logo

Хабарҳо

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

Тибқи қонунгузории интихобот, дар қасри фарҳанги ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Деваштич мулоқоти гурӯҳи кории Кумитаи марказии  иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо интихобкунандагон баргузор шуд.
Дар он  раиси ноҳия Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Латифзода, раиси бахши ҲХДТ дар вилояти Суғд Матлубахон Сатториён, номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Исмоилзода Зуфар Муртазохон, роҳбарони корхонаву муассисаҳо, маҳаллаҳо ва ташкилотҳои ибтидоӣ иштирок намуданд.
Асрор Латифзода иброз намуд, ки шиори барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Барои пешрафт ва зиндагии осоиштаи мардум» буда, самтҳои муҳимтарини рушди мамлакатро барои солҳои  2020 – 2025 фаро мегирад. Таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлативу ваҳдати миллӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, боз ҳам баландтар бардоштани сатҳи иқтисодиву, иҷтимоӣ, ривоҷу равнақи  соҳаҳои маориф ва илм, тандурустӣ, фарҳанг ва такмили қонунгузорӣ аз  ҳадафҳои муҳимтарини барнома мебошад.
Дар вохӯрӣ изҳори бовар шуд, ки интихобкунандагони ноҳияи Деваштич барои муташаккилона ва дар сатҳи баланд гузаштани ин маъракаи муҳими сиёсӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Нилуфар НОСИРОВА,  ноҳияи Деваштич
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 231
02.04.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БО ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКОБОД БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТАНД

САЙЁҲӢ. ТАШКИЛИ 12 ХАТСАЙРИ НАВ

ШИРКАТИ 42 ЛЕГИОНЕР ДАР ЧЕМПИОНАТИ НАВБАТИИ ТОҶИКИСТОН

СУТ РАСМАН ДАР ТОҶИКИСТОН НАБУДАНИ КОРОНАВИРУСРО ТАСДИҚ НАМУД

ГАРДИШИ МОЛ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА КИШВАРҲОИ СҲШ АЗ НИМ МИЛЛИАРД ДОЛЛАР БОЛО РАФТ

АРАБИСТОНИ САУДӢ: "АЗ САФАР БА ҲАҶ ХУДДОРӢ КУНЕД!"

СОКИНИ 101 - СОЛАИ НИДЕРЛАНД АЗ COVID-19 ҶОН БА САЛОМАТ БУРД

Ҷаҳон дар як сатр

01.04.2020


ХАТЛОН. ҶОИЗА БАРОИ МУҲАҚҚИҚОНИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА ДАҚИҚ

СУҒД. БЕШ АЗ 30 КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ОРДУ РАВҒАН

НУФУЗИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ БА МАРҲИЛАИ СИФАТАН НАВ ВОРИД ШУД

«ҚАҲРАМОНИ АБАДӢ - ТЕМУРМАЛИК» ДАР ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ БА ТАБЪ РАСИД

ТОКИО. САНАИ БАРГУЗОРИИ БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ МАЪЛУМ ШУД

ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ЛАХШ

ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ. ИҶРОИ БАРНОМА МУҲОКИМА ГАРДИД

СУТ: 165 ҲАЗОР БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС БА ТОҶИКИСТОН АФЗОРИ ЗАРУРӢ ФИРИСТОД

ДАР УХАН БЕШ АЗ 60 БЕМОРХОНА БА НИЗОМИ МУҚАРРАРИИ ФАЪОЛИЯТ БАРГАШТ

ТАБИБОНИ ОЛМОНӢ 16 ҲАЗОР БЕМОРРО АЗ КОРОНАВИРУС НАҶОТ ДОДАНД

ПУТИН ВА ТРАМП НАРХИ КУНУНИИ НАФТРО БА МАНФИАТИ ДУ КИШВАР СОЗГОР НАМЕШУМОРАНД

ДАР ТУРКМАНИСТОН ИСТИФОДАИ КАЛИМАИ КОРОНАВИРУС МАНЪ ГАШТ

Ҷаҳон дар як сатр

31.03.2020


РОҒУН. ВАРЗИШ РӮ БА РУШД ДОРАД

КОРРУПСИЯ РОҲБАРИ АССОТСИАТСИЯРО БА КУРСИИ АЙБДОРӢ НИШОНД

ОДАМКУШӢ. ХУШУНАТИ ОИЛАВИЕ, КИ БО МАРГ АНҶОМ ШУД

ДУЗДӢ. ГУМОНБАР БОЗДОШТ ГАРДИД

Ҷаҳон дар як сатр

РОССИЯ РОҲИ ТАБОБАТИ КОРОНАВИРУСРО ПАЙДО КАРД

ДАР ҚИРҒИЗИСТОН НАХУСТИН БЕМОРОНИ ВИРУСИ НАВ ШИФО ЁФТАНД

ПУТИН ВА ТРАМП МАСОИЛИ COVID-19 ВА НАРХИ НАФТРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ИНДУСТРИЯИ МӮДИ ИТАЛИЯ РӮЗЕ 1,5 МИЛЛИОН НИҚОБИ ТИББӢ ХОҲАД БАРОВАРД

30.03.2020


"АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ"

БӮСТОН. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ САНОАТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед