logo

Хабарҳо

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Дар шаҳри Душанбе омодагӣ ба таҷлили сазовори Ҷашни байналмилалии Наврӯз - 2020 оғоз ёфт. Бо қарори раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ҷашн тасдиқ гардид.
Наврӯз яке аз ҷашнҳои пуршукӯҳтарин, зеботарин ва қадимтарини ниёгони мо маҳсуб ёфта, дар пайи талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарварони кишварҳои Шарқ, назири Эрон, Туркия, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Афғонистон ва дастгирии давлатҳои дигари аъзои Созмони Милали Муттаҳид Ассамблеяи  генералии СММ соли 2010 дар иҷлосияи 64-уми худ онро ҷашни байналмилалӣ ва 21 мартро рӯзи Ҷашни байналмилалии Наврӯз эълом намуд. Аслан, Наврӯзи мардуми ориёинажод садсолаҳо боз байналмилалӣ (ғайрирасмӣ) шуда буд ва мардумони қавму миллатҳои гуногун онро бо шукӯҳи хос истиқбол мегирифтанд.
Омодагӣ ба Наврӯз дар байни аҷдодони мо ба суннати миллӣ табдил ёфтааст. Тозаю озода намудан ва перостани хонаю дар, ҳавлию кӯча, маҳалла ва шаҳр аз вижагиҳои фарҳанги миллии омодагӣ ба ин ҷашни куҳан мебошанд.
Тавре аз раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳр ба «Ҷумҳурият» хабар доданд, эҳтиром ба фарҳанги миллӣ, боло бурдани ҳисси худшиносӣ, хосса дар байни ҷавонону наврасон, ҳифзи ҳувияти миллӣ ва ифтихор аз гузаштагони тамаддунэҷоди худ аз ҳадафҳои асосии омодагӣ ба ин ҷашнанд.
Рустами Эмомалӣ масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва сохторҳои дахлдорро вазифадор намуд, ки барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани ҷашни умумишаҳрии Наврӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳо омодагии ҷиддӣ гиранд.
Ёдовар мешавем, ки имсол ҷашни ҷумҳуриявии Наврӯз дар вилояти Суғд баргузор мегардад.

С. РАҶАБЗОДА, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 242
02.04.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БО ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКОБОД БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТАНД

САЙЁҲӢ. ТАШКИЛИ 12 ХАТСАЙРИ НАВ

ШИРКАТИ 42 ЛЕГИОНЕР ДАР ЧЕМПИОНАТИ НАВБАТИИ ТОҶИКИСТОН

СУТ РАСМАН ДАР ТОҶИКИСТОН НАБУДАНИ КОРОНАВИРУСРО ТАСДИҚ НАМУД

ГАРДИШИ МОЛ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА КИШВАРҲОИ СҲШ АЗ НИМ МИЛЛИАРД ДОЛЛАР БОЛО РАФТ

АРАБИСТОНИ САУДӢ: "АЗ САФАР БА ҲАҶ ХУДДОРӢ КУНЕД!"

СОКИНИ 101 - СОЛАИ НИДЕРЛАНД АЗ COVID-19 ҶОН БА САЛОМАТ БУРД

Ҷаҳон дар як сатр

01.04.2020


ХАТЛОН. ҶОИЗА БАРОИ МУҲАҚҚИҚОНИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА ДАҚИҚ

СУҒД. БЕШ АЗ 30 КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ОРДУ РАВҒАН

НУФУЗИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ БА МАРҲИЛАИ СИФАТАН НАВ ВОРИД ШУД

«ҚАҲРАМОНИ АБАДӢ - ТЕМУРМАЛИК» ДАР ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ БА ТАБЪ РАСИД

ТОКИО. САНАИ БАРГУЗОРИИ БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ МАЪЛУМ ШУД

ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ЛАХШ

ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ. ИҶРОИ БАРНОМА МУҲОКИМА ГАРДИД

СУТ: 165 ҲАЗОР БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС БА ТОҶИКИСТОН АФЗОРИ ЗАРУРӢ ФИРИСТОД

ДАР УХАН БЕШ АЗ 60 БЕМОРХОНА БА НИЗОМИ МУҚАРРАРИИ ФАЪОЛИЯТ БАРГАШТ

ТАБИБОНИ ОЛМОНӢ 16 ҲАЗОР БЕМОРРО АЗ КОРОНАВИРУС НАҶОТ ДОДАНД

ПУТИН ВА ТРАМП НАРХИ КУНУНИИ НАФТРО БА МАНФИАТИ ДУ КИШВАР СОЗГОР НАМЕШУМОРАНД

ДАР ТУРКМАНИСТОН ИСТИФОДАИ КАЛИМАИ КОРОНАВИРУС МАНЪ ГАШТ

Ҷаҳон дар як сатр

31.03.2020


РОҒУН. ВАРЗИШ РӮ БА РУШД ДОРАД

КОРРУПСИЯ РОҲБАРИ АССОТСИАТСИЯРО БА КУРСИИ АЙБДОРӢ НИШОНД

ОДАМКУШӢ. ХУШУНАТИ ОИЛАВИЕ, КИ БО МАРГ АНҶОМ ШУД

ДУЗДӢ. ГУМОНБАР БОЗДОШТ ГАРДИД

Ҷаҳон дар як сатр

РОССИЯ РОҲИ ТАБОБАТИ КОРОНАВИРУСРО ПАЙДО КАРД

ДАР ҚИРҒИЗИСТОН НАХУСТИН БЕМОРОНИ ВИРУСИ НАВ ШИФО ЁФТАНД

ПУТИН ВА ТРАМП МАСОИЛИ COVID-19 ВА НАРХИ НАФТРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ИНДУСТРИЯИ МӮДИ ИТАЛИЯ РӮЗЕ 1,5 МИЛЛИОН НИҚОБИ ТИББӢ ХОҲАД БАРОВАРД

30.03.2020


"АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ"

БӮСТОН. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ САНОАТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед