logo

Хабарҳо

РОҒУН. АФВШУДАГОН БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН МЕГАРДАНД

Дар шаҳри Роғун ҷиҳати бо ҷойи кор таъмин намудани маҳбусони афвшуда ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии онҳо тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Дар ин хусус ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд.
Тавре ҳамагон иттилоъ доранд, ба муносибати 25-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон 25 октябри соли 2019 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи  афв» ба тавсиб расид ва тибқи он 21 сокини шаҳри Роғун  низ ба озодӣ  баромад.
Музаффар Сулаймонзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр, бо маҳбусони афвшуда мулоқот намуда, барои беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ ва  бо касбу кори доимӣ таъмин шудани онҳо мақомоти шаҳрро вазифадор кард.
- Озодшудагоне, ки дорои маълумоти олӣ ва миёнаи касбӣ мебошанд, аз рӯи ихтисос ба ҶСК НБО  “Роғун”  ба кор ҷалб хоҳанд шуд. Онҳое, ки шуғл ё ягон пеша надоранд, ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд,- иброз медорад Қурбоналӣ Худоёров, сардори шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Роғун. 
Чуноне мавсуф афзуд, дар давраи бекорӣ 19 афвшуда аз кумакпулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бархӯрдор гашта, ба нафароне, ки ба табобат ниёз доштанд, хизмати ройгони тиббӣ расонда шуд.
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 180
02.04.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БО ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКОБОД БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТАНД

САЙЁҲӢ. ТАШКИЛИ 12 ХАТСАЙРИ НАВ

ШИРКАТИ 42 ЛЕГИОНЕР ДАР ЧЕМПИОНАТИ НАВБАТИИ ТОҶИКИСТОН

СУТ РАСМАН ДАР ТОҶИКИСТОН НАБУДАНИ КОРОНАВИРУСРО ТАСДИҚ НАМУД

ГАРДИШИ МОЛ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА КИШВАРҲОИ СҲШ АЗ НИМ МИЛЛИАРД ДОЛЛАР БОЛО РАФТ

АРАБИСТОНИ САУДӢ: "АЗ САФАР БА ҲАҶ ХУДДОРӢ КУНЕД!"

СОКИНИ 101 - СОЛАИ НИДЕРЛАНД АЗ COVID-19 ҶОН БА САЛОМАТ БУРД

Ҷаҳон дар як сатр

01.04.2020


ХАТЛОН. ҶОИЗА БАРОИ МУҲАҚҚИҚОНИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА ДАҚИҚ

СУҒД. БЕШ АЗ 30 КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ОРДУ РАВҒАН

НУФУЗИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ БА МАРҲИЛАИ СИФАТАН НАВ ВОРИД ШУД

«ҚАҲРАМОНИ АБАДӢ - ТЕМУРМАЛИК» ДАР ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ БА ТАБЪ РАСИД

ТОКИО. САНАИ БАРГУЗОРИИ БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ МАЪЛУМ ШУД

ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ЛАХШ

ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ. ИҶРОИ БАРНОМА МУҲОКИМА ГАРДИД

СУТ: 165 ҲАЗОР БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС БА ТОҶИКИСТОН АФЗОРИ ЗАРУРӢ ФИРИСТОД

ДАР УХАН БЕШ АЗ 60 БЕМОРХОНА БА НИЗОМИ МУҚАРРАРИИ ФАЪОЛИЯТ БАРГАШТ

ТАБИБОНИ ОЛМОНӢ 16 ҲАЗОР БЕМОРРО АЗ КОРОНАВИРУС НАҶОТ ДОДАНД

ПУТИН ВА ТРАМП НАРХИ КУНУНИИ НАФТРО БА МАНФИАТИ ДУ КИШВАР СОЗГОР НАМЕШУМОРАНД

ДАР ТУРКМАНИСТОН ИСТИФОДАИ КАЛИМАИ КОРОНАВИРУС МАНЪ ГАШТ

Ҷаҳон дар як сатр

31.03.2020


РОҒУН. ВАРЗИШ РӮ БА РУШД ДОРАД

КОРРУПСИЯ РОҲБАРИ АССОТСИАТСИЯРО БА КУРСИИ АЙБДОРӢ НИШОНД

ОДАМКУШӢ. ХУШУНАТИ ОИЛАВИЕ, КИ БО МАРГ АНҶОМ ШУД

ДУЗДӢ. ГУМОНБАР БОЗДОШТ ГАРДИД

Ҷаҳон дар як сатр

РОССИЯ РОҲИ ТАБОБАТИ КОРОНАВИРУСРО ПАЙДО КАРД

ДАР ҚИРҒИЗИСТОН НАХУСТИН БЕМОРОНИ ВИРУСИ НАВ ШИФО ЁФТАНД

ПУТИН ВА ТРАМП МАСОИЛИ COVID-19 ВА НАРХИ НАФТРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ИНДУСТРИЯИ МӮДИ ИТАЛИЯ РӮЗЕ 1,5 МИЛЛИОН НИҚОБИ ТИББӢ ХОҲАД БАРОВАРД

30.03.2020


"АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ"

БӮСТОН. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ САНОАТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед