logo

Хабарҳо

ВАҲДАТ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

Дар шаҳри Ваҳдат барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаштани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва Маҷлиси вакилони халқи шаҳр омодагиҳо идома доранд.

Холмаҳмад Тӯразода, раиси комиссияи ҳавзаи якмандатии Ваҳдат № 10, дар суҳбат бо хабарнигори “Ҷумҳурият” иброз дошт, ки дар ҳудуди ҳавза 79 участкаи интихоботӣ ташкил шудааст.
Тибқи нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёрӣ ва гузарондани интихобот, бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи ҳавзави якмандатии интихоботии Ваҳдат № 10 дар ҳайати 9 нафар тасдиқ гашт. Аз тарафи комиссияҳои участкавӣ тамоми масъалаҳои вобаста ба интихоботи дарпешистода мавриди ҳаллу фасл қарор дошта, корҳо тибқи талаботи қонунгузорӣ ҷараён доранд. Ҳамаи комиссияҳои участкавӣ бо маводи зарурӣ таъминанд,- гуфт   Холмаҳмад Тӯразода.
Дар ҳавзаи якмандатии Ваҳдат № 10 Ҷамшед Муртазозода (Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон), Гулнора Холова (Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон), Мирзо Яқубов (худпешбарӣ) ва Салоҳиддин Ниъматов (худпешбарӣ)  ҳамчун номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба қайд гирифта шуданд.
Барои гузарондани интихоботи вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳр бошад, 40 ҳавза (98 участка)  таъсис ёфта, дар он 86 нафар ба ҳайси номзад ба вакилӣ сабт гашт.
Ҳоло бо мақсади ба аҳолӣ фаҳмондани моҳияти интихобот ва нуқтаҳои асосии қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» аъзои комиссияҳо дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҳифзи ҳуқуқ дар маҳалҳои аҳолинишин вохӯриҳо доир намуда истодаанд.
З. РАҶАБ,  “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 184
02.04.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БО ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКОБОД БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТАНД

САЙЁҲӢ. ТАШКИЛИ 12 ХАТСАЙРИ НАВ

ШИРКАТИ 42 ЛЕГИОНЕР ДАР ЧЕМПИОНАТИ НАВБАТИИ ТОҶИКИСТОН

СУТ РАСМАН ДАР ТОҶИКИСТОН НАБУДАНИ КОРОНАВИРУСРО ТАСДИҚ НАМУД

ГАРДИШИ МОЛ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА КИШВАРҲОИ СҲШ АЗ НИМ МИЛЛИАРД ДОЛЛАР БОЛО РАФТ

АРАБИСТОНИ САУДӢ: "АЗ САФАР БА ҲАҶ ХУДДОРӢ КУНЕД!"

СОКИНИ 101 - СОЛАИ НИДЕРЛАНД АЗ COVID-19 ҶОН БА САЛОМАТ БУРД

Ҷаҳон дар як сатр

01.04.2020


ХАТЛОН. ҶОИЗА БАРОИ МУҲАҚҚИҚОНИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА ДАҚИҚ

СУҒД. БЕШ АЗ 30 КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ОРДУ РАВҒАН

НУФУЗИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ БА МАРҲИЛАИ СИФАТАН НАВ ВОРИД ШУД

«ҚАҲРАМОНИ АБАДӢ - ТЕМУРМАЛИК» ДАР ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ БА ТАБЪ РАСИД

ТОКИО. САНАИ БАРГУЗОРИИ БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ МАЪЛУМ ШУД

ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ЛАХШ

ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ. ИҶРОИ БАРНОМА МУҲОКИМА ГАРДИД

СУТ: 165 ҲАЗОР БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС БА ТОҶИКИСТОН АФЗОРИ ЗАРУРӢ ФИРИСТОД

ДАР УХАН БЕШ АЗ 60 БЕМОРХОНА БА НИЗОМИ МУҚАРРАРИИ ФАЪОЛИЯТ БАРГАШТ

ТАБИБОНИ ОЛМОНӢ 16 ҲАЗОР БЕМОРРО АЗ КОРОНАВИРУС НАҶОТ ДОДАНД

ПУТИН ВА ТРАМП НАРХИ КУНУНИИ НАФТРО БА МАНФИАТИ ДУ КИШВАР СОЗГОР НАМЕШУМОРАНД

ДАР ТУРКМАНИСТОН ИСТИФОДАИ КАЛИМАИ КОРОНАВИРУС МАНЪ ГАШТ

Ҷаҳон дар як сатр

31.03.2020


РОҒУН. ВАРЗИШ РӮ БА РУШД ДОРАД

КОРРУПСИЯ РОҲБАРИ АССОТСИАТСИЯРО БА КУРСИИ АЙБДОРӢ НИШОНД

ОДАМКУШӢ. ХУШУНАТИ ОИЛАВИЕ, КИ БО МАРГ АНҶОМ ШУД

ДУЗДӢ. ГУМОНБАР БОЗДОШТ ГАРДИД

Ҷаҳон дар як сатр

РОССИЯ РОҲИ ТАБОБАТИ КОРОНАВИРУСРО ПАЙДО КАРД

ДАР ҚИРҒИЗИСТОН НАХУСТИН БЕМОРОНИ ВИРУСИ НАВ ШИФО ЁФТАНД

ПУТИН ВА ТРАМП МАСОИЛИ COVID-19 ВА НАРХИ НАФТРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ИНДУСТРИЯИ МӮДИ ИТАЛИЯ РӮЗЕ 1,5 МИЛЛИОН НИҚОБИ ТИББӢ ХОҲАД БАРОВАРД

30.03.2020


"АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ"

БӮСТОН. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ САНОАТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед