logo

Хабарҳо

"ИШҚИ МИНӮӢ" - И КАМОЛ БО ЗАБОНИ ОЛМОНӢ

Чанде пеш дар шаҳри Хуҷанд китоби тарҷумаи ғазалҳои Камоли Хуҷандӣ ба забони олмонӣ таҳти унвони «Ишқи минӯӣ»  («Augenblicke der himmlischen liebe») ба нашр расид. Тарҷумон Александр Ҳейзер (Alexander Heizer) ва муҳарриру мусаҳҳеҳ Каролла Ҷурҳот (Carola Jurhott) мебошанд.
Китоб якҷо бо матни ғазалҳои тоҷикӣ интишор ёфт. Муҳаррири ғазалҳои тоҷикӣ доктори илми филология, профессор Матлубаи Мирзоюнус буда, ба китоб сарсухан ҳам навиштааст. Бино ба гуфтаи Матлубаи Мирзоюнус, мӯъҷазбаёнӣ, маҳорати сухангустарӣ, маънисозӣ ва мазмунпардозӣ, лутфу зарофат, бозии сухан, таносуби овоӣ, пурмаъноӣ ва мазомини дугуна ғазалҳои Камоли Хуҷандиро мумтоз мекунанд. «Мӯъҷазбаёнии шоирро дар маҳорати ифодаи зебову мухтасар ва равшану фаҳмои матлаб, инчунин, дар шумораи начандон зиёди абёти ғазалҳо метавон ба мушоҳида гирифт. Беҳуда нест, ки муҳаққиқон дар бораи «саҳли мумтанеъ» - содагии дастнораси ашъори ӯ изҳори назар кардаанд. Ағлаби ғазалҳои шоир аз ҳафт байт иборат буда, гоҳе шумори абёт шаш, панҷ ва ҳатто чаҳор байтро ташкил медиҳад. Ба ин хотир, ошиқи забони ноби тоҷикӣ Александ Ҳейзер қарор дод, то чанд намуна аз ғазалҳои шоирро ба олмонӣ тарҷума кунад. Ҳосили заҳматҳои ӯ китоби «Ишқи минӯӣ» аст, - ибрози назар намудааст муҳаққиқ.
Ёдовар мешавем, ки ин оғози кор аст. Ҳоло ба ифтихори 700 - солагии Камоли Хуҷандӣ, ки имсол бо қарори ЮНЕСКО дар Тоҷикистон таҷлил мегардад, як силсилаи ғазалҳои шоир ба забонҳои англисиву русӣ ва чинӣ тарҷума шуда истодаанд.

Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 159
02.04.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БО ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКОБОД БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТАНД

САЙЁҲӢ. ТАШКИЛИ 12 ХАТСАЙРИ НАВ

ШИРКАТИ 42 ЛЕГИОНЕР ДАР ЧЕМПИОНАТИ НАВБАТИИ ТОҶИКИСТОН

СУТ РАСМАН ДАР ТОҶИКИСТОН НАБУДАНИ КОРОНАВИРУСРО ТАСДИҚ НАМУД

ГАРДИШИ МОЛ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА КИШВАРҲОИ СҲШ АЗ НИМ МИЛЛИАРД ДОЛЛАР БОЛО РАФТ

АРАБИСТОНИ САУДӢ: "АЗ САФАР БА ҲАҶ ХУДДОРӢ КУНЕД!"

СОКИНИ 101 - СОЛАИ НИДЕРЛАНД АЗ COVID-19 ҶОН БА САЛОМАТ БУРД

Ҷаҳон дар як сатр

01.04.2020


ХАТЛОН. ҶОИЗА БАРОИ МУҲАҚҚИҚОНИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА ДАҚИҚ

СУҒД. БЕШ АЗ 30 КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ОРДУ РАВҒАН

НУФУЗИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ БА МАРҲИЛАИ СИФАТАН НАВ ВОРИД ШУД

«ҚАҲРАМОНИ АБАДӢ - ТЕМУРМАЛИК» ДАР ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ БА ТАБЪ РАСИД

ТОКИО. САНАИ БАРГУЗОРИИ БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ МАЪЛУМ ШУД

ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ЛАХШ

ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ. ИҶРОИ БАРНОМА МУҲОКИМА ГАРДИД

СУТ: 165 ҲАЗОР БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС БА ТОҶИКИСТОН АФЗОРИ ЗАРУРӢ ФИРИСТОД

ДАР УХАН БЕШ АЗ 60 БЕМОРХОНА БА НИЗОМИ МУҚАРРАРИИ ФАЪОЛИЯТ БАРГАШТ

ТАБИБОНИ ОЛМОНӢ 16 ҲАЗОР БЕМОРРО АЗ КОРОНАВИРУС НАҶОТ ДОДАНД

ПУТИН ВА ТРАМП НАРХИ КУНУНИИ НАФТРО БА МАНФИАТИ ДУ КИШВАР СОЗГОР НАМЕШУМОРАНД

ДАР ТУРКМАНИСТОН ИСТИФОДАИ КАЛИМАИ КОРОНАВИРУС МАНЪ ГАШТ

Ҷаҳон дар як сатр

31.03.2020


РОҒУН. ВАРЗИШ РӮ БА РУШД ДОРАД

КОРРУПСИЯ РОҲБАРИ АССОТСИАТСИЯРО БА КУРСИИ АЙБДОРӢ НИШОНД

ОДАМКУШӢ. ХУШУНАТИ ОИЛАВИЕ, КИ БО МАРГ АНҶОМ ШУД

ДУЗДӢ. ГУМОНБАР БОЗДОШТ ГАРДИД

Ҷаҳон дар як сатр

РОССИЯ РОҲИ ТАБОБАТИ КОРОНАВИРУСРО ПАЙДО КАРД

ДАР ҚИРҒИЗИСТОН НАХУСТИН БЕМОРОНИ ВИРУСИ НАВ ШИФО ЁФТАНД

ПУТИН ВА ТРАМП МАСОИЛИ COVID-19 ВА НАРХИ НАФТРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ИНДУСТРИЯИ МӮДИ ИТАЛИЯ РӮЗЕ 1,5 МИЛЛИОН НИҚОБИ ТИББӢ ХОҲАД БАРОВАРД

30.03.2020


"АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ"

БӮСТОН. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ САНОАТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед