logo

порлумон

ИНТИХОБОТ. АЗ ПРИНСИПИ ҶОМЕАИ ДЕМОКРАТӢ ТО ИФОДАИ ИРОДАИ ХАЛҚ

То рӯзи баргузории интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ рӯзҳои башумор монданд. Рафти омодагӣ ва таваҷҷуҳи шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ аз ҳоло баёнгари он аст, ки интихобот дар сатҳи баланд, бо низом, иштироки фаъолонаи интихобкунандагон ва озоду шаффоф доир хоҳад шуд.

Воқеан, интихобот аз ҷумлаи падидаҳоест, ки дар он талаботу манфиатҳои ҷомеа ифода меёбанд. Ин дар ҳолест, ки омӯзиши сарчашмаҳои таърихӣ, рисолаҳои арзишманди илмӣ далолат бар он доранд, ки интихобот яке аз қадимтарин унсурҳои ҷомеаи башарӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳамагуна ҷомеаҳо халқ ба воситаи он мақсаду мароми худро амалӣ намуда, дар идораи давлат саҳм мегузорад. Ҳарчанд интихобот дар шаклу навъҳои гуногун ба зуҳур омодааст, вале ин падида, ҳамчун унсури муҳими сиёсӣ дар ҷомеаҳои демократӣ ба таври зарурӣ шакл гирифта, усул ва вазифаҳои вижаи худро соҳиб гардидааст.
Дар моддаи 6 - и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти интихобот ва нақши он дар ташаккул ва амалигардонии ҳокимият чунин тафсир мешавад: “Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст”. Яъне, нақши интихобот ҳамчун восита дар воқеӣ гардидани ҳокимияти халқ басо назаррас аст.
Аҳамияти интихоботи қарибулвуқӯъ дар он зоҳир мегардад, ки ба воситаи он яке аз шохаҳои асосии ҳокимияти давлатӣ – қонунгузорӣ ташаккул меёбад. Ин дар ҳолест, ки боби сеюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бахшида шуда, маҳз фаъолияти самаранок ва бомароми он заминаҳои боэътимоди ҳуқуқиву ташкилии фаъолияти муназзами тамоми рукнҳои муҳими давлатдориро фароҳам меорад.
Тавре маълум аст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ сарчашмаи ягона ва асосии ҳокимият халқ ба ҳисоб меравад. Дар чунин ҳолат интихобот воситае мегардад, ки халқ метавонад, ҳокимиятро бо роҳи интихоб намудани номзадҳои мувофиқ ташкил, ҳамзамон, фаъолияти онҳоро назорат намояд. Гузашта аз ин, имконият фароҳам мегардад, ки шаҳрвандон манфиатҳои худро дар симои номзади арзанда бо манфиатҳои миллӣ ҳамоҳанг созанд. Аз ин рӯ, интихоби дуруст дар ин самт заминаи устувори ҳамагуна пешравиҳо хоҳад буд. Зимнан, шаҳрвандоне, ки ҳуқуқи иштирок дар интихоботро доранд, бояд дарк намоянд, ки бетарафӣ дар интихобот амали манфӣ буда, амалигардии ҳокимияти худи онҳоро зери суол мебарад. Пас, зарур аст, ки ҳамаи шаҳрвандони дорои ҳуқуқи раъйдиҳӣ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона иштирок намуда, мавқеи худро дар интихоби вакилон муайян созанд ва ба ин васила дар пешрафту шукуфоии Ватани азиз саҳми худро гузоранд.

Зайнулло САОДАТОВ, иҷрочии калони хадамоти иҷро
дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.02.2020    №: 42    Мутолиа карданд: 2940
25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед