logo

иқтисод

ХАТЛОН. ТАШАББУСҲОЕ, КИ ҚОБИЛИ ВАСФАНД

Таҷлили шоиста аз бузургдошти 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарият ва фаъолони вилояти Хатлон қарор дошта, тасмим аст, дар ҳамин замина, дар маҷмӯъ, 7 ҳазору 400 иншоот бунёд карда шавад.
Ба қавли Маҳмадрасул Раҷабзода, мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, пас аз дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои муфиди Президенти кишвар, бахусус, соҳибкорон беш аз ҳар вақти дигар соҳибташаббус шуданд. “Аз ҷамъи умумии иншооти ҷашнӣ, ки масрафашон наздик ба 1 миллиард сомонӣ ҳисоб шудааст, 90 дарсадашро маҳз соҳибкорони маҳаллӣ сохтанианд”, - афзуд ӯ.
Дар 3 ҳазору 580 иншоот сохтмон ба анҷом расид. То охири соли ҷорӣ бояд бунёди 2 ҳазору 104 иншоот анҷом ёбад. Фақат дар як моҳи январ 55 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки асосан кӯдакистон, мактаб, муассисаи тандурустӣ, варзишгоҳи хурд, қасри фарҳанг, боғи фарҳангӣ - фароғатӣ, коргоҳ ва корхона мебошанд.
Зарина Давлатзода, раиси шаҳри Левакант, мегӯяд, ки тибқи нақша -  чорабиниҳо то 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ 100 иншооти ҷашнӣ эъмор мегардад. Аз ҷумла, соли 2018-ум 8 иншоот бо арзиши 2,5 миллион сомонӣ, соли 2019-ум 18 иншоот бо арзиши 9,5 миллион сомонӣ, сохта шуданд, соли 2020-ум 36 иншоот бо арзиши 108,8 миллион сомонӣ ва соли 2021 зиёда аз 20 иншоот бо арзиши 13,8 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд, ки мансуб ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, иҷтимоиёт ва истеҳсолот мебошанд.
Ба рушди инфрасохтори деҳот таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад, бо ин мақсад то имрӯз чор майдончаи варзишӣ, се сехи дӯзандагӣ, се маркази хизматрасонии техникӣ, чор маркази савдо, як кошонаи ҳусну сартарошхона, қаҳвахона, дукони таҳмолпазӣ, маркази хизматрасонӣ, дорухона ва ду маркази саломатии нав барои хизмат ба мардум вогузор шуданд. Таҷдид, азнавсозии роҳравҳою равшан кардани кӯчаҳои марказии шаҳр, сангфаршу мумфаршкунии роҳҳои байнидеҳавӣ, обгузаронию азнавсозии хати оби мавҷуда ва бунёди як пул низ ба анҷом расид. Бо саҳми соҳибкорони ватандӯст боғи фарҳангӣ - фароғатӣ бо харҷи 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ таҷдид шуда, барои бозии кӯдакону наврасон ҳашт навъи арғунчак насб гардид.
Дар ноҳияи Ёвон, ба иттилои раиси ноҳия Ҷамшед Саидзода, бунёди 341 иншоот дар нақша аст. То имрӯз 189 иншоот ба истифода супурда шуд. Аз ҷумла, дар шаҳраки Ёвон маркази дилхушии кӯдакону наврасон, дар деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов муассисаи таълимӣ, сартарошхона ва пули мошингузар, дар деҳоти Норин маркази хизматрасонӣ ва сехи дӯзандагӣ, дар деҳоти Даҳана мағозаи замонавӣ, дар деҳоти Ситораи Сурх нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва таъмири техникӣ, дар шаҳраки Ҳаёти Нав маркази савдо, нуқтаи хидматрасонӣ ва майдончаҳои варзиш, дар деҳоти Обшорон нуқтаҳои шустушӯи нақлиёт ва сехи дӯзандагӣ, дар деҳоти ба номи Г. Юсуфова мағозаи замонавӣ, дар деҳоти Чоргул бошишгоҳи саҳроӣ ва ду дорухона бунёд гардидаанд. Ҳамчунин, дар доираи чорабиниҳо бо саҳми соҳибкорон дар кӯчаи Ҷомии шаҳраки Ёвон зиёда аз ду километр, дар деҳаи Даҳанаи деҳоти Даҳана ду километр, дар деҳаи Калфи Сабади деҳоти Ситораи Сурх 1,1 километр роҳ мумфарш ва 51,1 километр роҳи аҳамияти маҳаллӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, дар дигар шаҳраку деҳот 62 километр роҳ сангфарш ва масофаи зиёда аз 1 километр шоҳроҳи Ёвон - Душанбе дар ҳудуди деҳоти Даҳана, 3,8 километр дар кӯчаҳои Меҳвар, А. Ҷомӣ, М. Турсунзодаи шаҳраки Ёвон чароғон ва дар шаш деҳа трансформаторҳои нав насб гардиданд.  Масофаи 15 километр хати барқ аз таъмир баромад. Ҳамчунин, панҷ деҳаи деҳоти Обшорон, Норин, Ситораи Сурх ва ба номи Ҳ. Ҳусейнов бо оби нӯшокӣ таъмин гашт.
Дар ноҳияи Панҷ, - мегӯяд раиси ноҳия Зарифхӯҷа Шоҳиён, то санаи мубораки умумимиллӣ бунёди 202 иншоот ба маблағи 96,4 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 98 иншоот ба маблағи 24,9 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор гирифт. Инҳо 4 бинои маъмурӣ, 19 майдончаи варзиш, 10 сартарошхона, коргоҳи истеҳсоли айнак, маркази ташхисию табобатӣ, 14 бунгоҳи тиббӣ, 9 мактаб ва кӯдакистон, 4 корхонаи хурди истеҳсолӣ ва дӯзандагӣ, таъмири роҳҳо, таҷдиди 46 пул, 10 маркази савдо ва нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ, 4 гармхона ва фермаи чорводорӣ, таъмири пойгоҳҳои обрасонӣ, 5 хати оби нӯшокӣ, чароғонкунии кӯчаҳо, мумфаршсозӣ ва сангфаршкунии роҳҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мебошанд.
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ то рӯзи ҷашн бунёду таъмир, барқарор ва азнавсозии биною иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла иншооти соҳаи тандурустӣ, маориф, фарҳанг, маъмурӣ, хизматрасонӣ, варзишӣ, корхонаҳои саноатӣ, инчунин, сохтмони пул ва роҳҳо пешбинӣ шуда, то имрӯз  98 биною иншоот ба истифода дода шудааст. Сохтмони 23 иншоот ба анҷом расида, дар 76 биною иншоот корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Дар ноҳияи Вахш қаблан бунёди 209 иншоот ба нақша гирифта шуда буд. Аммо бо дархост ва муроҷиатҳои иловагии соҳибкорони маҳаллӣ теъдоди иншооти сохташаванда 342 адад муқаррар гашт. Дар ду сол 127 иншоот сохта шуд, ки 37,1 дарсади нақша аст.
Дар ноҳияи Шаҳритуз сохтмони 365 иншооти ҷашнӣ дар назар аст. Аллакай бунёди 204 биною иншооти иҷтимоию хизматрасонӣ анҷом ёфт.
Дар ноҳияи Хуросон 113 иншоот ба истифода дода шуд.
Бунёдкорию ташаббусҳои қобили васф, ки дар ҳама шаҳру навоҳии вилояти Хатлон бомаром ҷараён доранд, моро аз ояндаи боз ҳам дурахшон, ва серу пур башорат медиҳанд.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.02.2020    №: 38    Мутолиа карданд: 223
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед