҳои партов», «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ», «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва дигар санадҳои меъёрӣ қабул гардидаанд. Қабули кодекси мазкур баҳри амалӣ намудани танзими ҳуқуқии муносибатҳои обӣ, таъмини идоракунии устувор, эҳтиёҷоти аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодиёт, ҳифзи объектҳои обӣ аз ифлосшавӣ, коҳишёбӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани таъсири манфии об мусоидат хоҳад кард.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 191
02.04.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БО ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКОБОД БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТАНД

САЙЁҲӢ. ТАШКИЛИ 12 ХАТСАЙРИ НАВ

ШИРКАТИ 42 ЛЕГИОНЕР ДАР ЧЕМПИОНАТИ НАВБАТИИ ТОҶИКИСТОН

СУТ РАСМАН ДАР ТОҶИКИСТОН НАБУДАНИ КОРОНАВИРУСРО ТАСДИҚ НАМУД

ГАРДИШИ МОЛ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА КИШВАРҲОИ СҲШ АЗ НИМ МИЛЛИАРД ДОЛЛАР БОЛО РАФТ

АРАБИСТОНИ САУДӢ: "АЗ САФАР БА ҲАҶ ХУДДОРӢ КУНЕД!"

СОКИНИ 101 - СОЛАИ НИДЕРЛАНД АЗ COVID-19 ҶОН БА САЛОМАТ БУРД

Ҷаҳон дар як сатр

01.04.2020


ХАТЛОН. ҶОИЗА БАРОИ МУҲАҚҚИҚОНИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА ДАҚИҚ

СУҒД. БЕШ АЗ 30 КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ОРДУ РАВҒАН

НУФУЗИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ БА МАРҲИЛАИ СИФАТАН НАВ ВОРИД ШУД

«ҚАҲРАМОНИ АБАДӢ - ТЕМУРМАЛИК» ДАР ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ БА ТАБЪ РАСИД

ТОКИО. САНАИ БАРГУЗОРИИ БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ МАЪЛУМ ШУД

ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ЛАХШ

ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ. ИҶРОИ БАРНОМА МУҲОКИМА ГАРДИД

СУТ: 165 ҲАЗОР БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС БА ТОҶИКИСТОН АФЗОРИ ЗАРУРӢ ФИРИСТОД

ДАР УХАН БЕШ АЗ 60 БЕМОРХОНА БА НИЗОМИ МУҚАРРАРИИ ФАЪОЛИЯТ БАРГАШТ

ТАБИБОНИ ОЛМОНӢ 16 ҲАЗОР БЕМОРРО АЗ КОРОНАВИРУС НАҶОТ ДОДАНД

ПУТИН ВА ТРАМП НАРХИ КУНУНИИ НАФТРО БА МАНФИАТИ ДУ КИШВАР СОЗГОР НАМЕШУМОРАНД

ДАР ТУРКМАНИСТОН ИСТИФОДАИ КАЛИМАИ КОРОНАВИРУС МАНЪ ГАШТ

Ҷаҳон дар як сатр

31.03.2020


РОҒУН. ВАРЗИШ РӮ БА РУШД ДОРАД

КОРРУПСИЯ РОҲБАРИ АССОТСИАТСИЯРО БА КУРСИИ АЙБДОРӢ НИШОНД

ОДАМКУШӢ. ХУШУНАТИ ОИЛАВИЕ, КИ БО МАРГ АНҶОМ ШУД

ДУЗДӢ. ГУМОНБАР БОЗДОШТ ГАРДИД

Ҷаҳон дар як сатр

РОССИЯ РОҲИ ТАБОБАТИ КОРОНАВИРУСРО ПАЙДО КАРД

ДАР ҚИРҒИЗИСТОН НАХУСТИН БЕМОРОНИ ВИРУСИ НАВ ШИФО ЁФТАНД

ПУТИН ВА ТРАМП МАСОИЛИ COVID-19 ВА НАРХИ НАФТРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ИНДУСТРИЯИ МӮДИ ИТАЛИЯ РӮЗЕ 1,5 МИЛЛИОН НИҚОБИ ТИББӢ ХОҲАД БАРОВАРД

30.03.2020


"АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ"

БӮСТОН. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ САНОАТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед