logo

порлумон

ШАҲРИНАВ. ОМОДАГИИ ҲАМАҶОНИБА БА МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ

Дар ноҳияи Шаҳринав ҷиҳати дар сатҳи баланд доир намудани маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ  тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Барои интихобкунандагон тамоми шароит муҳайё буда, онҳо имкони воқеӣ доранд, ки ба номзади арзандаи хеш овоз диҳанд.
Комиссияи  ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Шаҳринав № 6 дар бинои шуъбаи маориф ҷойгир буда, дар ҳайати 13 нафар ташкил шудааст. Аъзои комиссияи ҳавзаи интихоботӣ бо бейҷикҳо, маводи конселярӣ, қонуну дастурамалҳо, санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва шароити хуби корӣ  таъминанд.
Дар ин ҳавзаи интихоботӣ 136 ҳазору 523 овоздиҳанда сабти ном шудааст, ки 10 ҳазору 197 нафари онҳо бори аввал дар интихобот иштирок мекунанд.
Тавре раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии Шаҳринав - 6 Мушаррафа Шарифова изҳор дошт, ҳавзаи мазкур аз 70 участка иборат буда, ҳамаи участкаҳо бо маводи иттилоотӣ таъмин карда шудаанд.
Ба ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Шаҳринав 4 нафар номзад ба вакили  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҳизбҳои сиёсӣ ба қайд гирифта шуданд. Тибқи тақвими комиссия, аз 10 то 15 феврал вохӯрии якҷояи номзадҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Шаҳринав, як қисми шаҳри Ҳисор ва як қисмати шаҳри Турсунзода бо аҳли ҷамоатчигӣ, фаъолон, сокинон ва раисони маҳаллаҳо гузаронда шуд.
Дар рафти вохӯриҳо намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, номзадҳо ва шахсони боэътимод ба сухан баромада, ҳозиронро бо ҳаёту фаъолияти номзадҳо ва барномаҳои пешазинтихоботии онҳо шинос намуданд. Интихобкунандагон аз номзадҳо ба саволҳои худ посухҳои амиқу мушаххас гирифтанд.
Иштирокдорони вохӯриҳо бори дигар боварӣ ҳосил намуданд, ки овози онҳо метавонад ҳалкунанда бошад. Пас аз муаррифии номзадҳо, баррасии барномаи кори онҳо, фикру мулоҳиза ва  пешниҳодҳои мардум ба тарафдории номзадҳои арзанда овоз медиҳанд. Дар ин раванд касе набояд ба сарнавишти давлату миллат, ҳимояи марзу буми Ватани аҷдодӣ, пешрафту тараққиёт ва таъмини ояндаи дурахшони он барои наслҳои оянда бетараф бошад. Ширкати фаъолона ва ҳисси масъулият ба он нигаронда шавад, ки ҳар як интихобкунанда қарзи шаҳрвандии худро иҷро намояд.                                                            

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.02.2020    №: 40    Мутолиа карданд: 2900
25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед