logo

Хабарҳо

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

Бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар пойтахти мамлакат даври умумишаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Дастар-хонороӣ» баргузор гардид.
Дар озмуни умумишаҳрӣ онҳое ширкат варзиданд, ки дар даври ноҳиявӣ бо ҳунари воло ва идроки нозукиҳои анъанавии ин бахши фарҳанги миллӣ дили тамошобинон ва ҳакамонро тасхир намуда, ғолиб омаданд ва ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд.
Озмуни «Дастархонороӣ» дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 баргузор мегардад ва ҳадаф аз он бо истифода аз фарҳанги ғании ниёгон омӯзиши ҳунармандона, сарфакорона ва зебою моҳирона оростани дастархон дар базму маъракаҳо мебошад.
Дар Душанбе озмуни «Дастархонороӣ» мувофиқи қарори раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ дар ду давр - ноҳиявӣ ва умумишаҳрӣ доир гардид.  Ҳакамони даври шаҳрӣ низ ба ҳунари иштирокчиёни озмун аз рӯи тарзи истифодаи сарфакоронаю моҳирона оростани дастархон, зебо, хушоянд ва дилписанд будан, риояи анъанаҳои миллӣ ва ба замона мутобиқат кардани дастархони оросташуда баҳогузорӣ намуданд. Дар ҷамъбасти озмун дастархонороёни ноҳияҳои Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур се ҷойи аввалро ба даст оварда, бо 5000, 3000, 1000 сомонӣ (мутаносибан) ва туҳфаҳои таъсисдодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонда шуданд. Ғолибон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Ҷойи ифтихор аст, ки дастархонороӣ ва меҳмоннавозӣ аз хислатҳои хоссаи мардуми фарҳангэҷоди тоҷик ба шумор мераванд.  Тоҷикон мардуми қадимтарини Осиёи Марказӣ буда, дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ бо мероси ғании фарҳанги моддӣ ва ғайримоддӣ мақоми шоиста касб намудаанд. Дастархонороии тоҷикон ҷузъи анъанаҳои фарҳанги меҳмоннавозии миллӣ ба шумор рафта, дар байни ҷаҳониён бо вижагии истифодаи анвои сабзавот, сабзаҷоту меваҳои шаҳдбор, намудҳои гуногуни нону маҳсулоти қаннодӣ ва маҳсулоти дигари дастпаз фарқ мекунад.

С. РАҶАБЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 224
02.04.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БО ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКОБОД БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТАНД

САЙЁҲӢ. ТАШКИЛИ 12 ХАТСАЙРИ НАВ

ШИРКАТИ 42 ЛЕГИОНЕР ДАР ЧЕМПИОНАТИ НАВБАТИИ ТОҶИКИСТОН

СУТ РАСМАН ДАР ТОҶИКИСТОН НАБУДАНИ КОРОНАВИРУСРО ТАСДИҚ НАМУД

ГАРДИШИ МОЛ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА КИШВАРҲОИ СҲШ АЗ НИМ МИЛЛИАРД ДОЛЛАР БОЛО РАФТ

АРАБИСТОНИ САУДӢ: "АЗ САФАР БА ҲАҶ ХУДДОРӢ КУНЕД!"

СОКИНИ 101 - СОЛАИ НИДЕРЛАНД АЗ COVID-19 ҶОН БА САЛОМАТ БУРД

Ҷаҳон дар як сатр

01.04.2020


ХАТЛОН. ҶОИЗА БАРОИ МУҲАҚҚИҚОНИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА ДАҚИҚ

СУҒД. БЕШ АЗ 30 КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ОРДУ РАВҒАН

НУФУЗИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ БА МАРҲИЛАИ СИФАТАН НАВ ВОРИД ШУД

«ҚАҲРАМОНИ АБАДӢ - ТЕМУРМАЛИК» ДАР ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ БА ТАБЪ РАСИД

ТОКИО. САНАИ БАРГУЗОРИИ БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ МАЪЛУМ ШУД

ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ЛАХШ

ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ. ИҶРОИ БАРНОМА МУҲОКИМА ГАРДИД

СУТ: 165 ҲАЗОР БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС БА ТОҶИКИСТОН АФЗОРИ ЗАРУРӢ ФИРИСТОД

ДАР УХАН БЕШ АЗ 60 БЕМОРХОНА БА НИЗОМИ МУҚАРРАРИИ ФАЪОЛИЯТ БАРГАШТ

ТАБИБОНИ ОЛМОНӢ 16 ҲАЗОР БЕМОРРО АЗ КОРОНАВИРУС НАҶОТ ДОДАНД

ПУТИН ВА ТРАМП НАРХИ КУНУНИИ НАФТРО БА МАНФИАТИ ДУ КИШВАР СОЗГОР НАМЕШУМОРАНД

ДАР ТУРКМАНИСТОН ИСТИФОДАИ КАЛИМАИ КОРОНАВИРУС МАНЪ ГАШТ

Ҷаҳон дар як сатр

31.03.2020


РОҒУН. ВАРЗИШ РӮ БА РУШД ДОРАД

КОРРУПСИЯ РОҲБАРИ АССОТСИАТСИЯРО БА КУРСИИ АЙБДОРӢ НИШОНД

ОДАМКУШӢ. ХУШУНАТИ ОИЛАВИЕ, КИ БО МАРГ АНҶОМ ШУД

ДУЗДӢ. ГУМОНБАР БОЗДОШТ ГАРДИД

Ҷаҳон дар як сатр

РОССИЯ РОҲИ ТАБОБАТИ КОРОНАВИРУСРО ПАЙДО КАРД

ДАР ҚИРҒИЗИСТОН НАХУСТИН БЕМОРОНИ ВИРУСИ НАВ ШИФО ЁФТАНД

ПУТИН ВА ТРАМП МАСОИЛИ COVID-19 ВА НАРХИ НАФТРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ИНДУСТРИЯИ МӮДИ ИТАЛИЯ РӮЗЕ 1,5 МИЛЛИОН НИҚОБИ ТИББӢ ХОҲАД БАРОВАРД

30.03.2020


"АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ"

БӮСТОН. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ САНОАТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед