logo

Хабарҳо

ГӮШТӢ. МУСОБИҚАИ ИНТИХОБИИ ОЛИМПӢ ДАР БИШКЕК ДОИР МЕШАВАД

Тибқи қарори Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштӣ (United World Wrestling), мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба гӯштии тарзи озод 27 – 29 марти соли равон  дар пойтахти Ҷумҳурии Қирғизистон – шаҳри Бишкек доир мегардад. Дар ин бора сомонаи иттиҳод иттилоъ медиҳад.
Ин мусобиқа бояд дар шаҳри Сяни Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегашт, аммо бар асари хуруҷи коронавирус аз ҷониби Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштӣ чунин тасмим гирифта шуд.
- Иваз кардани ҷои баргузории мусобиқа дар муҳлати хеле кӯтоҳ дуруст нест, вале саломатии варзишгарон авлавият дорад. Мо бояд барои иштироки ҳамаи варзишгарон имконият фароҳам оварем, - иброз намуд президенти United World Wrestling Ненад Лалович.
«Дар ин мусобиқа варзишгароне, ки, аллакай, роҳхати бозиҳои олимпиро ба даст овардаанд, иштирок намекунанд. Дар ҳар категорияи вазнӣ дуроҳхатӣ дода мешавад. Ҳамчунин, варзишгарон дар мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ, ки аз 30 апрел то 3 май дар шаҳри София (Булғористон) доир мегардад, барои соҳиб шудани роҳхати Бозиҳои олимпии Токио – 2020 талош мекунанд. Дар ин мусобиқа низ гӯштигирон барои ба даст овардани ду роҳхат дар ҳар вазн рақобат хоҳанд кард», - навиштааст манбаъ.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 154
02.04.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БО ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКОБОД БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТАНД

САЙЁҲӢ. ТАШКИЛИ 12 ХАТСАЙРИ НАВ

ШИРКАТИ 42 ЛЕГИОНЕР ДАР ЧЕМПИОНАТИ НАВБАТИИ ТОҶИКИСТОН

СУТ РАСМАН ДАР ТОҶИКИСТОН НАБУДАНИ КОРОНАВИРУСРО ТАСДИҚ НАМУД

ГАРДИШИ МОЛ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА КИШВАРҲОИ СҲШ АЗ НИМ МИЛЛИАРД ДОЛЛАР БОЛО РАФТ

АРАБИСТОНИ САУДӢ: "АЗ САФАР БА ҲАҶ ХУДДОРӢ КУНЕД!"

СОКИНИ 101 - СОЛАИ НИДЕРЛАНД АЗ COVID-19 ҶОН БА САЛОМАТ БУРД

Ҷаҳон дар як сатр

01.04.2020


ХАТЛОН. ҶОИЗА БАРОИ МУҲАҚҚИҚОНИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА ДАҚИҚ

СУҒД. БЕШ АЗ 30 КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ОРДУ РАВҒАН

НУФУЗИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ БА МАРҲИЛАИ СИФАТАН НАВ ВОРИД ШУД

«ҚАҲРАМОНИ АБАДӢ - ТЕМУРМАЛИК» ДАР ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ БА ТАБЪ РАСИД

ТОКИО. САНАИ БАРГУЗОРИИ БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ МАЪЛУМ ШУД

ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ЛАХШ

ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ. ИҶРОИ БАРНОМА МУҲОКИМА ГАРДИД

СУТ: 165 ҲАЗОР БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС БА ТОҶИКИСТОН АФЗОРИ ЗАРУРӢ ФИРИСТОД

ДАР УХАН БЕШ АЗ 60 БЕМОРХОНА БА НИЗОМИ МУҚАРРАРИИ ФАЪОЛИЯТ БАРГАШТ

ТАБИБОНИ ОЛМОНӢ 16 ҲАЗОР БЕМОРРО АЗ КОРОНАВИРУС НАҶОТ ДОДАНД

ПУТИН ВА ТРАМП НАРХИ КУНУНИИ НАФТРО БА МАНФИАТИ ДУ КИШВАР СОЗГОР НАМЕШУМОРАНД

ДАР ТУРКМАНИСТОН ИСТИФОДАИ КАЛИМАИ КОРОНАВИРУС МАНЪ ГАШТ

Ҷаҳон дар як сатр

31.03.2020


РОҒУН. ВАРЗИШ РӮ БА РУШД ДОРАД

КОРРУПСИЯ РОҲБАРИ АССОТСИАТСИЯРО БА КУРСИИ АЙБДОРӢ НИШОНД

ОДАМКУШӢ. ХУШУНАТИ ОИЛАВИЕ, КИ БО МАРГ АНҶОМ ШУД

ДУЗДӢ. ГУМОНБАР БОЗДОШТ ГАРДИД

Ҷаҳон дар як сатр

РОССИЯ РОҲИ ТАБОБАТИ КОРОНАВИРУСРО ПАЙДО КАРД

ДАР ҚИРҒИЗИСТОН НАХУСТИН БЕМОРОНИ ВИРУСИ НАВ ШИФО ЁФТАНД

ПУТИН ВА ТРАМП МАСОИЛИ COVID-19 ВА НАРХИ НАФТРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ИНДУСТРИЯИ МӮДИ ИТАЛИЯ РӮЗЕ 1,5 МИЛЛИОН НИҚОБИ ТИББӢ ХОҲАД БАРОВАРД

30.03.2020


"АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ"

БӮСТОН. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ САНОАТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед