logo

Хабарҳо

МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ МАЛАХ. ҶАЛАСАИ СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Бо иштироки намояндагони вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, клуби миллии ҳавопаймоии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа, Агентии хоҷагии ҷангал, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони хориҷӣ, роҳбарони намояндагии созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон, агентии Ҷопон оид ба масъалаҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон ва сардорони сарраёсат ва раёсатҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, намояндагони филиалҳои назди МД «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах», МД «Муҳофизати рустаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ» ва кормандони масъули дастгоҳи марказии Вазорати кишоварзӣ ҷаласаи ситоди доимоамалкунандаи ҷумҳуриявии муҳофизати рустаниҳо, мубориза бар зидди малах ва дигар зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ доир гардид.
Амонулло Салимзода, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз дошт, ки рушди соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо маводи озуқаворӣ, ғанӣ гардондани сабади истеъмолӣ ва афзун гардондани имкониятҳои содиротии маҳсулоти босифат мавқеи бузургро ишғол менамояд. Яке аз омилҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ин чораҳои пешгирии саривақтӣ аз ҳар гуна касаливу ҳашароти зараррасон мебошад. Соли сипаригардида мутахассисони вазорат ва зерсохторҳои он тавонистанд, ки бо истифода аз техникаву таҷҳизоти муосир дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пайваста муҳофизати рустаниҳо ва пешгирӣ аз касаливу ҳашароти зараррасонро идома дода, зироатҳои кишоварзиро аз зараррасонҳо ва нобудшавӣ эмин нигоҳ доранд.
С. Хайридинов, сардори муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах», доир ба корҳои иҷрогардида дар соли гузашта ба иштирокчиён маълумоти муфассал пешниҳод намуда, барои дастгирии ҳамаҷониба ҷиҳати пешгирии саривақтии паҳншавии малах ва зарари он ба зироатҳои кишоварзӣ, боғу токзор ва чарогоҳҳо ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ҳозирин изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Аҳмадҷон Қодиров, сардори МД «Муҳофизати рустаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ», иброз дошт, ки дар ин давра якҷо бо мутахассисону олимони соҳа барои нест кардани зараррасонҳои боғу токзор ва майдони зироатҳои кишоварзӣ ҷиҳати пешгирии пайдошавӣ ва паҳншавии зараррасонҳо чораҳои пешгирикунанда (бо роҳҳои агротехникӣ, механикӣ, кимиёвӣ ва биологӣ) дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар майдони умумии 158937 гектар боғ ва 38109 гектар токзор  корҳои коркарди байни қаторҳо, башаклдарорӣ, яхобмонӣ ва коркарди кимёвӣ гузаронда шуд, ки ин усул барои кам шудани пайдоиши  ҳашароти зараррасон мусоидат намуд.
Вазири кишоварзӣ ба аъзоёни ситод ва масъулини соҳа супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуд, ки  бо сабаби камии боришоти барф дар  фаслҳои тирамоҳ ва зимистони имсола нисбат ба солҳои қаблӣ, пайдоиши касаливу ҳашароти зараррасон, бахусус ҳашароти зиёновар – малах, аз эҳтимол дур нест. Аз ин рӯ, моро лозим аст, ки ҳар чи бештар мубориза бар зидди касаливу ҳашароти зараррасонро хуб ба роҳ монда, барои пешгирии паҳншавии онҳо дар ҷумҳурӣ тамоми чораҳои заруриро андешем, то ки меҳнати бо ранҷ парваридаи кишоварзонро аз зараррасонҳо эмин нигоҳ дорем.
Дар интиҳои ҷаласа як зумра пешқадамони соҳа барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Вазорати кишоварзӣ қадрдонӣ шуданд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 519
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед