иҷтимоиёт
БАДАХШОН. ЭҲСОСИ ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН БОЛО МЕРАВАД
23 феврал аз таъсиси артиши миллӣ 27 сол сипарӣ гардид ва бо камоли мамнуният ва боварӣ гуфтан мумкин аст, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат хеле муқтадиранд. Чун ҷилои оина маълум аст, ки қудрати неруҳои амниятӣ ва мудофиавии Тоҷикистони озоду мустақил самараи заҳматҳо, саъю талошҳо, дастгириҳо ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Бисёр хуб аст, ки эҳсоси ватанпарастии ҷавонони Бадахшон низ торафт боло рафта истодааст. Далели ин гуфтаҳо он аст, ки ноҳияҳои Дарвоз, Мурғоб, Ванҷ ва дар маҷмӯъ, вилоят даъвати тирамоҳии наваскаронро ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар соли гузашта пеш аз муҳлат ба иҷро расонданд. Ҳоло аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои деҳот ва комиссариатҳои ҳарбӣ тайёриҳо ба даъвати баҳории сарбозон ба сафҳои артиш хуб рафта истодааст.
Дар як суҳбат узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Дарвоз Саидбурҳон Абдураҳмонзода гуфт, ки ӯ аз он шоду мамнун ва ифтихорманд аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар садҳо нафар ҷавонон баъди хатми Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи кишвар ва мактабҳои олии ҳарбии Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар мамлакатҳо ҳамчун афсар ва прапоршик дар қисмҳои низомии Вазорати мудофиа, Қӯшунҳои сарҳадӣ, дохилӣ ва дигар ниҳодҳои қудратӣ бошарафона хизмат карда истодаанд. Ҳамасола дар мавсими даъвати баҳорӣ ва тирамоҳӣ ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ватан даҳҳо нафар ҷавонони диёр, пайравони Пешвои миллат бо амри дилу қарзи виҷдон ба таври ихтиёрӣ ба хизмати аскарӣ мераванд. Тайи солҳои зиёд аст, ки ноҳияи Дарвоз нақшаи даъвати баҳорӣ ва тирамоҳии наваскаронро ба сафҳои Артиши миллӣ дар вилоят ва ҷумҳурӣ аз ҳама аввал иҷро мекунанд.
Ҳамаи ин аз он далолат мекунад, ки сарбозон расму русум, анъанаҳо, оини ҷавонмардӣ ва меҳанпарастиро, ки аз гузаштагонамон ва собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба мерос гирифтаанд, хуб ба ҷо меоранд. Боиси сарбаландии падару модарон аст, ки ҷавонони бадахшонӣ шабу рӯз дар гӯша ва канорҳои гуногуни мамлакат дар ҳимояи музаффариятҳои истиқлолияти кишвар, амну амонӣ ва осоиштагии шаҳрвандон қарор доранд.
Ҳамчунин дар сартосари Бадахшон ҳамагон аз он ҷиҳат ифтихормандӣ менамоянд, ки мунтазам аз номи фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ, ба унвони дастгоҳи раисони шаҳру ноҳияҳо, комиссариятҳои ҳарбӣ, бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, ҷамоатҳои деҳот ва падару модарон номаҳои миннатдорӣ ва сипосгузорӣ ворид мегарданд.
Мавриди зикр аст, ки масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои деҳот, комиссариатҳои ҳарбӣ, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар арафа ва Рӯзи ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисмҳои низомии дар ҳудуди вилоят ҷойгиршуда рафта, бо сарбозону афсарон вохӯриҳо ташкил менамоянд. Ба муҳофизони марзу буми кишвар туҳфаҳои идона тақдим мекунанд. Аз ҷониби санъаткорон суруду таронаҳои ватанпарастона пешкаш мешаванд.
Хулоса, масъулони шаҳру навоҳии вилоят дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро содиқона ба ҷо оварда истодаанд. Онҳо дар ин ҷаҳони пур аз моҷароҳо, ки гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ аз ниятҳои бадхоҳона ва нангини худ даст накашидаанд, тарбияи ҳарбӣ- ватандӯстии ҷавононро боз ҳам беҳтар кардан доранд. Ҷавонони Боми ҷаҳони тоҷик, пайравони Пешвои миллат чун дигар ҳамсолонашон ҳама вақт ҳушёру зирак, ватандӯсту омодаи хизмати арзанда кардан ба халқу Тоҷикистони биҳиштосоямон мебошанд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.02.2020 №: 39 Мутолиа карданд: 253