logo

Хабарҳо

РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

Бо ташаббуси муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии шаҳри Душанбе ва Комиссияи иқтисодию иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором (ЕСАР ЭСКАТО) 17-18 феврали соли ҷорӣ дар пойтахти кишвар доир ба рушди устувори шаҳрсозӣ семинари дурӯза баргузор гардид.
Мутахассисону коршиносон, олимону муҳаққиқони варзидаи байналмилалӣ, меъморону шаҳрсозони тоҷик ва масъулони сохтору идораҳои марбутаи кишвар перомуни масоили рушди устувори шаҳрсозии навин бо усулҳои инноватсионӣ ва навигариҳои шаҳрсозии муосир табодули таҷриба ва андеша намуданд.
Тавре зикр шуд, Комиссияи иқтисодию иҷтимоии СММ оид ба Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором тасмим гирифтааст, ки бо мақсади ёрӣ ба шаҳрсозони Душанбе дар рушди шаҳрсозӣ лоиҳаи нави таҷрибавии «Ояндаи шаҳрсозии устувор: дастгирии тарҳрезии рушди инфрасохтор дар шаҳрҳо»-ро роҳандозӣ намояд.
Пешравиҳои назарраси рушди шаҳрсозию меъморӣ дар шаҳри Душанбе аз назари мутахассисон ва ниҳодҳои байналмилалӣ низ ниҳон намондаанд. Ҳамин аст, ки аз ҷониби комиссияи номбаршудаи СММ барои истифодаи усулҳои инноватсионии шаҳрсозии устувор ҳамчун таҷрибаи аввалин маҳз шаҳри Душанбе – пойтахти Тоҷикистон интихоб шуд.
Ҳадафи лоиҳа тарҳрезии  беҳтари рушди устувори инфрасохтор, идоракунии шаҳрсозӣ тавассути таҳия ва истифодаи технология ва усулҳои муосири имконпазир, сармоягузорӣ барои истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, баровардани эҳтиёҷоти молиявии сокинон ва рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе арзёбӣ гардид.
Дар ин бора ба «Ҷумҳурият» аз раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.

С. РАҶАБЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 232
02.04.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БО ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКОБОД БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТАНД

САЙЁҲӢ. ТАШКИЛИ 12 ХАТСАЙРИ НАВ

ШИРКАТИ 42 ЛЕГИОНЕР ДАР ЧЕМПИОНАТИ НАВБАТИИ ТОҶИКИСТОН

СУТ РАСМАН ДАР ТОҶИКИСТОН НАБУДАНИ КОРОНАВИРУСРО ТАСДИҚ НАМУД

ГАРДИШИ МОЛ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА КИШВАРҲОИ СҲШ АЗ НИМ МИЛЛИАРД ДОЛЛАР БОЛО РАФТ

АРАБИСТОНИ САУДӢ: "АЗ САФАР БА ҲАҶ ХУДДОРӢ КУНЕД!"

СОКИНИ 101 - СОЛАИ НИДЕРЛАНД АЗ COVID-19 ҶОН БА САЛОМАТ БУРД

Ҷаҳон дар як сатр

01.04.2020


ХАТЛОН. ҶОИЗА БАРОИ МУҲАҚҚИҚОНИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА ДАҚИҚ

СУҒД. БЕШ АЗ 30 КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ОРДУ РАВҒАН

НУФУЗИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ БА МАРҲИЛАИ СИФАТАН НАВ ВОРИД ШУД

«ҚАҲРАМОНИ АБАДӢ - ТЕМУРМАЛИК» ДАР ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ БА ТАБЪ РАСИД

ТОКИО. САНАИ БАРГУЗОРИИ БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ МАЪЛУМ ШУД

ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ЛАХШ

ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ. ИҶРОИ БАРНОМА МУҲОКИМА ГАРДИД

СУТ: 165 ҲАЗОР БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС БА ТОҶИКИСТОН АФЗОРИ ЗАРУРӢ ФИРИСТОД

ДАР УХАН БЕШ АЗ 60 БЕМОРХОНА БА НИЗОМИ МУҚАРРАРИИ ФАЪОЛИЯТ БАРГАШТ

ТАБИБОНИ ОЛМОНӢ 16 ҲАЗОР БЕМОРРО АЗ КОРОНАВИРУС НАҶОТ ДОДАНД

ПУТИН ВА ТРАМП НАРХИ КУНУНИИ НАФТРО БА МАНФИАТИ ДУ КИШВАР СОЗГОР НАМЕШУМОРАНД

ДАР ТУРКМАНИСТОН ИСТИФОДАИ КАЛИМАИ КОРОНАВИРУС МАНЪ ГАШТ

Ҷаҳон дар як сатр

31.03.2020


РОҒУН. ВАРЗИШ РӮ БА РУШД ДОРАД

КОРРУПСИЯ РОҲБАРИ АССОТСИАТСИЯРО БА КУРСИИ АЙБДОРӢ НИШОНД

ОДАМКУШӢ. ХУШУНАТИ ОИЛАВИЕ, КИ БО МАРГ АНҶОМ ШУД

ДУЗДӢ. ГУМОНБАР БОЗДОШТ ГАРДИД

Ҷаҳон дар як сатр

РОССИЯ РОҲИ ТАБОБАТИ КОРОНАВИРУСРО ПАЙДО КАРД

ДАР ҚИРҒИЗИСТОН НАХУСТИН БЕМОРОНИ ВИРУСИ НАВ ШИФО ЁФТАНД

ПУТИН ВА ТРАМП МАСОИЛИ COVID-19 ВА НАРХИ НАФТРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ИНДУСТРИЯИ МӮДИ ИТАЛИЯ РӮЗЕ 1,5 МИЛЛИОН НИҚОБИ ТИББӢ ХОҲАД БАРОВАРД

30.03.2020


"АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ"

БӮСТОН. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ САНОАТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед