logo

порлумон

ИНТИХОБОТ ШАКЛИ ОЛИИ ИЗҲОРИ ИРОДА

Интихобот ва раъйпурсӣ шакли олии изҳори иродаи халқ аст.  Халқ чун сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ дар интихобот иродаи худро бевосита изҳор мекунад. Ба сохти идораи давлати демократӣ интихоботи озодона хос аст ва моҳияти демократии давлат низ рӯи ҳамин поя қарор дорад. Интихоботи ошкорову озодонае, ки шаффоф ва дар чаҳорчӯби муайянкардаи қонун барпо мегардад,  воситаи асосии амалӣ гардондани соҳибихтиёрии халқу миллат  мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар арафаи интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ қарор дорад, ин масъаларо дурусту дақиқ ва бо тамоми масъулият ба роҳ мондааст. Омодагиҳо дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, ҳизбҳои сиёсӣ низ машғули таблиғи барномаҳои пешазинтихоботӣ ва намояндагони худ ҳастанд. Аз таҷрибаҳои гузашта маълум аст, ки ҳар фарде, ки ба боварии халқ сазовор гардидааст, халқ  ӯро новобаста ба намояндаи кадом ҳизби сиёсӣ буданаш ҳамчун вакили худ интихоб хоҳад кард.
Яке аз воситаҳои ба таври демократӣ гузарондани  интихобот ба тарзи бисёрҳизбӣ ташкил кардан ва анҷом додани он аст. Имрӯз дар ҷомеаи мо, ба ҳар ҳизби сиёсӣ имконияти баробар дода шудааст, то ки дар ҳамаи давраҳои маъракаи интихобот намояндагони онҳо фаъолона иштирок карда тавонанд. Интихоботи бисёрҳизбӣ бояд дар шароити ҳақиқии муборизаи солимонаи байни номзадҳо сурат гирифта, шаҳрвандон имконияти воқеии шинос шудан ба барномаи номзадҳоро дошта бошанд. Васоити ахбори омма ҳам ба  ҳамаи номзадҳо ва аҳзоби сиёсии расман сабтиномшуда имкон додааст, то барномаҳои пешазинтихоботии худро дар шароити баробарӣ ташвиқу тарғиб намоянд.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои соҳавӣ вобаста ба интихобот ҳуқуқи баробари интихоб кардан ва интихоб шудан кафолат дода шудааст. Ин аст, ки дар ин маъракаи интихобот низ чун интихоботҳои қаблии баргузоршуда, дар баробари мардҳо теъдоди зиёди занон  низ номзадии худро ба вакилӣ пешниҳод намудаанд.
Бояд ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулияти баланд дарк намояд,  ки иштироки ӯ дар маъракаи  интихоботӣ нақши муҳим  мебозад.  Аз ин рӯ, ҳар фарде, ки ҳуқуқи иштирок дар овоздиҳиро дорад, бояд барои интихоби номзадҳои шоиста мусоидат кунад ва ба ин васила дар таҳияи заминаи рушду шукуфои минбаъдаи кишвар саҳми арзандаи худро гузорад.

Мирсаид РАҲМОНОВ, ходими калони илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.02.2020    №: 42    Мутолиа карданд: 2987
25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед