logo

Хабарҳо

ГАРДИШИ МОЛ. ТАНОСУБИ СОДИРОТ НАЗАР БА ВОРИДОТ АФЗУД

Тибқи иттилои Хадамоти гумрук, соли 2019 гардиши тиҷорати хориҷӣ ба 4 миллиарду 443,6 миллион доллар расид, ки нисбат ба соли сипаришуда 224 миллион доллар зиёд мебошад. Аз ин шумора беш аз 3 миллиарду 328 миллион доллар ба воридот ва 1 миллиарду 116 миллион доллар ба содирот рост омада,  афзоиш мутаносибан 6 ва 4 дарсадро ташкил дод.
Соли 2019 Тоҷикистон бо 116 кишвар гардиши мол намуда, ба бозори беруна 81 номгӯи маҳсулот баровард. Маҳсулоти ватанӣ, асосан, ба Туркия, Ӯзбекистон, Шветсария, Қазоқистон, Хитой, Россия, Афғонистон, Белгия ва Эрон содир гардид. Дар ин давра, содироти маъдану консентратҳо, алюминий, нахи пахта, семент, ресмони пахтагин ва меваю сабзавот нисбат ба соли қаблӣ афзуд. Вале аз сабаби поён рафтани нархи алюминий ва нахи пахта дар биржаи ҷаҳонӣ, танҳо аз ҳисоби нахи пахта ба буҷети давлатӣ 25 миллион сомонӣ кам ворид гашт.
Ҳамчунин, аз Россия, Қазоқистон, Хитой, Туркия, Ҷопон, Олмон, Покистон ва Украина ба ҷумҳурӣ 97 номгӯи мол, аз қабили маҳсулоти нафтӣ, гандум, гази моеъ, нақлиёти сабукрав, оксиди алюминий, равғани рустанӣ, шакар, чӯбу тахта ва гӯшти мурғ ворид шуд. Бо андешидани тадбирҳо ҷиҳати саноатикунонии соҳаҳои истеҳсолӣ ва дастгирии истеҳсолгарони ватанӣ нисбат ба соли пеш воридоти як қатор молҳо, аз ҷумла гӯшти мурғ 12, маҳсулоти қаннодӣ аз шакар ва қаннодии какаодор 4, аз санг, гаҷ, асзбест 18, семент 47, шарбати меваю сабзавот 13, оби ҷав 38 ва трансформатор 16 дарсад, коҳиш ёфт.
Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 560
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед