Хабарҳо
МЕРКЕЛ ВА МАКРОН БА ПУТИН ХАБАР ДОДАНД, КИ БА ВОХӮРИИ ЯКҶОЯ БО ЭРДУҒОН ТАЙЁРАНД
ТАСС. Намояндаи Девони вазирони Олмон Штеффен Зайберт хабар расонд, ки Канслери Олмон Ангела Меркел, президентҳои Франсия Эммануэл Макрон ва Россия Владимир Путин доир ба вазъияти Идлиб гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд.
Зимни он сарони олмонӣ ва франсузӣ ба ҳамсуҳбати руси худ пешниҳод намуданд, ки барои ҳалли сиёсии қазияти мазкур вохӯрии якҷоя бо Президенти турк Тайип Эрдуғон гузаронанд.
Гуфтугӯи сарони се кишвар баъди он сурат гирифт, ки мухолифини мусаллаҳи Сурия бо дастгирии Туркия ба сипоҳи ҳукуматӣ дар навоҳии ҷанубу шарқии Идлиб ба ҳуҷуми густурда гузашт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1985